ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «САЪЙ КУНЕМ, КИ ВАТАНИ МАҲБУБАМОНРО БА ЯК ГӮШАИ ОБОДУ ПЕШРАФТАИ САЙЁРА МУБАДДАЛ ГАРДОНЕМ!

Июнь 27, 2018 08:42

«Мо истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро танҳо дар сурате пойдору устувор нигоҳ дошта, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода метавонем, ки агар нақшаву ниятҳои оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона вусъати дучанд бахшем, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем ва пайваста саъй кунем, ки ватани маҳбубамонро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонем»

Эмомалӣ РАҲМОН

ДУШАНБЕ, 27.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳифаи таърихи тоҷикон воқеаву ҳодиса ва санаҳое мавҷуданд, ки бисёр арзишманд ба шумор мераванд ва дар таърихи тоҷикон агар яке аз ин гуна санаи таърихӣ Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ бошад, дигаре рӯзи Ваҳдати миллист. Ба имзо расидани Созишномаи миллии истиқрори Сулҳи тоҷикон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, умуман ҳаёти маънавии халқи тоҷик дигаргунии куллӣ ба вуҷуд овард. Ин нуктаро имрӯз мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рамазонӣ Давлатов зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт.

Ба гуфтаи Р.Давлатов, ҳама соҳаҳо акнун бо роҳи созандагиву амну амонӣ ба кори хеш оғоз намуданд. Расидан ба сулҳ коре буд боварнокарданӣ, зеро роҳи хеле пурдаҳшате дар пеш буд, роҳи ноҳамворе, ки бояд ин роҳ ба як нуқтае мерасид, ки он нуқта ин миллатро бояд аз ин хатарҳои ба сараш омада эмин нигоҳ медошт. «Хуб дар хотир дорем, ки хеле музокираҳо дар ин роҳ сурат гирифтанд. Заминаи аввале, ки ба ҷанги шаҳрвандии мо хотима бахшид, ин Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд буд. Ин иҷлосияи тақдирсоз, ки бо интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад, тавонист  умеду бовариро дар дили халқ бедор кунад ва дар ҳамин замина халқ тавонист роҳи ояндаашро аллакай бо дилу нияти нек оғоз кунад. Ин иҷлосия аввалин заминае гашт барои расидан ба сулҳи ҷовидона. Музокираҳои хеле зиёд буданд ва онҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла, дар Эрон, Қазоқистон, Россия, Қирғизистон низ гузаштанд. Музокирот 8 давр ва 22 вохӯриро дар бар гирифт».

Р.Давлатов чунин мешуморад, ки дар роҳи барқарор кардани сулҳи тоҷикон бояд бисёр гузаштҳо сурат мегирифт. Пеш аз ҳама, шарти халъи силоҳ буд. Онҳоро розӣ кунонидан зарур буд, ки яроқҳоро ба замин гузоранду ба ҳаёти осоишта баргарданд, ки ин хеле роҳи мушкиле буд. Албатта, як худи Ҳукумати кишвар он айём ба танҳоӣ наметавонист аз уҳдаи ин кор барояд. «Барои ин мебоист тамоми қишрҳои ҷомеа, олимон, зиёиён, сиёсатмадорон низ ҷалб карда мешуданд. Дар ин замина тавонистем халъи силоҳро дар байни мардум ба як низом дарорем. Нуқтаи дигаре, ки дар пешорӯй қарор дошт, ин баргардонидани гурезаҳо буд. Онҳоро мебояд бовар мекунониданд, ки ба Ватан баргарданд, онҳоро Ватан интизор аст, ба ҷуз худи онҳо каси дигар ин Ватанро обод карда наметавонад. Дар ин ҷо саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳар роҳ ба ҳар минтақаи оташзадаву ҷангзада рафта, бо мардум мулоқоту суҳбатҳо анҷом медоданд, басо ногузир ва нишонаи мардонагист»,-мегӯяд ӯ.

Дар ин айём инчунин нақши иттилоот хеле бузург буд. Алалхусус, барномаи «Хоки Ватан»-и Радиои Тоҷикистон , ки тавонист дар ҳамон давраҳои душвору пурпечутоб мардумро бовар кунонад, ки ба хонаву кошонаҳои худ баргарданд. Аввалин суҳбате, ки дар барномаи «Хоки Ватан» садо дод, аз ҷониби худи Сарвари давлат бо муроҷиати он ки: «Ҳамватанони азиз, ба Ватани худ баргардед. Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам. Як пора ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем ва Ватанамонро якҷоя обод мекунем», оғоз ёфт. Аз ҳамин суханҳои самимӣ, суханҳое, ки аз дил баромаданду бар дил нишастанд, дар қалби мардум боварӣ ба оянда пайдо гардид. Одамон ба он Сарваре, ки дар Иҷлосия интихоб гардид, эътимод ва  эътиқод  ҳосил карданд, ки кафолати сулҳи онҳоро ана ҳамин марде, ки ба сари давлат омадааст,  дода метавонад. Оҳиста- оҳиста ин омилҳо ва заминаҳо, сари музокирот нишастанҳо, дасти якдигарро фишурданҳо, таҳаммулпазир будан, аз худ гузаштан, сухани якдигарро боэҳтиром гӯш кардан моро зина ба зина ба ин сулҳу ваҳдат наздик кард. Ва ин роҳе, ки ҳеҷ ба поёнаш умед набуд, ба рӯзи сафед мубаддал гашт. Мо бо қабул ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон тавонистем, ки як ҳаёти наверо оғоз намоем ва бори дигар ба ҷаҳониён исбот намоем, ки тоҷик аз азал дорои  фарҳанги сулҳпарварию сулҳдӯстдорӣ буд ва дар тафаккураш ҳамеша ғояҳои арзишмандтарини сулҳу ватандӯстиро парвариш карда, то ба имрӯз расонидааст.

«Хуб дар хотир дорем, ки пайғоми  сулҳ чӣ гуна дар фазои Тоҷикистон паҳн гардид. Вақте ки дар фурудгоҳи Душанбе мардум ба пешвози пайғомовари сулҳи худ рафтанд, як фазои идонае танинандоз буд. Акнун дар он чеҳраҳои як замоне ошуфтаву парешон симои пур аз шодиву нишотро метавонистӣ бубинӣ. Ва дар ин лаҳза мардум ба сӯйи қосиди сулҳи худ ҳама бо чеҳраи кушодаву хандон рафтанд ва ашки шодӣ мерехтанд. Кунун онҳо гирди сиёсати хирадмандона, заковатмандонаи пешгирифтаи Сарвари  давлат ҷамъ омада, муттаҳид гаштанд».

Расидан ба истиқлолияти комил як такон ба худшиносии миллии мо буд. Худшиносиву худогоҳиву ҳувияти миллии мо асосан аз ҳамин давра оғоз гардид. Акнун дарк намудем, ки эҳсоси ватанпарастиву худшиносии мо решаҳо дар Истқлолияту Ваҳдат доштааст. Оҳиста- оҳиста такмил додем ва имрӯз ҳар муқаддасотеву арзише, ки дорем, аз он бо эҳтиром, муҳаббату садоқат муносибат мекунем, ки ин далолати болоравии худшиносиву худогоҳии мост.

Дар ҳар ҷое, ки он ҷо сулҳу амониву тифоқ аст, он ҷо ҳамеша корҳо ба сомон мерасанд. Ва барои ҳифзи ин оромӣ бояд, ки ҳушёриву зиракӣ, ҳувияти милливу ватанпарастии худро дар ин лаҳзаҳо такомул диҳем.

Нақши Ваҳдат дар амалӣ гаштани се ҳадафи стратегии кишвар, алалхусус дар расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ муҳим аст. Аллакай рӯзҳои башуморе мондаанд, ки мо метавонем агрегати якуми иншооти аср-неругоҳи «Роғун»-ро ба истифода диҳем. Имрӯз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо неруи барқ таъмин ҳастанд. Акнун неруи барқе, ки аз «Роғун» истеҳсол карда мешавад, барои рушди иқтисодии мо ҳам мусоидат карда метавонад. Яъне, бо боварӣ гуфта метавонем, ки баҳри расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ мо қадамҳои устувори хешро гузоштем. Дувум ин раҳоӣ аз бунбасти  коммуникатсионӣ аст, ки аллакай ба 4 тарафи кишварамон роҳҳо боз ҳастанд ва мо бемамониат метавонем  сафар кунем. Роҳҳое ҳастанд, ки ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, яке аз беҳтарин роҳҳои кишварҳои ИДМ шинохта шудаанд. Қаблан вазъияти роҳҳо хуб набуд ва минтақаҳо бо ҳам доду гирифт надоштанд, ки ин метавонист як омили ҷудоӣ байни худи сокинони ҳамин кишвар гардад. Имрӯз ин роҳҳо кушода шудаанд ва ин омили муҳиме барои расидан ба Ваҳдати комил аст. Ба ҳар ҷое, ки метавонед, сафар мекунед, роҳҳо кушодаанд, сулҳу субот ва амнияти шумо пурра таъмин аст. Ин аст Ваҳдат, ин аст якдилию муттаҳидӣ!

Имрӯз хатарҳои хеле зиёде ҳастанд, ки аз мову шумо ҳушёрӣ талаб мекунанд. Пеш аз ҳама, бояд дар зеҳну тафаккурамон арзишҳое, чун ватанпарастӣ, истиқлолият, Ваҳдат, эҳсоси худшиносиро парвариш диҳем. Барои он ки пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам бошанд, ташаккул ёбанд, бояд маърифати баланди огоҳӣ аз донишҳои техникӣ ва технологӣ дошта бошем. Чунки кореро, ки имрӯз техникаву технология мекунад, дигар тӯпу туфангу яроқ карда наметавонад. Имрӯз он ҳам ҷанбаи созанда ва ҳам сӯзанда дорад.

Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ набояд танҳо шиорпардозӣ бошад, балки бо таҷлили ин ҷашн як минтақаи Ватан обод мешавад, ки ин боиси хушнудист. Иди Ваҳдати миллӣ муборак бод!

Шаҳлои САДРИДДИН

АМИТ «Ховар»  

Июнь 27, 2018 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 2500 нафар роҳпаймоӣ доир гардид
Дар Душанбе нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид
СИГНАХИ. Шаҳри муҳаббат ва маконе дар Гурҷистон, ки дар он ҳамеша сулҳ пойдор будааст
«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ». Дар ноҳияи Синои пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор Рӯзи ҷавононро таҷлил намуданд
«СОЗАНДАГОНИ ВАТАН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон барномаи идона доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ баргузор гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба он ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе доир ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ машварат доир шуд