ЗИКРИ ХАЙР. Ҳатто хандааш мазмуни одамият дошт

Октябрь 10, 2017 11:23

Абдуҷаббори АЗИЗ

ДУШАНБЕ, 10.10.2017./АМИТ «Ховар»/. Вай инсони дарёдилу марди ҳотамтабиат буд. Дилаш ҳамеша майли некӣ кардан дошту сари ин масъала андеша мекард. Як ҷаҳон нақшаҳои нуҳуфта дар қалбаш дошт. Баъзеашро пинҳон – пинҳон бо таъбирҳои латифу маҷозан дилкаш баён менамуд. Дигарашро «баъд амалӣ мекунем», мегуфт.

Ҳар матлабаш ба сўи ободкорӣ, бунёдкорӣ, васеъ намудани заминҳои кишти талу теппаҳо ва арзон кардани дастархони хоҷагиаш равона шуда буд. Дар ифодааш, тарзи гуфтораш, лаҳни суҳбаташ кас осори худхоҳию мағруриро эҳсос намекард, баръакс овози нарму дилкаши марғуладораш касро ҷонибаш ҷалб менамуд. Кас аз мазмуни суханҳояш, нақлҳои дилкаши рўзгори пур аз печутобаш сер намегардид. Ў дар гуфтораш шитоб надошт, ҳатто дар ҳаракатҳояш таҳамтании вай ҳувайдо мегардид.

Ҳамеша суҳбатҳояш дар боби одаму одамгарӣ, ҷавонмардию футувват ва хайру саховат буд. Ў шарҳи маънои одамиятро аз падараш — бобои Раҳмон шунида буд ва ба наздиконаш онро бо завқ ва дилгармии хос нақл мекард, ки падарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки “инсондўст бошем, ба қадри хурду бузург расем ва агар дастатон расад, мегуфт, ба бечорагону  муҳтоҷон ёрмандӣ расонед”. Ин ишораҳои падарро вай дар гўшаш абадӣ ҷой карда буд ва дар зиндагиаш амалиашон менамуд, барояш асои рўзгор гардида буданд  пандҳои падар. Ҳаёти хоксоронаю ҳимматбаландонаи падарашро на танҳо дар ҳузури дўстону наздикон, балки дар байни ҳамсуҳбатонаш баён карда, аз сифатҳои неки хайрхоҳонаи падараш хотироварӣ мекард. Дар вақти нақл дилаш шайдои меҳри падар мегашт, дар ҷустуҷўи ў буд, дилаш реш мегашт ва нақлаш ширинтар мешуд, дар лабонаш табассуми нозук пайдо мегардид.

Меҳнатдўстиро ҳай сифат мекард, кору заҳматро мепарварид, барояш кор роҳати ҷонаш гашта буд.  Бо падарашу бародараш якҷоя бо кафи обилаи дастонашон хона бунёд карданду меҳмонхонаи алоҳида барои дуру наздикон ва ҳамсоягону ҳамдиёрон сохтанд.

Ҳуҷраи хоксоронаи пур аз муҳаббати инсонӣ ҳар рўз интизори меҳмон буду бо меҳмонон гарму рўшан мегардид. Одоби меҳмондорӣ, расми хуби пазироӣ ва дастобгирию салом доданро ба меҳмонон аз ишораҳои падару модари меҳмоннавозашон ёд гирифта буд ва онҳоро ҳамчун анъанаи аҷдодӣ риоя мекарду аз ҳузурдоштагон сипос мешунид. То лаҳзаҳои охирини ҳаёташ чун забарҷад ва дурри ноёб ин мероси падарро пос медонист. Вақти нақл вуҷудашро ҳасрати дидори падари қадрдону лафзи хушоҳанги модари дилбандаш тасхир мекарду боз ширин табассум менамуд. Меҳмондўсту меҳмоннавоз буд, мисли падари пираш. Хонааш макони дўстону наздиконаш буд. Ҳар касро бо дили шод ва чеҳраи болида пешвоз мегирифту гусел менамуд.

Дилаш ба касбу кораш месўхту чун оташ дар мегирфт. Дар ин ҳангом чеҳрааш мисли офтоб сурх мешуду дар ҷисмаш шуълаи заҳмат намудор буд. Бару бозуи паҳлавонона дошт, мисли Рустами таҳамтан. Ҳангоми нишастан ба чамбараки трактор ҳар пагоҳӣ аз падараш — бобои Раҳмон ва модари дилбандаш — момаи Марям дўо мегирифту барвақт кор мерафт ва шаб дер бармегашт. Боре нашудааст, ки касе ба дари хонаашон омада бошаду вай барои иҷрои кораш сухани рад шунида бошад.

Ҳарчанд модар аз рўи меҳр, «писарам нав омадӣ, каме дам гир, мегуфт», аммо ў якравӣ карда, кори корафтодаро иҷро менамуд. Охир, ба дари хонаамон кас омадааст, чӣ хел метавонам, не гўям, бо исрор мегуфт ў.

Шабҳо дар кўҳу камар шудгор мекард, аз як деҳа ба деҳаи дигар об мебурд, маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъ менамуд, ҳангоми ғалладарав ҳафтаҳоро сари комбайну трактор мегузаронд, аммо изҳори хастагиву дилшикастагӣ намекард. Заҳматкашӣ ба мисли падараш ўро низ дар миёни деҳотиён обрўманд карда буд. Баъзан дуру наздикон мегуфтанд, ки қандата зан, бобои Раҳмон ба ин писарони тарбия кардагиат. Вай аз кор намеҳаросид, маъвои дилаш шуда буд заҳматкашӣ. Аз ин корҳои кардааш ва умри бобаракаташ шукрона мекард. Агар ягон лаҳзаи кориаш дар ёдаш меомад, боз табассуми дилкаше мекард…

Солҳо гузаштанду роҳбари хоҷагӣ гардид. Вай усули роҳбарии худашро дошт. Ҳамеша бо мардум буд. Дар шодиашон мисли хешовандони наздик ҳамроҳӣ мекард, дар ғамашон шарик мегирифт худро.

Саҳар барвақт аз хона мебаромад. Корро аз дидани ҷўякҳои ҳосилхези пахтааш оғоз мекард. Шукуфтану ҳосили онҳоро дида, худаш мешукуфт. Дар ин кори роҳбарӣ мисли ҷигарбандаш – бародари хурдиаш муваффақ гашт. Ҳамеша ҳосили хуб мегирифт ва ба қадри замин мерасид. Заминро мисли модараш дўст медошт ва гоҳҳо рози дилашро дар сари саҳро, дар миёни киштзорҳо баён мекард ва дар сараш ташаббусҳои нав пайдо шуда, аз пайи амалӣ гардидани онҳо мешуд. Боғдориро ҳамин тавр пеша кард. Чанд талу теппае, ки садсолаҳо обу дарахтро надида буданд, бо баракати раҳмонии вай ҳам лаззати обро чашиданду ҳам тавассути дарахтҳои шинондаи ў аз соя сериро эҳсос карданд.

Пасон, хумори обчакориаш гирифт. Камари ҳиммат баст, аввал помидор, баъд бодиринг, сипас дигар сабзавотҳои заруриро парвариш карду аз ранҷи кашидааш, ҳосили хуби ба даст овардааш шукрона мекард.

Не, ин заҳматҳо барояш камӣ кард. Дар пайи ангурбоғ шуд. Ангурбоғ бунёд намуд. Аввалин ангурҳои ҳиротии кишмиширо ў ба талу теппаҳо шинонд, бо усули бобоӣ нигоҳбинашон кард, мисли фарзандон дўсташон дошт ва дар охир ҳай ҳосил гирифт, ки худаш роҳат намуд. Ангурҳояш ширину шаҳдбор, мисли нақлҳояш буданд. Аз панҷаҳои нармаш ангур панҷа зада, талҳои хоҷагиро ангур гирифт.

Баъдан ба лимупарварӣ машғул гардид. Аҷаб лимуи парваридааш ҳосили хуб дод. Лимуяш хуштаъму ширин баромад. Ҳама дар тааҷҷуб буданд аз навъи парваридаи ў. Аммо вай табассумкунон мегуфт, ки деҳқон асил бошад, ҳосилаш ҳамин гуна хушмазза мешавад. Дар ин кор низ ў комёб шуд.

Баъди чанд сол завқаш ба мурғпарварӣ зиёд гардид. Аввал корхонаи мурғпарварӣ сохт. Кораш натиҷа дод, гузашт ба буданапарварӣ. Ин низ натиҷаи дилхоҳ дод. Дилаш майли зиёд кардани кабкпарварӣ дошт. Бо дастони худ, макони парвариши ин паррандаи нодирро сохт. Мехост ҳамаи ҳамдиёрону ҳамватанонаш аз гўшти серғизои ин паррандаҳо сер шаванд. Ҳайдареғ, ки корҳояш нотамом монд.

Бо меҳр дар бораи ин паррандаҳо сухан мегуфт, таҷрибаи андўхтаашро бо завқ нақл мекард, боз табассум дар лабонаш пайдо мегардиду ширин механдид.

Ў хўрокҳои болаззатро дўст медошт. Ҳар гоҳ ки сухан аз навъи таом пеш ояд, вай беихтиёр модари кадбонуашро пеши назар меовард. Аз пиёваю шўрбои болаззат ва таҳмолҳои тайёркардаи модараш ёд мекард, бо завқ ҳезуммонию нонпазии модар ва дар сари чагдону танўр сер кардани писарони дилбандашро бо эҳсос нақл мекард ва боз табассум менамуд…

Нонпазӣ ва хўрокҳои болаззати модарашро бо зикри неки ёди модар пеши рў меовард. Аз ширбату насоиштаи модар серӣ надошт, бо шунидани нақлаш даҳони ҳамсуҳбаташ об мегирифт, вале ў беист чунон нақл мекард, ки гўё ҳозир ҳам дар даҳонаш модар навола мегузорад. Ҳайдареғ мегуфт, дар ин ҳолатҳо ў.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз умри рафтааш ёд мекард, хаста набуд, дилаш шўри ҷавонӣ дошт. Аз ҷавонмардӣ, ҳимматбаландии ҳамдиёронаш, ҳамватанонаш ва дўстонаш шод мегашт. Ҳар амали хайрхоҳонаро мешунид, меписандид ва эътироф мекард, зеро худаш ин амалҳои солеҳро доим иҷро менамуд.

Бо лутфи сухани зебо аз хоҳару бародаронаш ёд мекард, махсусан, давраи кўдакию наварсиашонро бо меҳр нақл мекард. Аз дунёи бачагиашон сероӣ надошт. Ҳатто бародарашро бо ҳама бузургиаш на аз рўи вазифааш, балки чун нури дидааш, ба мисли гулқанд ширину нафис дўст медошт ва ҳамон давраи кўдакиашонро, навозишу дўстдории падару модарашро бо ҳавас ёд мекард. Дар ин ҳолатҳо дилаш фараҳ мегирифт, саршори меҳр мешуд ва аз тақдиру сарнавишти некашон шукр мекард. Ў аз меҳри додару хоҳараш сероӣ надошт. Ҳангоми нақли овони бачагӣ ва наврасӣ дилаш меларзид, метапид, навозишаш ба мисли ҳарфҳои нўги забонаш бозӣ мекард ва табассуми ширин аз ў дур намегардид. Ҳайдареғи умр мегуфт…

Дар ин пойизи зебо, фазли хазони дилкаш, ҳавои гарми тирамоҳ, дар рўзи бисёр хуб дар дили пайвандон, наздикон ва дўстдоронаш ашки ғамро боқӣ гузошту рафт, таъҷилӣ рафт, бо дарду ҳасрат умедҳояшро боқӣ монду рафт. Аз худ нишонаи одамияту одамгарӣ, ҳимматбаландию саховатпешагӣ гузошту рафт, рафт, ба назди одамони биҳиштӣ. Аммо чеҳраи нурониаш, қалби саршор аз меҳраш, нигоҳи гармаш, чашмони пур аз шодиаш, табассумҳои ширини дилкашаш бо пайвандону наздикон, дўстону ҳамсуҳбатон ва ҳамаи онҳое, ки ўро мешинохтанд,  боқӣ монд, монд. Боз дар хандаи охиринаш бўи одамият армонӣ гардид.

Дунёи охиратат обод бод, марди накуном. Зикри хайрат дар дилҳо ҷой гирифту ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад гашт, акои Нуриддин.

Октябрь 10, 2017 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази саломатии деҳоти Гулистон ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бо ҷавонони фаъол ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш мулоқот доир шуд
«МАН БА ВАТАН ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Баргузории иқдоми ҷумҳуриявии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сафи ихтиёриёнро зиёд намуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали ҳунармандон баргузор гардид
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон доир шуд
«МО, ҶАВОНОНИ ВАТАН СОЗАНДАЕМ!». Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шоми ҷавонӣ доир шуд
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин иқдомро ҷонибдорӣ менамоянд
Ҷаласаи дуюми Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиш доир шуд
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 дар вилояти Суғд кумакҳои Пешвои миллатро тақдим намуд