КҲФ: Бар асари офатҳои табиӣ 20 ҳолати марги одамон рух додааст
Душанбе, 15.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар даҳ моҳи соли равон 20 ҳолати марги одамон бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«10 нафар дар натиҷаи резиши санг, 7 нафар дар сел, ду нафар дар натиҷаи ярч ва 1 нафар аз раъду барқ ҷони худро аз даст додаанд. 85 дарсади ҳодисаҳои фавти одамон бар асари офатҳои табиӣ дар вилояти Суғд ба вуқӯъ омада, дар даҳ моҳ 44 дарсади ҳодисаҳои фавқулода дар қаламрави ҳамин вилоят ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ҳодисаҳои мухталифи фавқулода дар навоҳии гуногуни вилояти Суғд 17 нафар, дар вилояти Хатлон 2 нафар ва дар минтақаи Қаротегин 1 нафар ба ҳалокат расидаанд»,-хабар медиҳад манбаъ.
Тибқи нишондодҳои оморӣ, дар нуҳ моҳи соли 2015 35 ҳолати фавти одамон бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуда, бештари фавт (15 нафар) дар қаламрави водии Ҳисор рух додааст. Ин шумора дар вилояти Суғд 9 нафар, дар ВМКБ 8 нафар ва дар минтақаи Рашт 3 нафарро ташкил додааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






