Тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2017

Декабрь 28, 2016 16:15

ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони кишвар, доир ба ин масъала Мизроб Кабиров, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор гузориш доданд.
Дар ҷаласа ҳамзамон вакилон гузориши роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон «Оид ба сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро шуниданд ва нисбат ба он қарори марбута қабул карданд.
Маҷлиси намояндагон палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон маҳсуб шуда, соли 2000 таъсис дода шудааст. Он аз 63 вакил иборат мебошад. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба муҳлати 5 сол тавассути баргузории интихоботи парлумонӣ аз ҷониби халқ интихоб мегарданд. Дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 намояндагони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон -Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон соҳиби курсиҳои Маҷлиси намояндагон гардиданд.

Декабрь 28, 2016 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд

Маводҳои таҳлилӣ