Шавкатҷон Раҳимов унвони чемпиониро бо сари баланд ҳимоя кард

Декабрь 23, 2016 12:07

ДУШАНБЕ, 23.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Боксчии тоҷик Шавкатҷон Раҳимов дар мусобиқаи бокси касбӣ дар шаҳри Екатеринбурги Россия боксчии филиппинӣ Ролдана Алдеаро пеш аз муҳлат ба нокаут фиристода, унвони чемпиониро дар вазни сабуки WBO Youth бо сари баланд ҳимоя кард. Дар ин бора аз навори видеоӣ дар «YOUTUBE.COM» бармеояд.
Аз оғози мусобиқа Шавкат Раҳимов бартариро ба даст гирифта, дар даври дуюм зарбаҳои сахти мадҳушкунандаи худро ба ҳарифаш расонд ва доварро маҷбур кард, ки боксчии филиппиниро аз давом додани мусобиқа боздорад.
Ба ҳамин тартиб, Шавкат Раҳимов дар бокси касбӣ 8 вохӯрӣ гузаронида, дар ҳамааш ғолиб омадааст. 6 зӯрозмоӣ бо нокаут пеш аз муҳлат ҷамъбаст гардидааст.

Декабрь 23, 2016 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол доир шуд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷойи сеюмро ишғол намуд
Дар қароргоҳи СММ Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд
Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар иштирок намуданд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Афғонистонро мағлуб кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд