Аз бозӣ баровардани Роналдо ба дастаи мунтахаби Фаронса кумак накард
Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ва сомонаҳои интернетӣ аз бозӣ дар канор кардани ҳамлагари мумтози дастаи мунтахаби Португалия Криштиано Роналдо аз тарафи Димитри Пайет баҳсҳои доманадор ба вуҷуд овард.
Ҷулиан Рихарт, муҳаррир ва муаллифи нашрияи «Bild», ҳунарнамоии футболбозони Фаронсаро зери интиқод қарор дода, менависад, ки «барои ғалаба кардан футболбозони фаронсавӣ дар муқобили тими мунтахаби Португалия ҳунаре нишон дода натавонистанд, ба ҷуз он ки беҳтарин муҳоҷими ин даста Криштиано Роналдоро аз бозӣ «бароварданд». Ин бозии шармовари тими мунтахаби Фаронса буд, ки мехост ба ҳар роҳ пеши роҳи ғалабаи Португалияро гирад»,-менависад Ҷулиан Рихарт.
Дар ҳамин маврид мухлисони Криштиано Роналдо дар саҳифаи интернетии Дмитри Пайет дар «Instagram» беш аз 100 000 шарҳу таҳдидҳои худро ҷой дода, футболбози 29-солаи фаронсавиро таҳқиру дашном кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки аллакай дар дақиқаи 8 уми вохӯрӣ баъди бархӯрди Дмитри Пайет Криштиано Роналдо бозиро идома дода натавонист ва бозубанди капитаниро ба Нани дод ва бо чашмони ашколуд майдонро тарк кард.








Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд






