Муҳаққиқон аз Япония, Амрико, Франсия, Арманистон, Италия, Шветсия: «Мо ошиқи кўҳҳои зебои Тоҷикистон ҳастем»

Июнь 12, 2018 13:28

ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 июни соли равон дар Донишгоҳи Уппсалаи  Шветсия таҳти унвони «Oral Narration in Iranian Culture» («Ривоятҳои шифоҳӣ дар фарҳанги мардуми эронитабор») ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш беш аз 20 суханронӣ аз ҷониби намояндагони кишварҳои Шветсия, Тоҷикистон, Америка, Эрон, Исроил, Италия, Франсия, Нидерландия, Австрия, Канада, Чехия, Арманистон, Япония мавриди баҳсу мунозираи донишмандон қарор гирифт. Ин ҳамоиши байналмилалӣ ба мавзўъҳои гуногуни адабиёти шифоҳии мардуми эронитабор, яъне тоҷикону форсизабонону даризабонон; ҳамтаборон- балуҷҳо, курдҳо, паштунҳо, осетинҳо; таъсири мутақобилаи адабиёти гуфтории эронитаборон ба миллатҳои дигар, аз ҷумла, арманҳо ва дигарон бахшида шуда буд.

Дар ҳамоиш аз Тоҷикистон профессори ДМТ Равшан Раҳмонӣ ширкат намуда, дар мавзўи «Пажўҳиши адабиёти гуфтории тоҷикон пас аз Истиқлоли Тоҷикистон» ва ҳамчунин эҳёи ҷашнҳои миллӣ- Наврўз, Меҳргон, Сада, инчунин роҷеъ ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маърӯза намуд. Ў зимни маърӯза суратҳои зиёдеро аз сарояндагону гўяндагони матнҳои фолклорӣ, манзараҳои дилрабои Тоҷикистон, ҷашнҳои Наврўзу Меҳргону Сада пешкаши аҳли назар намуд.

Дар ҳамоиш ба ҳар суханрон 30 дақиқа вақт барои пурсишу посух ҷудо шуда буд. Аксари муҳаққиқон зимни суханронӣ ба адабиёти гуфтории тоҷикон ишорат намуданд.

Бахусус, профессор Бу Утас, донишманди маъруфи шведӣ, ки беш аз 10 забонро медонад ва дар бораи онҳо асар навиштаю дар замони Шўравӣ чанд бор ба Тоҷикистон ташриф оварда будааст, аз фарҳанги тоҷикон ва осори назму насри шифоҳии мардуми мо  ёд кард.

Бу Утас тамоми умр бо таҳқиқи забонҳои эронӣ, фолклор, адабиёти гузаштаву имрўз ва таъриху тамаддуни мардуми эронитабор машғул аст. Ин донишманди 80-сола, ки ҳанӯз бардаму бақувват аст, дар суҳбатҳо гуфт, ки соли 1965 дар Тоҷикистон будааст. Бо А. Хромов ҳамкорӣ доштааст, баъдан солҳои 70-уми асри ХХ ба Тоҷикистон омада, аз китобхонаҳо чандин нусхаҳои хаттиро оид ба адабиёт ва таърихи гузашта мутолиа намудааст. Эшон бори охирин соли 1990 ба Тоҷикистон ба ҳамоише бахшида ба Борбади Марвазӣ омадааст. Мегўяд, ки меҳрубонӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон аз ёдам намеравад.

Профессор Карина Ҷаҳонӣ, ки раиси гурўҳи эроншиносии кафедраи забоншиносӣ ва филологияи Донишгоҳи Уппсала аст, ёдовар шуд, ки «10 сол пеш профессор Равшан Раҳмонӣ ба Донишгоҳи Уппсала омад ва дар бораи адабиёти гуфторӣ суханронӣ кард. Баъдан мо мутаваҷҷеҳ шудем, ки аъзои гурўҳи эроншиносии мо ба фолклор камтар таваҷҷуҳ доштаанд. Баъд аз он мо тасмим гирифтем, ки як конфронси байналмилалӣ созмон диҳем. То имрўз чандин китобҳои таҳқиқӣ дар бораи адабиёти шифоҳии мардуми эронитабор ба нашр расонидем. Инак, пас аз солҳо ин ҳамоишро баргузор менамоем».

Ҳамин тавр, рўзҳои 7-9 июн мувофиқи барнома суханрониҳои муҳаққиқони зерин сурат гирифт: Бу Утас (Шветсия), Юлия Рубанович (Исроил), Кристина ванн ден Вал Анонби (Нидерландия), Елеанур Когҳил (Шветсия), Марям Нурзаӣ (афғонистонӣ, ҳоло дар Шветсия), Мусо Маҳмудзаӣ (Шветсия), Ярослава Обртелова (Чехия), Соро Билалӣ (Италия), Карина Ҷаҳонӣ (Шветсия), Маргарет Миллс (Амрико), Сабир Бадалхон (Италия), Ҷоҳни Чеунг (Франсия), Агнесс Гроонд (Австрия), Торк Далалиён (Арманистон), Ҳусейн Софӣ (Эрон), Равшан Раҳмонӣ (Тоҷикистон), Ерика Фриедл (Амрико), Гутӣ Шукрӣ (Шветсия), Кумико Йамамото (Япония),  Шамс Бернард, Филиа Ҳататт (Нидерландия).

Муҳаққиқон дар ҳамоиш оид ба масъалаҳои гуногуни эроншиносӣ вобаста ба насри шифоҳӣ ва мавзўъҳои он сухан гуфта,  мубоҳиса намуданд. Баҳсҳо дар атрофи жанрҳои устура, афсона, қисса, ҳикоёти шифоҳӣ, саргузашту ёддошт ва таърихи шифоҳӣ сурат гирифтанд. Ҳамчунин роҷеъ ба мероси насри ривоятӣ, ки дар шакли хаттӣ, ба монанди «Искандарнома», «Доробнома», «Чор дарвеш» аз гузаштаҳо ба мерос мондааст, суханҳо гуфта шуданд.

Маърўзаи Ярослава Обртелова (аз Чехия) ба яке аз забонҳои кўҳистони Бадахшони Тоҷикистон- забони вахонӣ ва матнҳои шифоҳии он бахшида шуда буд. Ин хонуми пуркор борҳо ба Тоҷикистон омада, забони тоҷикиро дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омўхтааст ва баъд китобе таълиф намудааст, ки он зери унвони «Сохтори наҳлӣ дар жанрҳои шифоҳии забони вахонӣ» (2016) ба забони англисӣ чоп шудааст. Хонум Ярослава Обртелова ҳоло дар донишгоҳи Уппсала рисолаи доктории (PHD) худро ба поён мерасонад. Эшон бо меҳр аз тоҷикон ва Тоҷикистон ёд мекунад, ки «тоҷикон барои ў зиёд ёрӣ расониданд. Забону фарҳанги онҳо маро мафтун кард. Дар оянда ман машғули забону фарҳанги забони тоҷикӣ ва бахусус, вахонӣ хоҳам шуд».

Дар аксари суханрониҳо дар бораи гирдоварӣ, нашри илмии омўзиш ва пажўҳиши адабиёти шифоҳии мардуми эронитабор таъкид гардид, ки дар он нишонаҳои фарҳанги бостонӣ низ ниҳон буда, гузаштаро бо имрўз мепайванданд.

Дар ҳамоиш борҳо аз афсонаҳои тоҷикон, фолклори тоҷикон, адабиёти шифоҳии тоҷикон, ҳунарҳои мардумии тоҷикон ва рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ёд шуд.

Пас аз суханронии Р. Раҳмонӣ ҳозирин ба ваҷд омаданд. Суханронии ў аз се бахш иборат буд. Аввал дар бораи таърихи гирдоварӣ, нашр ва тарҳи адабиёти шифоҳии тоҷикон пас аз Истиқлоли Тоҷикистон буд. Дуюм, ў намунаи китобҳоеро, ки пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон нашр шудаанд, ба ҳозирин намоиш дод. Сеюм, аз тариқи экран ба муддати беш аз 40 дақиқа суратҳои сарояндагон, гўяндагон, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва лаҳзаҳои ҷашнҳои Наврўз, Меҳргону Сада такрор ба такрор намоиш дода шуд.

Дар охири суханронии худ Р. Раҳмонӣ қариб 20 шумораи маҷаллаи «Пайванд»-и Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро, ки Раиси ин Анҷуман Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ба ҳозирин муаррифӣ намуд ва беш аз 30 адад китобу маҷалларо барои китобхонаи гурўҳи эроншиносии Донишгоҳи Уппсала ба таври ройгон тақдим намуд. Китобҳоро профессор Бу Утас ва Карина Ҷаҳонӣ пазируфта, изҳори сипос намуданд.

Пас аз маърӯзаи Р. Раҳмонӣ ҳамзабонони зиёде бар он ишорат намуданд, ки дар забони форсии тоҷикии Тоҷикистон вожаҳои классикӣ зиёд ба назар мерасанд. Ҳамчунин сохти арабии вожаҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳо низ хеле кам аст.

Баъзе муҳаққиқон аз Япония, Амрико, Франсия, Арманистон, Италия ва хеле зиёд аз Шветсия нияти боздид аз Тоҷикистон карданд. Баъзеҳо ишорат бар он намуданд, ки мо ошиқи кўҳҳои зебои Тоҷикистон ҳастем ва ҳатман солҳои оянда ба дидани манзараҳои зебо ва тамошои онҳо хоҳем омад.

Муҳаққиқи японӣ Кумико Йамамото роҷеъ ба «Барзунома» суҳбат кард. Барои муҳаққиқон сабти «Достони Барзу» аз ҷониби Р.Раҳмонӣ аз байни тоҷикон ва чопи он дар китоби «Шоҳнома дар байни тоҷикон» (Р.Раҳмонӣ) хеле ҷолиб буд. Дар ҳар маврид ишорате аз тоҷикон ва Тоҷикистон буд.

Ҷавоне аз кишвари Франсия бо номи Шамс Бернард, ки аслан франсуз аст ва ошиқона забони форсиро ёд гирифтааст, пас аз суханронии Р.Раҳмонӣ бо эҳсос ишорат бар он кард, ки «ман ҳоло аз гуфтаҳо ва суратҳои намоишдодаи Р.Раҳмонӣ фаҳмидам, ки дар Тоҷикистон ҷашни Наврўз, Меҳргон ва Сада эҳё мешавад. Ман ҳатман дар солҳои оянда бо дўстонам ба дидани ин ҷашнҳо хоҳам омад. Ман дар симои Раҳмонӣ дуюмин тоҷикро дидам».

Шамс Бернард дар бораи як суруди зардуштиёни Эрон сухан гуфт, ки ин сурудро Р.Раҳмонӣ низ 24 сол пеш аз байни зардуштиён сабт карда буд ва атрофи он баҳси ҷолибе сурат гирифт.

Июнь 12, 2018 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 2500 нафар роҳпаймоӣ доир гардид
Дар Душанбе нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид
СИГНАХИ. Шаҳри муҳаббат ва маконе дар Гурҷистон, ки дар он ҳамеша сулҳ пойдор будааст
«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ». Дар ноҳияи Синои пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор Рӯзи ҷавононро таҷлил намуданд
«СОЗАНДАГОНИ ВАТАН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон барномаи идона доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ баргузор гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба он ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе доир ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ машварат доир шуд