Ғизонокгардонии маҳсулоти озуқа дар Душанбе матраҳ гардид

Март 10, 2016 14:41

Душанбе, 10.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Мувофиқи омори мавҷуда Тоҷикистон ба мушкилоти норасоии микроэлементҳои кислотаи фолиёвӣ дар ғизо рӯ ба рӯ шудааст: 24% занони синни қобили таваллуд ва 29% кӯдакони то панҷсола аз камхунӣ азият мекашанд. Ҳолати мазкур ва норасоии дигар микроэлементҳо барои солимӣ ва рушди иқтисодии кишвар аз пайомадҳои манфӣ дарак медиҳад». Ин матлаб зимни семинари интерактивӣ, ки дар мавзӯи «Таҳлили хароҷот ва фоидаи ғизонокгардонии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид, зикр шуд. Дар семинар, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва дигар идораю кумитаҳои марбутаи мамлакат штирок доштанд, масъалаҳои вобаста ба ғизонокгардонии маҳсулоти озуқа дар кишвар матраҳ гардиданд.
Хайринисо Юсуфӣ — муовини раиси Маҷлиси намояндагон дар нишаст зикр кард, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар зикр шудааст, ки бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/беш аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард.
Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд. Маблағи пасандозҳо дар давоми сол 9 миллиард сомонӣ ё 35 фоиз афзуд. Нишондиҳандаҳои зикршуда ба идома пайдо кардани тамоюли беҳтар гардидани вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ мусоидат намуданд, ки дар натиҷа дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид ва шумораи фавти модарону кӯдакон нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфт. Нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд дар панҷ соли охир 1,6 баробар ва фавти кӯдакон 2,5 баробар кам шудааст.»
Зикр шуд, ки бо мақсади тақвияти корҳо барои расидан ба ҳадафҳои афзалиятнок ва муайян намудани дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2030» таҳия гардида истодааст, ки яке аз се ҳадафи миллии рушди Тоҷикистон ин таъмини амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат аст.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ҳамкориро дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии махсулоти кишоварзӣ, беҳдошти саломатӣ ва сифати ғизо, таъмини озуқаворӣ ба роҳ мондааст. Соли 2014 бо дастгирии USAID, Алянси ҷаҳонӣ барои беҳдошти ғизо (GAIN) бо фароҳам овардани шароити мусоид барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз намуд. Ҳадафи он беҳтар намудани таъминоти ғизо барои занон ва кӯдакон аз оилаҳои осебпазир аст. Инчунин дар ҳамоиш зикр шуд, ки ҳукумати кишвар ва дигар вазорату идораҳои марбута барои истифодаи ғанигардонии орди гандум ҳамчун воситаи ҳалли масъалаи норасоии оҳан ва кислотаи фолиёвӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Март 10, 2016 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши сусти борон ба амал меояд
Дар Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ дар мавзуи «Пешвоёни сиёсӣ ва таъсири онҳо дар ҳифзи сулҳ» конференсия доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Ширкати «Благо Труд» ба мутахассисон аз Тоҷикистон ниёз дорад
Мактабҳои Тоҷикистон соли 2025 дар низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамоянд
Дар Душанбе мубориза ба муқобили ҳашароти занбуруғӣ пурзӯр мегардад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Файзобод оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода машқи зернизомӣ гузаронида шуд
РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД. Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хонандагонро ба машғулияти гуногун фаро мегирад
Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»