Дар пойтахт мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи ҷумъа, 20 октябр, дар майдончаҳои варзишии назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардид. Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябр таҷлил мегардад, ташкил карда шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи мусобиқа раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, раиси Федератсияи футболи Душанбе Анваршо Мирзоев ва директори иншооти варзишии Душанбе Раҳматшо Камолов иштирок доштанд. Онҳо дар суханрониҳои худ иштирокдоронро шодбош гуфта, ба футболбозон музаффарият ва ба тамошобинон тамошои голҳои зиёд таманно намуданд.
Дар мусобиқа 48 даста, ки ба 8 гурӯҳ тақсим шудаанд, иштирок доранд.
Гурӯҳи «А»: «Вавилон», ТВ «Варзиш», ММПИ, ДМТ, «ФБ Душанбе», «Суди Сино».
Гурӯҳи «Б»: ВКД, «Тоҷикматлубот», «Раёсати обёрӣ», «Прокуратураи ш. Душанбе», ФФТ, «Обу корез».
Гурӯҳи «В»: «Бонки миллӣ», «Барқи тоҷик», «Сарраёсати маориф», «Раёсати молия», «Раёсати сохтмон», «Суди ш. Душанбе».
Гурӯҳи «Г»: «Кумитаи андоз», ВКХ, «Театри М. Қосимов», «Ҷаҳоннамо», «Шифобахш», МБП.
Гурӯҳи «Д»: «Амонатбонк», АНМН ҶТ, РХМЗ, «Вазорати адлия», МБГ, «ККҶ ва варзиш».
Гурӯҳи «Е»: МИҲД ш. Душанбе, «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ», МДМТ «Истиқлол», «Фароз», ҲХДТ, «Вазорати кишоварзӣ».
Гурӯҳи «Ж»: АДНМК, ДИП ҶТ, АХҶХ ҶТ (Ҷангалпарвар), ШБШД, «Вазорати меҳнат», «Формула-55».
Гурӯҳи «З»: «Ориёнбонк», «Агентии хизмати давлатӣ», «Вазорати молия», «Агентии омор», «Хадамоти гумрук», «Вазорати рушди иқтисод».
Тибқи низомномаи мусобиқа, пас аз бозиҳои пешакӣ ду дастаи беҳтарин ба даври навбатӣ роҳ ёфта, минбаъд дастаҳо тибқи низоми олимпӣ аз рӯи натиҷаи бозиҳо хориҷ мешаванд. Бозиҳои 1/8- финалӣ 5 ноябр ва бозиҳои ¼- финалӣ 11 ноябр ба нақша гирифта шудаанд. Сабқатҳои нимфиналӣ 12 ноябр ва бозии финалӣ барои дарёфти ҷоизаи асосӣ 16 ноябр соати 19:00 баргузор хоҳанд шуд.













Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд






