Тоҷикистон дорои имконоти бузурги ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад

Ноябрь 29, 2016 08:37

Душанбе, 29.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мӯҳтавои маърӯзаи Сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити оби Будапешт се нуктаи муҳими мушкилоти марбут ба обро барои муҳокимаву баррасии коршиносони соҳа пешниҳод намуд.

Якум, то ҳоло истифода нашудани захираҳои обиву барқии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об аз ҳисоби теъдоди зиёди пиряху дарёҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои обии зеризаминӣ мебошад. Дар қаламрави кишвар беш аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Сарфи назар аз ин, Тоҷикистон дар бахшҳои фаръии вобаста ба об ҳоло ҳам рӯ ба рӯи мушкилот қарор дорад. Чунин ҳолат, пеш аз ҳама, ба фарсуда будани  зерсохторҳои соҳа, имкониятҳои маҳдуди молиявӣ ва норасоии иқтидорҳои техникӣ вобастагӣ дорад.  Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дошта бошад ҳам, дар давраи фасли зимистон ҳамасола бо камбуди неруи барқ дучор мешавад, ки дар навбати худ боиси мушкилоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад.

Дуюм, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад. Танҳо дар даҳ соли охир ба ин соҳаи ҳаётан муҳим дар ҳаҷми 1млрд. 700 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст. Дар натиҷа тайи даҳсолаи ахир ҳолати таъминоти зиёда аз якуним миллион аҳолӣ бо оби ошомиданӣ беҳтар гардонида шуд. Бо вуҷуди ин, як қисмати аҳолӣ, бахусус дар деҳот, ҳоло ҳам ба шароити беҳтар дар арсаи беҳдошт ва дастрасӣ ба манбаъҳои тозаи оби нӯшокӣ ниёзманд аст. Ҳамчунин бахши зироаткории обёришаванда, ки заминаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ ба шумор меравад ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Ба таҷдиди зерсохтори зироаткории обёришаванда бояд манбаъҳои зиёди молиявӣ ва талошҳои дахлдор равона карда шаванд.

Сеюм, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ ба мушкилоти марбут ба об. Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд. Бар асари чунин офатҳои табиӣ ҳамасола зерсохторҳо вайрон гардида, масоҳатҳои калон зери об мемонанд ва ба иқтисоди мамлакат зарари зиёд расонида мешавад. Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шудааст. Илова ба ин, тайи даҳсолаҳои охир масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби дарёҳо мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд.

Бо назардошти ин се нуктаи муҳим, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои обии кишвар ва бо ин тағйирот мутобиқ гардонидани низоми истифодаи обро амри зарурӣ эълом дошт. Таъкид карда шуд, ки масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Аз 527 миллиард кВт/соати иқтидорҳои солонаи кишвар имрӯз танҳо 34 фоизи он истифода мешавад. Ин нишондиҳандаҳо аз имконоти бузурги ҳалли мушкилоти мавҷудаи иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин расидан ба рушди устувор шаҳодат медиҳанд.

Таҳияи Акрам Сангзода

Ноябрь 29, 2016 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад
Дар Истаравшан 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шуғнон 233 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мош қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад
Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ ба фасли зимистон омода мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Дар Душанбе конфронси минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ барои рушди устувор доир гардид
«МАКТАБИ ХАБАРНИГОРОНИ ҶАВОН». Таҳти чунин унвон дар Хатлон даври омӯзишӣ оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад