Дар Душанбе маросими ифтитоҳи «Биржаи фондии Осиё» баргузор гардид

Июнь 22, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори МД «Душанбе Плаза» маросими расмии ифтитоҳи ҶСК «Биржаи фондии Осиё» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бонкҳо, воситаҳои ахбори омма, доираҳои тиҷоратӣ ва беш аз 200 нафар соҳибкор аз Ҷумҳурии Мардумии Чин  баргузор гардид.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар маросими мазкур зикр кард, ки ба фаъолият оғоз намудани «Биржаи фондии Осиё» дар доираи рушди муносибатҳои шарикона байни Тоҷикистон ва Чин қадами муҳим буда, барои баромадан ба иқтисоди ҷаҳон, ҷалби сармояи хориҷӣ тибқи анъанаву қоидаҳои ҷаҳони муосир ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки ширкату корхонаҳои ватанӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Кушодашавии «Биржаи фондии Осиё» яке аз самтҳои амалисозии лоиҳаи «Азнавсозии Шоҳроҳи абрешим, як камарбанд – як роҳ» буда, мақсад аз таъсиси он рушди инфрасохтор ва фазои сармоягузории кишварҳои дар Шоҳроҳи абрешим ҷойгир маънидод карда мешавад.

Рушди муносибатҳои шариконаи босамар байни Тоҷикистону Чин яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар сатҳи давлатӣ пазируфта шудааст.

Зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин иброз доштанд, ки «шарикии густурдаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дастгирии ҳамдигар ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои мутақобилан судманд бояд чун самтҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ боқӣ монанд».

Мутобиқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030» нишондиҳандаҳои рушди устувори мамлакат бояд ташаккули фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузориро дар минтақаи Осиё ба инобат гиранд.

Бо назардошти ҳадафҳои рушди сармоягузорӣ ва саноатикунонии кишвар, васеъ намудани имкониятҳои ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути маркази муҷаҳҳази муосир иқдоми бамаврид мебошад.

Бояд гуфт, нахустин Биржа дар Тоҷикистон бо иқдоми якҷояи сармоягузорони ватанӣ ва ширкати бритониягии GMEX ҳанӯз соли 2015 бо номи «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» ифтитоҳ ёфтааст. Дар муддати се соли фаъолият Биржаи мазкур ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, баста шудани Созишномаи ҳамдигарфаҳмӣ байни Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ва Биржаи фондии Қатар, Биржаи фондии Арманистон ва Биржаи фондии Тошканд аз муваффақиятҳои Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Хотиррасонон мекунем, ки директори ҶСК «Биржаи Фондии Осиё» Умед Давлатзод мебошад, ки дар соҳаи иқтисоду молия таҷрибаи кофӣ дорад.

Акрам САНГЗОДА

 

 

Июнь 22, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд
Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид
Сокинони деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир мегардад
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад