Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон афзудааст
ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввал аз ҳисоби корхонаҳои азими кишвар, назири «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин», «Зарафшон», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент», «Анзоб», «Норд азия металл», «Ҷунтай моҳир семент», «Ҷавонӣ», «Ҷунтай Данғара Текстил» ва дигар корхонаҳои саноатии кишвар дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 1,7 миллиард сомонӣ зиёд шуд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода 26 июл зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон рушди саноат ғайр аз навоҳии тобеи марказ дар дигар минтақаҳои кишвар таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд беш аз 137 фоиз, Хатлон зиёда аз 117 фоиз, Бадахшон беш аз 111 ва дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе зиёда аз 103 фоизро ташкил дод. Таъкид гардид, ки аз ҳаҷми маҳсулоти дар ин давра истеҳсолгардида беш аз 97 фоизи он ба фурӯш бароварда шудааст.








Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд
Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба беш аз 5 миллиард сомонӣ расонида шудааст






