Тоҷикистон дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол 4 зина боло рафт
Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар радабандии нави ФИФА, ки имрӯз интишор шуд, чор зина боло рафта, дар мақоми 140-ум қарор гирифт. Тими мунтахаби кишварамон соҳиби 227 имтиёз буда, дар қиёс бо моҳи гузашта шумораи имтиёзҳояшро 7 адад бештар кард.
Ёдрас бояд шуд, ки аз замони нашри рейтинги қаблӣ, футболбозони мо як вохӯрии рафиқонаро бо дастаи мунтахаби Фаластин анҷом доданд ва ин дидор бо ҳисоби 3 бар 3 мусовӣ анҷом ёфт. Барои ин натиҷа дастаи мунтахаби футболи кишвар соҳиби 69 имтиёз гардид.
Дар миёни дастаҳои Осиё футболи мо мисли пешин дар мақоми 24-ум мавқеъ гирифтааст. Дар садри ҷойгузории дастаҳои қораи Осиё тағйирот ба чашм намерасад ва мақоми аввал насиби тими миллии Эрон буда, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ зинаҳои дуюм ва сеюмро мутаносибан аз худ кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки дар моҳи ноябри соли равон дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз ду бозии байналмилалии санҷиширо бо дастаҳои миллии Туркманистон ва Афғонистон анҷом медиҳад, ки натиҷаи ин вохӯриҳо ба нуфузи дастаи мунтахаби кишвар дар моҳи оянда таъсиргузор хоҳад буд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи мамлакат ҳарду вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд






