Пирӯзии соҳибони майдон дар даври 1/8- ниҳоӣ
Душанбе, 29.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибони мусобиқа- тими миллии Фаронса бо мушкилии зиёд бар тими мунтахаби футболи Ирландия ғолиб омаданду роҳхати марҳилаи ¼- ниҳоии Чемпионати Аврупо 2016-ро ба даст оварданд. Бозӣ миёни ин ду тим мисоли қасосгирӣ буд. Дар ин хусус нимҳимоятгари тими мунтахаби Ирландия Ҷеффри Хендрик дар суҳбаташ ба The Mirror гуфта буд: голи Вилям Галлас тамоми мардуми кишвари моро хафа карда буд. Умедворам, ки мо натиҷаи хуб нишон медиҳем ва қасдамонро меситонем…
Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон фаронсавиҳо бо як гол ғалаба ба даст оварданд ва ирландиҳо аз ҳаққи ширкат дар он маҳрум гардиданд.
Дар ин дидор Мартин О`Нил ҳайати бозингарони дастболои рақобати гузаштаро иваз накард. Дидйе Дешам ҳамон футболбозонеро ба майдон баровард, ки дар бозӣ бо тими мунхабаи Руминия майдондорӣ карда буданд. Ирландиҳо дар дақиқаи дуюми бозӣ бо амалӣ намудани зарбаи 11 метра ҳисобро кушоданд. Роберт Брейди зарбаи 11 метраро, ки дар натиҷаи аз пой афтондани Шейн Лонг довар ба дарвозаи фаронсавиҳо таъйин намуда буд, дақиқ ба ҳадаф расонид. То дақиқаи 57-уми дидор ҳисоби бозӣ 1:0 ба манфиати ирландиҳо боқӣ монд. Антуан Гризманн бо партофти зебои Сания тӯбро вориди дарвозаи меҳмон намуду ҳисоби бозиро мусовӣ кард. Баъд аз расо се дақиқа ин ҳамлагари клуби «Атлетико»- Мадрид бо партофти Оливер Жируро голи дуюми худро таслими дарвозаи Фаронса намуд. Ин голи тақдирсози Гризманн тими мунтахаби Фаронсаро ба даври ¼-ниҳоӣ баровард.
Тими миллии футболи Ирландия дар муқобили ин рақиби пурқуввати худ бозии хеле ҷолиб нишон дод, вале баъди ин мағлубият Фаронсаро тарк намуд.








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад






