Вафо Назаров: Мукофоти ман мукофоти мардуми шарифи Тоҷикистон аст

Июль 4, 2016 15:01

Душанбе. 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вафо Назаров, Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ, академики Академияи рассомии Тоҷикистон,  доктори фахрии  санъат  дар  риштаи  санъати ҷаҳонӣ  ба дарёфти Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» («Звезды Содружества») барои соли 2015 ноил гардид.
Чанде пеш дар маросими тантанавӣ   дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия Пулод Булбулоғлу, роҳбари Кумитаи ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» Ҷоизаи мазкурро бо маблағи  30 ҳазор доллар  ба Вафо Назаров супурд.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Вафо Назаров зикр намуд, ки  муҳаббату дилбастагии бепоён  ба табиати зебову нотакрори Тоҷикистон ӯро ба  рассомӣ ҳидоят намуд ва  аз тақдир миннатдор аст, ки   ҳамчун фарзанди ин Ватан муддати беш аз 30 соли фаъолияти эҷодӣ имкон пайдо намуд, ки дар беш аз 40 кишвари дунё манзараҳои дилфиребу мардуми заҳматкаши ин сарзамини биҳиштосоро тавассути тасвирҳояш муаррифӣ намояд.
-Мукофоти ман мукофоти мардуми шарифи Тоҷикистон аст,- гуфт Вафо Назаров ва афзуд, ки мақсад дорад, ки як қисми маблағи Ҷоизаи мазкурро ба 4 нафар ниёзманд, ки ҳамроҳаш дар ятимхонаи бачаҳои болаёқати собиқ шаҳри Сталинобод тарбия гирифтаанд, тақдим намуда, як қисми дигарашро ҳамчун рамзи изҳори миннатдорӣ барои гузоштани лавҳаи  ёдгорӣ  дар сари қабри  Анна Ивановна Режник,  директор ва Иван Илич  Пушкарёв мураббии  ятимхонаи мазкур  дар ҳамон солҳо, ки барои  камол расидани як насли пурқуввати рассомони тоҷик   нақши  босазо гузоштаанд, сарф намояд.
Хотирасон менамоем, ки Вафо Назаров 6 майи соли 1940 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон таваллуд шуда,   дар  7 — солагӣ аз падару модар ятим монда, аввал дар ятимхонаи шаҳри Кӯлоб, сипас дар ноҳияи Ховалинг тарбия гирифтааст. Соли 1948 дар яке аз озмунҳо барои бачаҳои болаёқат ғолиб омада, минбаъд дар ятимхона барои бачаҳои болаёқати  собиқ шаҳри Сталинобод  тарбия ёфтааст.

Июль 4, 2016 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Чӣ гуна ҷавонон соҳибкасб мешаванд ва оё касбашон бозоргир аст?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ин маъракаи сиёсӣ имкони мусоид барои санҷиши масъулиятшиносии ҷавонон аст
ТОҶИКОН ҶАҲОНРО ТАСХИР МЕНАМОЯНД! Барномаи «Дурахшандагон» ба ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон кумак мерасонад
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад