Хатлон: теъдоди занҳои роҳбар аз ҳисоби занон зиёд шудааст

Декабрь 12, 2016 16:56

ҚӮРҒОНТЕППА, 12.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Форуми занони вилоят, ки дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доранд, доир гардид. Дар ин бора аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
«Дар кори Форум раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар соли 2015 4 ҳазору 761 нафарро ташкил карда, дар 9 моҳи соли равон ин нишондод ба 5 ҳазору 200 нафар расонида шуд. Дар маҷмӯъ, шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон нисбат ба соли гузашта 439 нафар зиёд мебошад»,-хабар дод манбаъ.
Дар доираи Форум инчунин намоиши дастовардҳои занон дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Декабрь 12, 2016 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд