Кадом дастаи Осиё рақиби «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали Ҷоми КФО мешавад?

Декабрь 9, 2016 11:50

ДУШАНБЕ, 9.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кадом дастаи Осиё -«Дурдой»-и Қирғизистон, «Балкан»-и Туркманистон, «Ҳосилот»-и Фархор» ва ё «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон нахустин рақиби «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввал мегардад?  Ба ин савол мо дар нахустин рӯзи моҳи март ҷавоб хоҳем гирифт.

То оғози аввалин бозии расмии чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё беш аз 2,5 моҳ боқӣ монда бошад ҳам, коршиносони футболи Осиё тақвими баргузории бозиҳои гурӯҳии минтақаи Осиёи марказиро муайян карданд.  Тибқи ин коргузорӣ бозии нахустини чемпиони кишвар дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ моҳи март баргузор мешавад, аммо рақиби нахустини онҳо баъди анҷом ёфтани ду раунди бозиҳои плей-офф бо ширкати дастаҳои «Дурдой»-и Қирғизистон бо «Балкан»-и Туркманистон ва «Ҳосилот»-и Фархор» бо «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон, ки ғолибони ҷуфтҳо барои ба марҳалаи гурӯҳӣ шомил шудан бо ҳам мубориза мебаранд, муайян хоҳад шуд.

Коршиносони футболи ватанӣ бар онанд, ки «Ҳосилот»-и Фархор дар баробари дастаҳои мазкур барои ба бозиҳои гурӯҳӣ шомил шудан шонси беҳтар дорад ва шояд аввалин бозиашро «Истиқлол» бо дастаи «Ҳосилот» барпо намояд.

Ин дар ҳолест, ки «Истиқлол» ва «Ҳосилот» 25 феврал барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки оғозбахши мавсими футбол дар мамлакат мебошад, бо ҳам қувва меозмоянд.

Ба ҳамин тартиб, тақвими бозиҳо дар гурӯҳи «D»-и минтақаи марказӣ ба шакли зер роҳандозӣ шудааст:

Даври 1

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф

«Алай» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби плей-офф – «Алай» (Қирғизистон)

Даври 3

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алай» (Қирғизистон)

Ғолиби плей-офф – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4

«Алай» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5

Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Алай» (Қирғизистон)

Даври 6

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Алай» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

 

 

 

Декабрь 9, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард