«ЧИСТ ИСТИҚЛОЛ? ИЗЗАТ ДОШТАН…». Истиқлолияти давлатӣ: маънию мафҳум ва дастовардҳои сиёсию иҷтимоии он

Сентябрь 9, 2017 08:20

ДУШАНБЕ, 09.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият  ҳаммаъно бо вожаи  немисии «суверенитет»,  («Souveränität») буда,  ба  маънои  ҳокимияти  олӣ,  волоият ва ҳокимият далолат  мекунад,

ки истиқлолият ва   волоияти  он  дар  умури  дохилӣ  ва  хориҷӣ мебошад.[1]

Истиқлолияти  давлатӣ — сифати ҳуқуқии  ҷудонопазири  истиқлолияти  давлат аст, ки рамзи  мухторияти  ҳуқуқӣ-сиёсӣ,  масъулияти  олӣ доштан  ва ҳамчун арзиш субъекти аввалини   ҳуқуқи  байналхалқӣ буда,  волоияти ҳокимияти давлатӣ ва итоат   накардан ба  кишварҳои  дигарро   мефаҳмонад.

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун   мафҳуми   илмӣ  ҳанўз  дар  асри  XVI  аз ҷониби  сиёсатмадор  ва  олими  франсуз Жан Боден  (1529— 1596) ба таҳқиқоти  илмӣ  ворид  гардидааст.   Махсусан  дар   асари  ў бо  номи  «Шаш  китоб  дар бораи  давлат» ин  мафҳум  таҳлил гардидааст.

Дар  Оинномаи СММ ва дигар  санадҳои ҳуққии  байналхалқӣ  омадааст,  ки эҳтиром  намудани  истиқлолияти  як  кишвар аз ҷумлаи  принсипҳои  асосии  ҳуқуқи байналхалқӣ ва   муносибатҳои байналхалқӣ  мебошад. Дар  ҳуқуқи  байналхалқии муосир, ба  ғайр  аз  истиқлолияти  давлатӣ,  мафҳуми  истиқлолияти  миллӣ   низ истифода  мегардад,  ки  он ҳуқуқи худшиносии ҳар  як  миллат дар масири  давлатдорӣ  мебошад.  Истиқлолияти  миллӣ-  ин  таъмини  ҳуқуқи  давлатдории  як  миллат,  ба даст  овардани  ҳуқуқи сиёсии  ташкилоти  давлатӣ-ҳуқуқӣ  ва   шакли  муносибатҳо бо  дигар   миллатҳо мебошад. Моҳиятан  истиқлолияти  миллӣ-  ин  принсипи демократӣ  аст,  ки амалишавии  он   аз   дарки   дурусти   манфиатҳои  ҳаётан  муҳими  як миллат   иборат мебошад. Принсипи истиқлолияти   миллӣ як  миллатро  бар дигар  миллатҳо  афзалият  надода,  балки ба   истиқлолияти  давлатӣ  воқеан  сифати  нав  зам  мекунад.  Ҳуқуқи  ба  даст  овардани  истиқлолияти  давлатӣ дар  давраи  муайяни таърихӣ ин  ҳуқуқи  як  миллат  дар  ин   давраи  таърихӣ  мебошад,  ки он  дар  марҳалаи  ташкил  намудани  давлати  миллии хеш мебошад.

Дар  баробари  ин истиқлолияти  мардумӣ  вуҷуд  дорад,  ки  ин  консепсия  аз  ҷониби  мутафаккири  франсуз  Руссо ҳанўз  дар  асри 18 роҳандозӣ  шудааст. Тибқи он истиқлолият  ин  мавҷудияти  гурўҳӣ буда,  аз   нафарони  алоҳида  таркиб  ёфтааст.

Ҳамин   тариқ,  дар  сиёсатшиносӣ  мафҳумҳои   «истиқлолият» ва  «соҳибихтиёрӣ» ба  ҳамдигар   ҳаммаъно  буда,  то  андозае  якдигарро  такмил  медиҳанд.  Дар  моддаи  1  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тҷикистон  омадааст:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».

Ҳамин тариқ,  истиқлолият ва   соҳибихтиёрии  давлат,  иҷро  намудани  вазифаҳои  давлатдорӣ  дар  ҳудуди  кишвар   ва   берун  аз  он  мебошад. Давлати  соҳибихтиёр  бевосита  шакли  давлатдории  худ, сохти  давлатдорӣ,  органҳои  ҳокимияти  давлатӣ  ва   маҳаллиро  муайян  мекунад. Давлати  соҳибихтиёр ба  таври  ихтиёрӣ низоми  молиявӣ, асъор,  бонкӣ  ва ҳудудии  худро  муайян  менамояд. Давлати  соҳибихтиёр кафили  амният  дар   кишвар   аст, дорои  артиши  миллӣ  мебошад,  ки  ҳимоятгари  сохти  конститутсионӣ  ва  якпорчагии   давлат  мебошад.

Хусусияти  асосии  давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи  баромад   намудан   дар  арсаи  ҷаҳонӣ  ва  шомил  гардидан   ба   ташкилотҳо  ва  созмонҳои  минтақавӣ,  фароминтақавӣ  ва  ҷаҳонӣ  мебошад,  ки  дар  он   бевосита   манфиатҳои  миллӣ  ва   давлатии  кишвар ҳимоя  карда   мешаванд.

Нишонаҳои  асосии давлати  соҳибистиқлол аз инҳо иборат  аст:

1.Тамомияти  арзӣ  ва  ҳудудӣ.

2.Истиқлолияти  давлатӣ

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон —  ин  рамзи  барҷастаи  пойдории давлат, дастоварди муқаддас ва бузургтарин таърихи навини халқи Тоҷикистон буда, ҳамчун ифодакунандаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти давлат шароит фароҳам овард, ки дар арсаи байналмилалӣ ҷойи худро пайдо намояд.

Яке аз  дастовардҳои сиёсии  истиқлолияти давлатӣ  ин  ба  даст  овардани  давлатдорӣ  мебошад. Давлатдорӣ – нишонаи  асосии ҳолати  рушди як  миллат,  мардум аст,  ки  давлати  худ ва низоми ҳуқуқии миллиро таъсис додааст. Давлатдорӣ —  хусусият, сифат ва  ҳолати  ҷомеа дар   марҳалаи муайяни  таърихӣ мебошад. Давлатдорӣ –моҳият ва  хусусияти   давлат  ва  сохти  давлатдорӣ  мебошад.

Мафҳуми  давлатдорӣ нисбат  ба   мафҳуми  давлат хеле васеъ  аст.  Давлатдорӣ – ин  муайянкунандаи  сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми  сиёсӣ ва ҳолати давлат мебошад. Давлатдорӣ – ин  натиҷаи фаъолияти  таърихӣ, иқтисодӣ, сиёсии гурўҳи  муайяни иҷтимоӣ  мебошад, ки як  низоми  сиёсиро   таъсис  дода, дорои  тамомияти   арзии  муайян  мебошад.

Ба  даст овардани давлатдории  миллӣ аз   масъалаҳои  асосии таърихи   муосири  Тоҷикистон  ба шумор  меравад. Ин  дастоварди  бузургро доираҳои   манфиатхоҳи  баъзе  кишварҳо дидан  намехостанд  ва   мехостанд,  ки  ба   тамомияти  арзии  кишвари  мо  ва тақсими  он  муваффақ шаванд.

Аз ин рў, дастоварди дигари сиёсӣ ва  иҷтимоӣ, ки барои  рушди  минбаъдаи  кишвар   такони  ҷиддӣ бахшид, ин даъват  намудани  Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки воқеан  иҷлосияи таърихӣ  ба  шумор  меравад, зеро он  дар  Тоҷикистон  давраи  нав  кушод  ва  кишварро  аз нобудӣ  наҷот  дод.

Иҷлосия  дар   замоне   баргузор   мегардид,  ки  ҷумҳуриро  буҳрони  шадиди  иҷтимоӣ,  иқтисодӣ  ва   идеологӣ  фаро  гирифта буд. Дар  баробари  пароканда  шудани сохтори Иттиҳоди  шўравӣ ва заиф гардидани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид гардид.

Бояд зикр  намуд,  ки заминаи  асосие,  ки  Иҷлосия  барои  таъмини  сулҳ  дар  Тоҷикистон  гузошта  буд,  баргузории  музокироти  сулҳ буд, ки то  27  июни соли 1997  ҳашт  давраи музокирот ва  21  мулоқоти   расмиро  дар байни тарафҳои  даргир  дарбар гирифт.

Иҷлосияи  таърихии  16-ум  дар   таърихи   кишвари  ҷавони  соҳибистиқлол давраи  нав   ба   шумор   мерафт. Барои  таъмини  сулҳ  ва   барқарор  намудани  инфрасохтори  давлат  дар  Иҷлосия   дар  маҷмўъ 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид,  ки  дар  ҳаёти  сиёсӣ, иҷтимоӣ  ва иқтисодии  ҷумҳурӣ  нақши  калидӣ   бозиданд.

Як дастоварди бузурги  иҷтимоии истиқлолияти  давлатӣ  ин  ба  даст  овардани  сулҳ  ва  ваҳдати  миллӣ буд. Ба  даст  овардани  сулҳ  ва   таҳким  бахшидан  ба  ваҳдати  миллӣ   дар  кишвар  аз чанд  омилҳо  вобастагии зич  дошт.

Бояд  зикр кард,  ки  раванди  ба  даст  овардани  истиқлолияти воқеии мамлакат   хеле мушкил гузашт ва ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил  гардид. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад ва умед ба фардои нек бисёр заиф гардида буд…  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола чунин иброз намуданд:

«Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид».

Таъмини  сулҳ ва суботи кишвар бе саъю кўшиши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ва хиради волои мардуми мо номумкин буд. Маҳз заҳмати бевоситаи  Сарвари давлат боис гардид, ки сулҳ барқарор гардад. Аз ин рў, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи мусолиҳаи миллиро пешниҳод намуд, ки ин кўшиши нодире буд  барои ба  танзим  даровардан  ва  сари  мизи мусолиҳа  овардани  гурўҳҳои гуногуни даргир.

«Ҳамин тавр, барои тоҷикон сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи мақсад ва ҳадафҳои асосӣ буд, ки барои ҳалли он  тамоми қувваҳо сафарбар гардида буданд. Бесабаб набуд, ки ҳамаи халқу милллатҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ва  Ҳукумати ҷумҳуриро дастгирӣ мекарданд».

Хушбахтона, ақли солим ғалаба кард ва тарафҳои даргир ба ҳам омаданд ва  дар Тоҷикистони азиз  сулҳ барқарор гардид.

Сулҳи тоҷикон  падидаи нодиртарин ва дастоварди бузург ба шумор меравад. Воқеан ҷараёни ба даст овардани сулҳ  дар кишвар яке аз  равандҳои  душвор барои халқи тоҷик буд. Ин,  пеш  аз ҳама, дар он  вазъияте ба  амал  омад, ки кишвари  мо  дар  марҳалаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ  қарор гирифта буд.

Дар ҳакиқат ин  марҳалае буд, ки  тоҷикистониён  таҷрибаи талхи  ҷанги  гражданиро  аз  сар  мегузаронданд. Бо  вуҷуди  ин бо истифода аз  арзишҳои  фарҳанги ғании  таҳаммулпазиронаи ниёкони хеш, мардуми мо тавонистанд сиёсатеро дар  кишвар  роҳандозӣ намоянд, ки  кишварро  аз нобудӣ  наҷот диҳад. Ин буд, ки  дар  тафаккури шаҳрвандон ҳисси  ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан  аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Албатта, дар  ин ҷо, дар  барқароркунии сулҳ  дар Тоҷикистон  саҳми  созмонҳои байналмилалӣ ва  минтақавӣ ва кишварҳои минтақа   бузург аст

Таҳлили воқеият ва таҷрибаи  амалии он  солҳо ба  он водор  менамояд, ки гирдиҳамоиҳои демократӣ, баъзе гурўҳбозиҳо ва мавқеъгириҳои афроди муайян, ҳадафҳои стратегӣ ва  геополитикии хориҷӣ, рақобатҳои байниҳамдигарии кишварҳои минтақа аз  ҷумлаи  омилҳое буданд, ки  ба  саршавии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон  асос гузоштанд.

Бояд зикр  кард, ки  сулҳ  ва  ваҳдати  миллӣ дар кишвар ин  натиҷаи роҳи дурусти  интихобнамудаи  шаҳрвандони  кишвар  бо  сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷаи дурусти  пешбурди сиёсати  дохилӣ ва  хориҷӣ ва  инчунин  муайян намудани ҳадафҳои асосии стратегии рушди кишвар  мебошад.

Воқеан ваҳдати миллӣ нодиртарин  дастовард аст, ки  дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба даст  оварда  шуд ва он рўз ба рўз боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Албатта, ба даст овардани  ваҳдати  миллӣ ва вазифаи ҳамгироикунанда доштани он  аз чанд  омил вобастагӣ дорад.

Дар ин  радиф метавон омилҳои ҷуғрофӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайраро ном бурд. Пеш аз ҳама, бояд вазъи ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистонро зикр намуд, ки мо дар кишвар се намуд  муҳити зист дорем: кӯҳистон, деҳистон ва шаҳристон. Ҷойгиршавии аҳолӣ дар  минтақаҳои нисбатан ҳамвор, ба  истилоҳ деҳаҳо, шаҳракҳо ва шаҳрҳо хеле зич буда, дар деҳаҳои минтақаҳои кӯҳистон зичии аҳолӣ кам  ба назар  мерасад. Аз ин рў, дар фаслҳои сармо рафту омади шаҳрвандон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кам  ба назар  мерасид ва  ин ҳам то андозае дар кори ба ҳамназдикшавии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонд. Доктори илмҳои сотсиология, профессор Ш.Шоисматуллоев вобаста  ба  ин чунин меорад:

«Одатан вақте сухан дар  бораи ваҳдати миллӣ меравад, пеш аз ҳама, диққати асосӣ ба  масъалаҳои миллат, синф (табақаи иҷтимоӣ — Н.З.), насл, дин ва ғ. дода мешавад. Дар мавриди  кишвари мо шояд дар мадди аввал дар ин раванд масъалаи ҷудо будани минтақаҳои гуногуни кишвар мебошад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва рафтуомади воситаҳои нақлиёт душвор буд. Ин масъала  дар  даврони шўравӣ низ ҳалли худро пайдо накард. Дар мавсими сармо ҳама гуна алоқаҳои воситаҳои нақлиёт ва иқтисодӣ дар байни минтақаҳо вуҷуд надоштанд. Вале бо вуҷуди он ки ин ҷудошавӣ сунъӣ ҳам буд, вале ваҳдати мардумро, ки асрҳои аср забони ягона ва фарҳанги миллии пурғановат дошт, барҳам дода натавонист. Аз ин рў, тамоюл ба ваҳдат  ва  истиқлолталабии мардум бар он  дастгириҳои моливу ҳарбие, ки ҷудоиандозон ва душманони миллат  дар солҳои 90-ўми асри ХХ карда буданд, ғалаба намуд».

Яке аз се ҳадафи асосие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст,  баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Бояд гуфт, ки сохтмони шоҳроҳҳои бузург ба он  мусоидат намуд, ки муносибатҳо ва рафтуомади шаҳрвандон  дар  дохили кишвар  дар тамоми  фаслҳои сол  ба роҳ  монда шавад, ки ин омили  муҳими ҳамгироӣ ва тақвиятбахшандаи ваҳдати миллӣ мебошад.

Ҳаминро бояд зикр намуд, ки назар  ба  давраҳои  таърихие, ки халқи тоҷик паси  сар  намудааст, даврони истиқлолият беҳтарин  марҳалаест барои ба ҳам омадан, расидан ба ваҳдати миллӣ ва  рушди  босуботи  кишвар. Имрўз шаҳрҳои марказӣ, аз ҷумла Душанбе  — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази ормонҳо ва умеди  на танҳо тоҷикистониён, балки тамоми тоҷикои олам  гаштаанд. Ба пойтахти кишвар аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ  шаҳрвандон  меоянд. Маҳз вазъи кунунии иқтисодӣ ва шароити хуби коммуникатсионӣ водор ба  он  мекунад, ки муносибатҳои байни минтақаҳои  гуногуни ҷумҳурӣ  мустаҳкам гардад, ки ин  омили асосии муттаҳидкунандаи ҷомеа  мебошад.

Омили муҳими  дигаре, ки барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар  даврони  истиқлолият мусосидат менамояд, ин баробарии гурўҳҳои иҷтимоӣ-этникист.  Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ  корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меояд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа  мегардад. Гурўҳҳои иҷтимоӣ-этникӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар  саҳми худро  мегузоранд. Аз тарафи дигар, дар  даврони истиқлолият муҳоҷирати дохилӣ низ тақвият пайдо кардааст, ки боз ҳам такони ҷиддие  барои ҳамгироии намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ваҳдати миллӣ мегардад.

Истиқлолияти  давлатӣ   боиси як  қатор  дастовардҳои  сиёсӣ  низ  гардид. Истиқлолияти давлатӣ ба  он  мусоидат  намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  сиёсати хориҷии худро рушд  диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақа ва фароминтақавӣ муносибатҳои  дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ  барқарор намояд. Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баъд   аз   соҳибистиқлол   гардидан ҳамчун узви   комилҳуқуқи  ҷомеаи   ҷаҳонӣ   эътироф   гардид   ва   пас   аз   чанде  151   кишвари   ҷаҳонӣ   онро ба  расмият  шинохтанд.  Имрўз   Тоҷикистон бо  126   кишвари  дунё   муносибатҳои   дипломатӣ   барқарор   намудааст ва  ин   раванд  идома  дорад. Барқарории  муносибатҳои  дипломатӣ  дар  заминаи  ҳадафҳои  муайяни  стратегӣ  ба  роҳ   монда   мешавад.

Дар  банди 2.4. Консепсияи  сиёсати  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  омадааст: «Ҳадафи аслӣ ва асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ буда, он аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори ҳамаҷонибаи мамлакат, мусоидат ба таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон ва кӯшишҳои пайгирона ҷиҳати дарёфти ризоят ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар амалӣ мегардад».

Сиёсати хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон сиёсати эҳтиром гузоштан     ба  манфиатҳои  дуҷониба бо  ҳар  як  кишвари хориҷӣ  мебошад. Аз  ҷумла,   яке  аз  авлавиятҳои  сиёсати  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати  дарҳои  боз»  аст,    ки дар  Консепсияи сиёсати  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин  омадааст:

«Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он, Тоҷикистон омода аст бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд  густариш диҳад».

Ҳамзамон  бояд гуфт, ки дар  пешбурди сиёсати  дохилии кишвар ва баҳри тақвияти ваҳдати  миллӣ ва  арҷгузорӣ ба  таърих ва  фарҳанги ниёкони тоҷик дар  ин  муддат 1100- солагии давлати Сомониён, 90- солагии академик Б.Ғафуров, бузургдошт  ва  ҷашнҳои Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Мавлоно Ҷалолуддини Бадхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо  дигар ҷашнҳоро метавон номбар  намуд.  Ин ҷашнҳо аз як  тараф бозгӯкунандаи он ҳастанд, ки насли муосир бидонанд, ки чунин  таърихи воло ва фарзандони  барўманд  доранд ва  аз  тарафи  дигар, омили тақвиятбахшандаи   ваҳдати  миллӣ ва ҳамгироии  шаҳрвандон дар  зери  парчами  давлати  мустақил  бар  зидди таҳдидҳои  ҷаҳонишавӣ  мебошанд.

Гарчанде истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳи хеле сангин  ба  даст омад, вале таҷрибаи баъдинаи рушди  давлатдории миллӣ нишон  дод, ки мо тавонистем мушкилиҳоро паси сар намуда,  ба  муваффақиятҳои бузург  ноил гардем, ки онҳо    иборатанд аз:

— барҳам додани ихтилофҳо  дар кишвар,  таъмини сулҳу суботи воқеӣ ва замина  гузоштан ба  як ҷомеаи амн ва субот;

— ба Ватан баргардондани тамоми гурезаҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар кишварҳои хориҷӣ;

— табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё»;

— муаррафӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ;

— амалӣ гардондан ва  тақвият бахшидани барномаҳои се ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар» ва «ба даст даровардани истиқлолияти энергетикӣ»;

— муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмўъ баланд бардоштани иқтисодиёт;

— эълон намудани «сиёсати дарҳои боз» ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар кишвар  ва дар ин радиф тақвият бахшидан ба рушди соҳибкории ватанӣ;

— амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ва бунёди муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар ва ғ.

Ҳамин тариқ, дар даврони истиқлолият дар кишвар д комёбиҳои бузург ба  даст оварда  шуда  бошанд ҳам, вале камбудиҳо низ ҷой доранд.  Дар ин раванд яке аз  иқдомҳои муҳим  мубориза  бо фасод, хурофот ва дигар амалҳои нангин бояд бошад. Танҳо низоми афзалиятноки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд  бардоштани сатҳи камбизоатии мардум воситаи  муҳим барои ба роҳ  мондани ислоҳоти бузурги иқтисодӣ, таҳкими  суботи ҷомеа  ва  тақвияти ваҳдати  миллӣ буда, омили муҳимест барои давраи гузариш ба  ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Масъалаи рушди ҷомеа, ноил  гардидан ба ҳадафҳои  стратегӣ,  баланд  бардоштани  сатҳи зиндагӣ, тарзи  ҳаёти солим ва таҳкими ваҳдати миллӣ  дар Паёми  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин  омадааст:

«Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд».

Яъне тамоми аҳли ҷомеа барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо меҳру муҳаббат ба ин марзу бум заҳмат кашанд. Ва ё тавре дар як таронаи Зикриоллоҳ Ҳакимов бар матни шоира Гулрухсор омадааст:

Чист Истиқлол? Иззат доштан,
Бар диёри худ муҳаббат доштан!
Дар замини шӯҳрати озодагон
Донаи меҳру муҳаббат коштан…

 

Нусратулло ЗОКИРОВ,
котиби  илмии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба  номи  А. Баҳоваддинови
Академияи илмҳоиТоҷикистон,
номзади  илмҳои фалсафа

Сентябрь 9, 2017 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад