ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 11 сентябр, душанбе, 254-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 111 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
11 сентябри соли 2014 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки барои иштирок ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба Душанбе ташриф оварда буданд, мулоқот анҷом доданд.
***
11 сентябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» ба пахши барномаҳои шабонарӯзӣ оғоз кард.
11 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Аргентина — Рӯзи муаллимон
РӮЙДОДҲО:
11 сентябри соли 1839 дар Канада аввалин мусобиқаи варзиши сабук баргузор гардидааст.
***
165 сол муқаддам, 11 сентябри соли 1852 дар шимоли Колумбия аввалин рӯзнома-«Olympia Columbian» нашр шуда буд.
***
Дар ин рӯзи соли 1971 Миср конститутсияашро қабул кард.
***
11 сентябри соли 1989 дар Германияи шарқӣ гурӯҳи мухолифони Форуми нав ташкил карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1888 дар маросими кушодашавии намоиши саноатӣ дар Торанто аввалин маротиба сабти садои инсон амалӣ карда шудааст.