ФИФА истифодаи видеодоварро ба роҳ монд

Декабрь 9, 2016 13:38

ДУШАНБЕ, 9.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз дирӯз Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) бори аввал дар таърих истифодаи видеодоварро дар бозии футбол ба роҳ монд. Дар ин бора сомонаи «www.sport-express.ru» хабар медиҳад.
Манбаъ овардааст, ки дар мусобиқаи чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни клубҳо, ки дирӯз дар Япония шурӯъ гардид, ин ниҳоди футболи ҷаҳон истифодаи таҷрибавии видеодоварро ба роҳ монд ва иҷозат дода шуд, ки доварон вохӯриро ҳангоми зарурат боздошт намуда, бо истифода аз монитори дар майдон гузошташуда хулоса бароранд. Аз тарафи дигар довар метавонад бозиро манъ накарда, маълумоти муфассалро аз ёвари худ, ки дар хонаи бо техника муҷаҳҳаз қарор дорад, тавассути алоқаи садоӣ, ки дар гӯшҳояш гузошта шудаанд, қазоват кунад.
«Дар ихтиёри ёвари довар 23 камера вогузор шудааст», — овардааст «www.sport-express.ru».
Шӯрои байналмилалӣ (ИФАБ), ки ба қоидаҳои футбол тағйирот ворид мекунад, лаҳзаҳои истифода аз видеодоварро муқаррар кардааст. Ба ҳамин тартиб, доварон дар он ҳолате метавонанд ба сабтҳои видеоӣ муроҷиат кунанд, ки агар ба дуруст зада шудани гол, аз майдон ронда шудани бозингар (корти сурх) ва таъйини ҷаримаи 11-метраи пеналтӣ шубҳа дошта бошанд.
Тавре Шӯрои байналмилалӣ хабар медиҳад, дар бозии аввал байни дастаҳои «Касима Антлерс» ва «Окленд Сити» (2:1) зарурати истифодаи видеодовар пайдо нашудааст ва доварон аз иҷрои вазифаашон бо сари баланд баромадаанд.

Декабрь 9, 2016 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад