ФУТБОЛ: «Хуҷанд» бар дастаи Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии марказии даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин бозӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд бо ҳузури 2000 тамошобин барпо гардид. Ду голи мизбононро капитани даста Манучеҳр Аҳмадов ва як голи дигарро Хуршед Бекназаров ба ҳадаф расонданд. Ду голи меҳмононро Комрон Турсунов ва Шодибек Ғаффоров ба нишон расониданд.
Дастаи футболи «Хуҷанд», ки дар ҳамин ҳол бо 30 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвал қарор гирифтааст, муборизаро барои медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқот бо рақиби аслиаш — КМВА «Помир»-и Душанбе идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе бо 33 имтиёз дар зинаи дуюм ҷойгир шуда, нисбат ба дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ду бозӣ бештар анҷом додааст.








Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад






