ФУТБОЛ: имрӯз дар шаҳри Катманду дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Непал вомехӯранд
ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи мунтахаби футболи Непал рақобат мекунад. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии гурӯҳи «F» дар шаҳри Катманду соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 14:15 – ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.
Ҳаким Фузайлов, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо дастаи мунтахаби Непал 4 сентябр дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки дастааш ба Катманду танҳо баҳри пирӯзӣ омадааст. «Мутаассифона, мо дар ибтидои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба нокомӣ дучор шуда, ду бозиро ба Яман дар меҳмонӣ ва Филиппин дар хона бохтем. Дар бозии сеюм дар назди мо танҳо як вазифа – ба даст овардани се имтиёз гузошта шудааст ва ба ин васила мехоҳем худро дар назди мухлисонамон каме сафед кунем. Барои нигаҳ доштани имконияти ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтан, ба мо дар бозиҳои боқимондаи даври гурӯҳӣ пирӯз шудан зарур аст, зеро роҳи дигар надорем. Бачаҳо хуб мефаҳманд, мо дар вазъияте қарор дорем, ки дигар ҳуқуқи аз даст додани имтиёзҳоро надорем. Муҳим нест, ки мо бо кӣ бозӣ мекунем, танҳо зарур аст се имтиёз бигирем. Дар ҳама гуна бозӣ муқобили рақиб бояд хуб омода шавем. Ва танҳо дар ин маврид натиҷаи мусбатро интизор шудан мумкин аст. Дар бораи дастаи мунтахаби Непал иттилои кофӣ дорем ва бозиҳояшро ба муқобили Филиппин ва Яман тамошо кардаем. Ҳоло ҳама бозии футболро омӯхтаанд. Рақибамон моҳир аст».
Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 19 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд. Дар миёни онҳо чаҳор легионер – дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Искандар Ҷалилов («Балтика», Россия) ва Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), инчунин нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) ҳастанд.








Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад






