Тоҷикистон ва Чин: ташаккули давра ба давраи “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим”

Сентябрь 1, 2017 12:45

ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти хосса медиҳад. Ба шарофати сатҳи баланди эътимоди сиёсии ҳамдигарӣ ва дӯстии қавӣ, муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Чин бо назардошти рушди пайдарпай дар самтҳои сиёсат, иқтисодиёт ва алоқаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ фарқияти шоиста дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси якҷояи «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» дар қатори аввалинҳо ҳамовозӣ ва дастгирии пурра пайдо кардааст.

Аз ҷумла, Тоҷикистон нахустин шуда, моҳи сентябри соли 2014 зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ дар таъсиси якҷояи «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим»-ро ба имзо расонид. Мувофиқи санади мазкур ҳадафи асосии татбиқи ин ташаббус амалӣ гардонидани мақсадҳои рушди стратегӣ, барқарор намудани муколама ва муносибатҳо оид ба стратегия, нақша ва сиёсатҳои рушд, таҳияи ҳамкории инвеститсионӣ ва тиҷоратӣ-иқтисодӣ, баррасии тарз ва усулҳои пеш бурдани ҳамкории амалӣ ва мутақобила, дастрасӣ ба ҳамкории иқтисодии муштарак ва манфиатҳои дуҷониба муайян шудааст.

Дар заминаи аҳду паймони сарони ду мамлакат, ҷонибҳо барои таҳияи якҷояи Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба мувофиқа расиданд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ тасмими мазкур тавассути Ёддошт оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати таҳия кардани Барномаи ҳамкорӣ, ки моҳи сентябри соли2015 зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶМЧ ба тасвиб расида буд, заминагузорӣ шудааст.

Дар асоси санадҳои давра ба давра, Тоҷикистон ва Чин аҳду паймон бастанд, ки мунтазам механизмҳои навро ҷиҳати беҳтар намудани шакл ва мундариҷаи ҳамкорӣ таҳия ва ҳамкории дуҷонибаро ба манфиати бунёдии ду мамлакат ва халқҳо равона мекунанд, ки ин барои рушди якҷоя ва шукуфоии ду кишвар, ҳифзи сулҳу субот дар минтақа мусоидат менамояд. Ҳамкории мазкур ба сифати  намунаи беҳтарини муносибати дуҷонибаи минтақавӣ хизмат карда, барои бунёди долони иқтисодии «Чин-Осиёи Марказӣ-Осиёи Ғарбӣ» мусоидат мекунад.

Сентябрь 1, 2017 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд