Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ 76-умин мавсими театрӣ ба анҷом расид

Июль 1, 2017 12:50

ДУШАНБЕ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  30 июни соли равон  маросими  пӯшидашавии 76-умин мавсими театрӣ  ба анҷом расид. Дар ин бора  сарбалетмейстери   театр Мария Левитская  ба хабарнигори  АМИТ  «Ховар»   хабар дод.

Бино ба гуфтаи М. Левитская, дар  ин мавсим  бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти театр  гурӯҳи балети  Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  фаъолияти пурмаҳсул дошт. Аз ҷумла дар ин давра овозхонҳои  гурӯҳ   дар  рӯзи ҷашни  Истиқлолияти давлатӣ, ки  он бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид,  фаъолона ширкат варзиданд.

«Дар ин давра балети нави тоҷикии «Зол ва Рудоба»-ро  бо  оҳанги Шӯҳрат Ашӯров  таҳия намудем, ки  тавассути  ВВС Persian  дар тамоми шабакаҳои телевизионии форсизабон  намоиш дода шуд.           Дар шавқовар гузаронидани ҷашни   Соли нав низ овозхонони театр саҳми сазовор гузошта,  дар ин мавсим теъдоди зиёди намоишномаҳои солинавиро пешниҳоди     кӯдакон ва калонсолон  гардонидем», -илова намуд Левитская.

 

Balet-300x179 М. Левитская мегӯяд, ки дар ин мавсим инчунин ҷуфти овозхонон  — Муҳаммад Азимзода ва Фарангис Қосимова дар консерте, ки   дар шаҳри Алма –Атои Қазоқистон   бахшида ба баргузории   ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай доир гардида буд,  ҳунарнамоӣ карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Ҷуфти дигари овозхонон — Асел Нилобекова, Фарҳод Камолов ва Парвиз Кумайдонов   дар    озмуни XIII ҳунармандони балет ва  хореография дар шаҳри Москва (Театри калон) иштирок намуданд. Дар ин озмун  аз Тоҷикистон аввалин бор  соли 1969 Ҳунарпешаи халқии СССР  Малика Собирова иштирок намуда буд ва  баъди он  ин аввалин  ширкати ҳунармандони балети тоҷик  дар ин озмун буд.

«Дар ин мавсим дар театр инчунин таҷлили ҷашни 75 –солагии Малика Собирова бо иштироки  овозхонони варзидаи балети Россия ва  давлатҳои ИДМ  баргузор гардид»,-зикр намуд номбурда.

Июль 1, 2017 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд