Имрӯз 13 июл, панҷшанбе, 194-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 171 рӯзи дигар боқӣ мондааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
13 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафарашон ба Озарбойҷон аз як қатор корхонаҳои саноатии ин кишвар дидан карда, оид ба ташкили ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвари мо суҳбатҳои судбахш анҷом доданд. Зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон сармоягузорони ин корхона ба ташкили чунин кор дар Тоҷикистон, ки обу хок ва табиати мусоид дорад, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
***
Панҷ сол пеш, 13 июли соли 2012 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо Директори генералии ширкати амрикоии Сокар Фостер Вилер (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо ТРИВЕЛЛА мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форум таъкид намуданд: «Шароити мусоиди иқлим ва табиати мамлакат, ки дорои офтобу оби фаровон, инчунин водиҳои ҳосилхез барои парвариши меваю сабзавот ва маҳсулоти босифат мебошад, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ имконияти ҳамаҷониба фароҳам овардааст».
***
2 сол қабл, 13 июли соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муҷассамаи шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ Рабиндранат Тагор расман ифтитоҳ ёфта буд.
13 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.
***
Дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ.
РӮЙДОДҲО:
13 июли соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.
***
13 июли соли 2002 дар шаҳри Душанбе дуюмин конференсияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардидааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1885 дар Амстердам Осорхонаи миллии Голландия ифтитоҳ ёфтааст.
***
Имрӯзи соли 1923 Парлумони Англия фурӯши машруботи спиртиро ба шахсони аз 18 -сола поён манъ карда буд.
***
13 июли соли 1935 аввалин Созишномаи тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА ба имзо расидааст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1930 дар пойтахти Уругвай –шаҳри Монтевидео аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол оғоз гардидааст.
***
Соли 2001 пиразани 101-солаи австралиягӣ бо номи Эйми барои давидан ба масофаи 1500 метр рекорди нави ҷаҳониро гузоштааст. Ӯ ин масофаро дар 19 дақиқаю 59 сония паси сар намудааст.