Композитори тоҷик Ҷӯрабой Охунов аз олам даргузашт

Октябрь 4, 2016 15:58

Душанбе, 4.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябри соли равон яке аз саромадони мусиқии касбии тоҷик, омӯзгори пуртаҷриба, профессор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, композитор Ҷӯрабой Охунов дар 86-солагӣ аз олам даргузашт.
Ҷӯрабой Охунов яке аз сутунҳои устувори кохи бегазанди мусиқии касбии тоҷик буда, тамоми умри пурбаракати хешро барои рушду нумӯи санъати миллати тоҷик сарф намуд.
Композитори маъруф Ҷӯрабой Охунов дар радифи эҷоди асарҳои баландмазмун дар тарбия ва ҳунаромӯзии насли наврас саҳми муносиби хешро гузошта, солҳои зиёд ба ҳайси омӯзгор, директори мактабҳои мусиқии бачагонаи №2, №3, Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, и.в. профессори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, дирижёри Оркестри созҳои миллии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳаррири калони нашриёти «Ирфон», «Маориф», «Адиб» ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва санъат фаъолият намудаааст.
Истеъдоди ӯ махсусан дар жанри кантатаву оратория ба таври возеҳ ҳувайдо гардидааст.
Бояд гуфт, ки кантатаи «Шараф ба партия» дар шаҳрҳои Маскав, Вилнюс, Шоулияи Свердловск (Екатеринбург), Новосибирск ва Тошканд иҷро карда шудааст.
Ҷӯрабой Охунов ҳамчун омӯзгори пуртаҷриба зиёда аз 2500 нафар шогирдонро ба камол расонида, дар навиштани китобҳои дарсии зиёд (бештар аз 30 номгӯй) ба комёбиҳо ноил гаштааст.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 4, 2016 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд

Маводҳои таҳлилӣ