А.Асланбек: «Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти илм метавонад ҳамкориро бо Тоҷикистон ривоҷ бахшад»
Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти илм метавонад ҳамкориро бо Тоҷикистон ривоҷ бахшад». Ин нукта дар вохўрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо ноиби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Амрин Асланбек иброз гардид.
Дар вохӯрии мазкур ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории тарафайн дар самти илм суҳбат намуданд.
Ноиби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Амрин Асланбек изҳор намуд, ки: «мо метавонем чандин лоиҳаҳои илмии муштаракро роҳандозӣ намоем. Лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, мо метавонем онҳоро маблағгузорӣ кунем. Дар ин сурат метавонем ба патентҳои байналмилалӣ соҳиб гардем».
Ҳамчунин дар навбати худ Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки «мо омодаем дар самти тайёр кардани кадрҳо дар риштаҳои нанотехнология, биотехнология, физикаи ядроӣ, тиб, айтитехнология, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда намешаванд, ҳамкорӣ намоем».








«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад






