Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов сазовори медали нуқра шуд

Октябрь 18, 2017 09:01

ДУШАНБЕ, 18.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳриёр Даминов, варзишгари шинохтаи тоҷик, дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ, ки имрӯзҳо дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардуми Чин ҷараён дорад, дар масофаи 1000 метр (С-1) бо натиҷаи 3:57:758 сазовори медали нуқра шуд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар марҳилаи финалии мусобиқа 9 нафар  варзишгари шинохта   иштирок намуданд. Ҷои аввал насиби варзишгари Ӯзбекистон Вадим Менков (3:57:388), ҷои сеюм насиби варзишгари мизбон Пенгфей Женг (3:58:786) гардид.

Ёдовар мешавем, ки   мусобиқаи мазкур 15 октябри соли равон шурӯъ шуда, имрӯз ба анҷом мерасад. Дар он варзишгарони 21 давлат ширкат доранд.

Ба иттилои Нодирҷон Сафаров, котиби генералии Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, кишвари моро ба ғайр аз Шаҳриёр Даминов Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов миёни калонсолон ва Зумрад Пирназарова миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд.

 

 

Октябрь 18, 2017 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»