С. Наботов: Вориси асосӣ ва бозтобкунандаи ҷашни қадимаи Наврӯз Эмомалӣ Раҳмон аст!

Март 17, 2016 14:24

Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Хурсандиовар аст, ки шукӯҳу шаҳомати Наврӯз дар сарзамини мо рӯнамоӣ мешавад ва натиҷаи талошҳои андешамандони солҳои охир низ кишвари озоду ягонаи тоҷиконро сарварӣ доштани тоҷики асил сабаб шуда, то арзиши модари ҷашнҳо –Наврӯзи озодагон барои ҳамфаҳмии мардумон ва кишварҳо равона гардад. Аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ боз намудани Наврӯзи ниёгонамон мояи ифтихорамон аст, ки аз ифтихормандӣ ҳангоми фаро гирифтани ин ҳис вуҷуди касро ашки шодӣ беандоза фарогир мешавад. Иқдомоти ҷаҳонӣ шудани Наврӯзи хуҷаста дар арсаи ҷаҳони мутамаддин бо  шарофат ва ташабуси беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи даст омад.

Замоне ҳам буд, ки мехостанд бо баҳонаи диноварӣ Наврӯзро чун арзишҳои дигари мардуми таҳҷоӣ зери по кунанд, вале асилони миллат  ҳушмандӣ карда, ба он обуранг ва ҷилои мусалмонӣ дода, аз нобудӣ раҳоӣ бахшиданд. Тавре ки нотавонбинони дохилии мазҳабтарошу хурофотии имрӯза низ инро мехостанд, аммо ибтикори пешгирифтаи Роҳбари давлат монеи ин хурофотпарастии онҳо шуд. Онҳо тавонистанд ба тозиён ва мутаассибон, ки Наврӯзро ҷашни мункирони дин ҳисобида буданд, исбот кунанд, ки Наврӯз рӯзи ба дунё омадани Одам алайҳи салом аст. Ба таъкиди донишманди саршиноси тоҷик Зафар Мирзоён онҳо пиндорҳои зардуштии  дар шаш рӯз бино ёфтани дунёро аз тарафи Аҳурамаздо, ба ояҳои Қуръони маҷид (сураи 7,  ояи 54-«Ал Аъроф»   ва сураи 10 ояи 3- Йунус; Инна раббакум аллоҳулази халақас-самовоти  вал арза фи ситати айёмин», яъне  парвардигори шумо худоест, осмону заминро дар шаш рӯз офарид.), созгор намуда, нагузоштанд то ин ҷашни бузурги иронинажодон хору ҳақир гардад.

Ва дар солҳои замони шӯравӣ низ андешамандон вижагиҳои ориёии онро ниҳон дошта, Наврӯзро чун ҷашни оғози киштукори баҳорӣ, ҷашни деҳқон ва навзоии табиат намоёнданд, то он аз нав зода шуда, пойдор бимонад.

Донишмандони олиунвон то ҷое тавон доштанд, сайъ карданд мартабадорони давлативу фарҳангиро водор кунанд, ки Наврӯз фаротар аз иди баҳору  фасли кишту кор аст ва нигоҳи худро барои бозёфти арзишҳои фаромӯшшудаи он пешниҳод намуданд. Он чи шоёни зикр аст, ин аст, ки Наврӯз ба замони  боварҳои хуршедпарастӣ  ва Ҷамшед пайвастааст ва дар гиромидошти  Наврӯз фаромӯш  кардани шоҳ Ҷамшед ин дурӣ ва бехабарӣ аз арзишҳои таърихӣ ва фарҳангигии ниёгонамон  аст.

Донишмандони саршиноси хонадони тоҷику форс дар асари “Бурҳони қотеъ” сароғози ҷашни Наврӯзро  ба шоҳ Ҷамшед марбут медонанд ва Ҷамшед номи дигари меҳр мебошад.  Тибқи навиштаҳои  “Бурҳони қотеъ” Ҷамшед  сайри олам мекард, чун ба Озарбойҷон (Ирон) расид, рӯзе, ки офтоб  ба авҷи Ҳамал омада буд, фармуд, ки тахти ороишдодаеро дар ҷои баланде гузоштанд ва тоҷи ҷилодореро ба сар ниҳода, бар он тахт нишаст. Чун офтоб тулӯъ кард, шуоъ  ва партави офтоб бар он тоҷу тахт афтод ва шуое дар ғояти равшанӣ падид омад ва чун ба забонҳои паҳлавӣ шуоъ ва ё равшаниро ШЕД мегӯянд,  ин алфозро бар Ҷам афзуданд ва Ҷамшед гуфтанд, яъне подшоҳи равшан ва дар он рӯз ҷашни азиме оростанд  ва он рӯзро Наврӯз ном ниҳоданд.»

Ҷамшед аввалин паёмбари рамзиест, ки аз ҷониби Аҳурамаздо, пеш аз Зардушт ҳидоят шуда буд. Минҷумла, дар Вандидод ҳам  Аҳурамаздо ба Зардушт мегӯяд, ки ман пеш аз ту бо Ҷам сухан гуфтам.

Паёмбар донистани Ҷамшед барои он  буд, ки Худованд тавассути ӯ ба одамон кишоварзӣ омӯзонд, водор кард, то пашму қасабу катону абрешиму либосдӯзӣ намоянд, девҳоро бифармоянд, ки аз обу гил хишт бисозанд ва аз сангу гаҷ девор бунёд кунанд. Донишҳои ҳандасӣ  омӯхта, аз санги хоро гуҳар ва аз кӯҳ оҳан бурун оранд ва онро нарм сохта, олати ҷангӣ таҳия намоянд, атру бӯйҳои хуш бароварда, пизишкиву дармони дардмандонро пайдо кунанд, киштӣ сохта аз кишвар ба кишваре гузар кунанд. Ҷамшед, ки бар паёми Худо гӯш медод  ва онро пай дар пай ба одамон мерасонд ва аз рӯи он гуфтаҳо ҷаҳонро ором ва мардумро осудаву шодком гардонд, дар он рӯзгор  ба дарозои 300 сол маргро касе надид. То он даме, ки бо иғвои иблис худро худо ва фиръавн донист ва иблис ӯро ба куштан дод.

Гузаштагони дури мо дар рӯзи нахустини наврӯз, ки Урмузд ном дорад, моҳи фарвардини Соли нав, бо тарзи вижае ҳамдигарро шодбош мегуфтанд, ки ин расму ойин имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвари азизи мо Тоҷикистон пойдор аст. Ҳангоми ба ҳамдигар даст додан, ҳар яке дастони якдигарро бо табассуму ханда дар байни дастони худ нигаҳ дошта, шодбоши наврӯзӣ мегуфтанд. Рӯзи шашумини моҳи фарвардин, рӯзи вижаи Соли нав буд, ки онро “Наврӯзи бузург” меномиданд ва ин рӯз ба василаи шоҳ гиромӣ дошта мешуд.  Ин анъаноти наврӯзӣ дар замони Сарвари имрӯз  Эмомалӣ Раҳмон низ баръало намоён аст, ки мардумро чанд рӯзе аз кор озод менамояд ва ба истироҳат даъват менамояд ва мардуми зодбуми кишвар Наврӯзи оламафрӯзро ҷашн мегиранд.

Дар ин маврид дар “Осор- ул- боқия”  Абурайҳони Берунӣ чунин овардааст: “Наврӯзро далели пайдоишу  офариниши ҷаҳон донистаанд  ва гуфтанд: дар ин рӯз буд, ки Худованд афлокро пас аз он ки муддате сокит буданд, ба гардиш даровард ва ситорагонро пас аз чанде таваққуф бигардонид ва офтобро барои он ки аҷзои замон аз солу моҳу рӯз  ба он шинохта шавад, офарид.”

Шоистатарин арзиши Наврӯз гирдовардану раҳнамоӣ кардани мардум барои худогоҳӣ ва аз даст надодани сиришти аҳуроии ниёгону покони сарзамини тоҷикон ва ирониён  мебошад.

Ва акнун, ки Наврӯзи ниёгони моро ҷаҳониён, ба вижа фарангиён низ пазируфтанд, онҳо бояд аз манишу ҷаҳонгарии  тоҷикону иронитаборон сипосгузор бошанд, на мо аз лутфи онҳо. Чи тавре ки донишманди тоҷик Зафар Мирзоён менависад: “донишмандони  баландҷойгоҳи тоҷикро мебояд пиромуни  арзишҳои таърихии Наврӯз, ба вижа пайвастагии он бо таърихи давлатдорӣ ва фарҳанги густурдаи тоҷиктаборон мақолаҳо навишта, онро ба забонҳои  урупоӣ, дар нашрияҳои дохиливу хориҷӣ ба интишор расонанд.

Наврӯзро бад ин хотир ҷашни ҷамшедӣ ном ниҳодем, ки Ҷамшед онро дар замони худ тавре ки дар боло гуфта гузаштем, аз муътасибон ва чолишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию динӣ дар амон гузошт ва имрӯз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон онро дубора аз вартаи нобудӣ раҳонид ва бахшида ба ҷашни Наврӯз Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯзро ташкил кард, ки дар таърихи зиндадории илмии ин ҷашни ориёӣ  беназир аст.

Оид ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вартаи модари ҷашнҳо- Наврӯз ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки ӯ барои мақоми байналмилалӣ  додани ин ҷашни пуршукӯҳ дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Мутаҳид, созмони фарҳангии ЮНЕСКО ва дигар созмонҳову ташкилоти байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошта, кӯшид, то ҷаҳониён бидонанд, ки ӯ имрӯз вориси асосӣ ва бозтобкунандаи ин ҷашни қадимаи мардуми ориёинажод аст.

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии як зумра мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони мо Наврӯз, 18 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Ҳамчунин  Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, кӯшишҳои давлатҳо-аъзоро, ки дар ҳудуди онҳо Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, барои нигоҳ доштан ва ривоҷу равнақ додани фарҳангу анъанаҳои бо Наврӯз алоқаманд дастгирӣ карда, даъват ба он намуд, ки оид ба Наврӯз маълумоти бештар пешкаш шавад, дар ҳолати зарурӣ ҷамъомадҳои ҳарсола бобати таҷлили ин ҷашн ташкил намоянд, таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашн бо мақсади паҳн кардани маълумот дар бораи аҳамияти Наврӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор дода шаванд, ба давлатҳои манфиатдор ва Созмони Милали Муттаҳид, хусусан ба муассисаҳои махсуси дахлдори он, фондҳо ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои таҳсилот, илму фарҳанг, ташкилоти манфиатдори байналмилалӣ ва минтақавии  дигар, ташкилоти ғайриҳукуматӣ таклиф намуд, ки дар чорабиниҳои давлатҳои Наврӯзро ҷашнгиранда иштирок намоянд.

Рӯзгоратон хуррам ва дастархонатон пур аз нозу неъматҳои наврӯзӣ бошад, мардуми азиз ва шарифи кишвари ориёнажоди тоҷик!!!

  

Сиёвуш  Наботов

Устоди ДТТ

Март 17, 2016 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад