Имрӯз-Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ: Накӯкорӣ-ҳусни одам

Ноябрь 13, 2016 08:08

Душанбе, 13.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Худованд инсонро аслан барои некиву накӯкорӣ офаридааст. Яъне рисолати инсони комил, пеш аз ҳама, аз рӯйи имконият меҳру шафқаташро дареғ надоштан на танҳо ба ҳамҷинсон, хешону пайвандон, балки аҳли ҷомеа ва тамоми мавҷудоти олам, ҳайвоноту наботот низ ҳаст. Дунё низ дар пояи некиву созандагии инсон, муборизаи оштинопазиру пайвастаи ӯ алайҳи қувваҳои баду сиёҳкор, ҷафопешаву харобиовар пойдор, сарсабз, зебову дилкаш барои наслҳои ояндаи башар мерос мемонад. Дар акси ҳол ба дӯзахи рӯйи замин табдил меёбад. Накӯкорӣ хислати инсонҳои вораста, дарёдил, баинсофу хайрандеш ва покниҳоду баҳиммат аст. Таърихи ҳазоронсолаи ҳастии ҷаҳону инсоният аз рӯйи сарчашмаҳои мӯътамад, аз ҷумла китобҳои самовӣ ва нигоштаҳои донишмандону адибони номвар ҳамин ҳақиқатро собит месозад»,- чунин иброз намуд Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба андешаи нависандаи тоҷик бадӣ васваса, ҳидояти шайтони лаъин, Аҳримани сиёҳкор аст, ки ба дилҳо тухми кинаву кудуррат мекорад. Некӣ саховати беминати инсон буда, аз он дилҳо чароғон ва зиндагӣ роҳати ҷон мешавад. Чор китоби муқаддас, аз ҷумла Қуръони маҷид инсонҳоро танҳо ба накӯкорӣ ва эҳтирому парастиши  Офаридгор, пос доштани расму суннат, ба ҷо овардани хидмати падару модар, ҳимояи шараф ва марзу бум даъват мекунанд. Ва ҳушдор низ медиҳанд: «Фитна бадтар аз куштор аст» (Сураи Бақара. ояти 217). Ва ё халқ мегӯяд: «Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб».

Ҳамсуҳбат аз фармудаҳои бузургон мисол овард: «Шайх Саъдӣ мефармояд: «Хештаншиносӣ нардбони боми маърифати Илоҳист». Шахси бомаърифат ҳар амалро дар пояи некӣ ва манфиат расондан ба мардуму мавҷудоти атроф ба анҷом мерасонад. «Ҳар кӣ бунёди бад мениҳад, бунёди худ меканад» боз ҳушдор медиҳад ӯ. Ва ин панд низ қадимист: «Беҳтарин туҳфа ба гадо сухани нек гуфтан аст». Хулоса зевари андеша ва осори бузургтарин адибони классик ва муосири мо ситоишу тарғиби некӣ ва накӯкориро дар бар мегирад. Аз ҷумла, Устод Рӯдакӣ-саромади адабиёти форсу тоҷик беш аз ҳазор сол пеш таъкид карда:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ!

Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш, ки мағз андар мағз тасвири муборизаи некӣ бар бадист, ин бонги даъватро ба гӯши башарият мерасонад:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Набошад ҳама неку бад пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Ва ин байт низ асрҳост, ки бадкирдоронро ришханд ба сӯйи некиву накӯкорӣ мекашад:

Сад бор бадӣ кардиву ҳайфи ту наомад,

Некӣ чи бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?!

Хулоса афкору фалсафаи некӣ ва тарғиби он мероси аҷдодони баруманди мост, ки он аз суннату фарҳанги воло сарчашма гирифта, дар ҳар давру замон барои офаридани осори оламшумули адабии накӯкориву инсонпарварона замина гузоштааст. Ва бешак, аз ҳар донишманду адиби маъниофар агар мисолҳое дар ситоиши некиву накӯкорӣ гирд биорем, ҷилд-ҷилд китоб мешавад. Бегумон он гуфтаҳо низ чун адои қарз ё некӣ аз аҷдодони хирадпеша ба мо ба ёдгор мондаанд, ки то имрӯз ва оянда онҳо моро аз роҳи каҷу бад баргардонанд ва ба накӯкориву ростӣ ҳидоят намоянд».

Некиро нависандаи халқӣ чунин шарҳ дод: «Сангу хореро аз рӯйи раҳ бардошта, дур партофтан, дасти пиру оҷизеро гирифта, аз роҳ ё ҷойи хавфнок гузарондан, роҳе ё пулеро соз кардан, парранда ё ҳайвонеро аз ҳолати нобоб, ки бар ҷонаш хатар дорад, раҳондан, ба деҳе об овардан ё ба ташнае як пиёла об додан… некӣ ҳисоб меёбад. Тавсифи некӣ дар нақлу ривоятҳо, адабиёти шифоҳӣ ва хаттии мо мақоми барҷаста дорад:

Ту некӣ мекуну бар Даҷла андоз,

К-Эзид дар биёбонат диҳад боз.

Шарофату фазилати некӣ бо қудрати Худованд то ҷоест, ки инсон некиро ба дарё меафканаду, подошашро дар биёбон мегирад. Ин гапи ҳавоӣ нест. Яъне некӣ ҳусни инсон ва барномаи зиндагии одамизод дар ҳар давру замон, новобаста ба дину мазҳаб, синну сол, курсии мансаб, сарвату дороист».

Солҳои охир, хоса дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати ҳидоятҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хушбахтона, некиву накӯкорӣ, дасти хайру саховат дароз кардан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, пиронсолони бесаробон, хонаи ятимону мактаб-интернатҳо, маъюбону оилаҳои камбизоат, сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида, ба таҳсил фаро гирифтани писарону духтарони бо амри сарнавишт аз навозишу тарбияи падару модар бенасиб монда авҷи тоза пайдо кард.

А. Самад ҳидоятҳои наҷибонаи Пешвои миллатро шоистаи таҳсин хонда, зикр намуд, ки ин некиҳо ифтихору шукргузориро аз ватану миллатдорӣ дар қалби озурдаи хурду калон меафзоянд. Решаи ниҳоли фарҳанги некӣ ва саховатмандиро дар қалби ҳар як фард мустаҳкам месозад.

Нависандаи халқии Тоҷикистон изҳор кард, ки дунё бо некӣ ободу бобақо ва зиндагӣ аз накӯкорӣ ширину гуворост ва дар фарҷоми суҳбат пешниҳод намуд: «Бисёр хуб мешуд, Рӯзи байналмилалии накӯкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хосса гузаронанд. Яъне дар ин рӯз дар муассисаҳои таълимӣ, сар аз кӯдакистон то донишгоҳҳои олии мамлакат дарси некӣ гузаронда, ба хурдсолону ҷавонон моҳияти шарофати фарҳанги некиро фаҳмонем. Ё ин рӯзро бо тозаву озода кардани кӯча, маҳалла, корхона, мактаб, гулгашту хиёбонҳо, шаҳру деҳот, аёдату аз ягон ҷиҳат мадад расондан ба ранҷурону ниёзмандон бахшем. Аз ин амалҳои хайр дил рӯшан, макон обод ва қалбҳои шикаста шод хоҳанд шуд…».

 

 Мавҷуда Анварӣ

 

 

 

 

 

Ноябрь 13, 2016 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
Бо супориши Президенти Тоҷикистон ба аҳолии аз боронҳои сел зарардидаи мамлакат кумак расонида шуд
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ тавассути технологияи иттилоотӣ аҳамияти хосса пайдо намудааст
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ таҳким меёбад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Бо волидайни хонандагони Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор мулоқоти судманд доир шуд