ФУТБОЛ: рақиби навбатии «Истиқлол» дар Ҷоми КФО-2018 муайян шуд

Декабрь 13, 2017 12:04

ДУШАНБЕ, 13.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Боз як рақиби чемпиони  Тоҷикистон — «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО -2018 дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Марказӣ маълум шуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин даста «Алтин Асир»-и Ашқобод-чемпиони  Туркманистон мебошад. Дастаи футболи «Алтин Асир» бори чаҳорум дар таърихаш чемпиони футболи Туркманистон гардид. Дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО -2018 дастаи «Истиқлол» бо «Алтин Асир» 14 март дар шаҳри  Ашқобод ва 16 май дар  шаҳри Душанбе бозӣ мекунад.

Ба ин тартиб, ба гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО -2018 се дастаи чемпион – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олой» (Қирғизистон) ва «Алтин Асир» (Туркманистон), инчунин ғолиби даври плей-офф, ки 20 феврал маълум мешавад, шомиланд. Дар бозиҳои пешакӣ рӯзҳои 23 ва 30 январ барандаи Ҷоми Қирғизистон — «Дордой»-и Бишкек ва соҳиби медали нуқраи Чемпионати Туркманистон — «Аҳал» — вориди рақобат мешаванд. Ғолиби ин ҷуфт дар даври плей-офф бо барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва дорандаи медали нуқраи Чемпионати  Тоҷикистон — «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ мекунад.

Дастаи футболи «Хуҷанд» нахустин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми КФО -2018 13 феврал дар шаҳрҳои  Бишкек ё Ашқобод, бозии ҷавобиро 20 феврал дар майдони худ анҷом медиҳад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО -2018 дар минтақаи Марказӣ 7 март оғоз ёфта, 16 май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои нимфиналӣ ва финалии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми КФО -2018  27 октябр барпо мегардад.

Декабрь 13, 2017 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд