Конфронс: «Устод Шакурӣ ва истилоҳнигории тоҷикӣ дар даврони Истиқлол»
Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 90-солагии узви пайвастаи АИ ҶТ донишманди маъруф Муҳаммадҷони Шакурӣ дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ дар мавзӯи «Устод Шакурӣ ва истилоҳнигории тоҷикӣ дар даврони Истиқлол» конфронси илмӣ доир гардид.
Сахидод Раҳматуллозода, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ дар оғози конфронс иброз намуд, ки «саҳми академик М. Шакурӣ на танҳо дар рушди адабиётшиносии муосир, балки дар пешрафти илму маърифати халқи тоҷик хеле калон аст».
Ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ Кароматулло Олимов чунин ибрози андеша кард: «Устод М. Шакурӣ яке аз давомдиҳандагони кори пурарзиши гузаштагони мо буда, гузаштаи классики моро бо замони муосир пайванди ногусастанӣ доданд. Ин шахсият махсусан дар соҳаи ҷомеашиносӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва истилоҳшиносӣ хизмати бузургро ба ҷо оварданд, ки шоистаи таҳсин аст».
Дар конфронс аз ҷониби олимон дар мавзӯъҳои «Муҳаммадҷони Шакурӣ дар масири илму эҷод», «Нигоҳе чанд оид ба як хонадони фарҳангии тоҷик», «Саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ дар рушди адабиётшиносии муосири тоҷик» маърӯзаҳо шунида шуданд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо зикр гардид, ки Устод Шакурӣ дар мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми босазо гузошта, барои амалӣ гаштани он як силсила мақолаҳо, аз ҷумла «Забони миллӣ ғамхории махсус хоҳон аст», «Ҳар кас ба забони хеш дармонад» ва рисолаҳои «Хуросон аст ин ҷо», «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ», «Сарнавишти форсии тоҷикии Фароруд дар садаи бист», «Забони миллӣ ва ҷаҳонгароӣ» навишт, ки фуровардҳои забон дар асри бистум, амалкарди забони давлатӣ дар низоми таҳсилот, фазои фарҳангию иттилоотӣ, вазъи забонро дар фарҳанги миллӣ дар даврони ҷаҳонгароӣ баррасӣ мекунанд.
Устод Шакурӣ ҳамзамон муаллифи барномаву китобҳои дарсӣ буда, дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ саҳмгузор аст. Соҳиби мақолаҳо дар донишномаҳои миллӣ буда, як қисм осораш ба забонҳои русӣ, англисӣ тарҷума шуда, дар Теҳрону Тоҷикистон ба хати форсӣ низ таҳия шудаанд. Устод Шакурӣ узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди шӯравӣ (1956), узви шӯроҳои зиёди адабиётшиносию илмии собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, созмонҳои байналмилалии мунаққидони адабӣ, узви кумитаҳои мукофотҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абӯалӣ ибни Сино, узви ҳайати таҳририяи «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ (нашри ЮНЕСКО) буда, дар вазифаҳои раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии танқиди адабию бадеӣ дар ҳузури Президиуми АИ ҶТ, муовини раиси Шӯрои махсуси ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар назди Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ кор кардааст.
Бо китобҳои пурарзиш ӯ соҳиби ҷоизаҳои адабию илмии ба номи Рӯдакӣ ва Ибни Сино гардидааст.








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






