АМИТ «ХОВАР»- МУАРРИФИ ИНШООТИ АЗИМИ ТОҶИКИСТОН: Осорхонаи миллӣ — махзани таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик

Июль 13, 2018 16:44

Ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ ва дастовардҳои муҳими фарҳангии даврони Истиқлолияти мамлакати мост.

Эмомалӣ РАҲМОН

ДУШАНБЕ, 13.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Созандагию бунёдкорӣ, зебову хуррамгардонӣ ва шукуфоии Тоҷикистон рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси миллат буда, аз сиёсати сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Дар ин радиф мо метавонем аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд, ёдовар шавем.

Зимнан, чанде қабл хабарнигори мо Шукӯҳи ДАЛЕР дар бораи яке аз иншооти азими даврони соҳибистиқлолии мамлакат- «Кохи Наврӯз» ба хонандагони сомона маълумот пешниҳод намуда буд. Инак ӯ барои пешниҳоди маълумоти бештар оид ба як иншооти муҳташами дигари замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон —  Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», ки махзани таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик аст, бо муовини якуми директори ин муассиса Зафаршо ИБРОҲИМЗОДА ҳамсуҳбат шуд, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» аз зумраи иншооти азими замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Мехоҳам дар бораи таъсис ва ба истифода додани ин муассисаи муҳташам, ки дар қатори пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Қасри Миллат, Китобхонаи миллӣ ва Парчаму Нишони Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе зебу зиннати хосса зам кардааст, сухан бигӯед.

З. Иброҳимзода: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» 27 июли соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, санги асоси бинои он 7 августи соли 2010 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.  Бинои осорхона аз зербино ва се қабати болоӣ иборат буда, дорои толорҳои гуногун барои ба намоиш гузоштани осори нодири қадимию муосир аз таъриху фарҳанг ва илму адаби оламшумули миллати бостонии тоҷик ва ҳамчунин толору утоқҳои мухталиф барои маҷлису конфронс, семинарҳо ва машғулиятҳои таълимии мактабиёну донишҷўён ва олимону таърихнигорон мебошад. Масоҳати умумии бинои осорхона 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 15 ҳазор метри мураббаъ барои толорҳои намоишӣ пешбинӣ гардидааст.

Хусусияти хоси Осорхонаи миллии Тоҷикистон он аст, ки иншоот маҳз барои осорхона сохта шуда, махсусияти  ҳирфавии соҳа  ба  ҳисоб гирифта  шудааст. Яъне он бо назардошти ҳифзи бегазанди осори таърихӣ, реҷаи ягонаи ҳароратии нигоҳдории ёдгориҳо, тарзи пешбурди  экскурсияҳо,тартиби  муайяни боздиди  тамошобинон  аз  толорҳои  намоишӣ бунёд гардидааст. Президенти мамлакат шахсан чандин маротиба аз чараёни сохтмони бинои Осорхона боздид намуда, барои беҳбудии кор дастурҳои созанда доданд.

20 марти соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии  «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-ро бо буридани лентаи рамзӣ расман ифтитоҳ намуда, худи ҳамон рӯз дар маҷлисгоҳи он бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат мулоқот анҷом доданд. Дар ин рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат зикр намуданд: «Осорхона аз лиҳози меъморӣ намунаи барҷастаи пайванди асрҳо, омезиши услубҳои классикӣ ва муосир буда, бо истифодаи технологияҳои пешрафтаи муҳандисиву бинокорӣ бунёд гардидааст ва иқдоми усулан тозае дар санъати меъмории кишвари мо ба шумор меравад».

Инчунин Пешвои миллат дар идомаи ҳамон суханронӣ гуфта буданд: «Осорхона — оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад».

АМИТ «Ховар»: Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бисёр толорҳои зебову барҳаво мавҷуданд, ки дар онҳо нигораҳои таърихии миллати тоҷик ба маъраз гузошта шудаанд. Мегуфтед, ки чанд шуъба (толор)-и он барои тамошобинон пешбинӣ гардидааст?

З. Иброҳимзода: Муассисаи  давлатии  «Осорхонаи  миллии  Тоҷикистон»   22 толори намоишӣ дошта, дар  онҳо  беҳтарин шоҳкориҳои  ниёгон, ки  муаррифи  таъриху  тамаддуни  халқи  тоҷик  мебошанд, ба  маърази  тамошо  гузошта шудаанд. Ҳамзамон дар  Осорхона барои  ҳифзи  осори антиқӣ 5 махзани нигоҳдории ёдгориҳои  таърихӣ ва 12 озмоишгоҳ мавҷуд аст.   Имрӯз дар Осорхона зиёда аз 50 ҳазор ёдгории таърихӣ нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Тавре зикр намудам, хусусияти аз ҳама хоси Осорхонаи  миллии  Тоҷикистон дар  он  аст, ки бинои  он  маҳз барои  осорхона бунёд шудааст ва талаботи  ҳирфавии ин соҳа  ба  инобат  гирифта  шудаанд.  Дар  баробари   дигар  шуъбаҳои  тахассусӣ, дар Осорхона барои тамошобинон чор шуъбаи экспозитсионӣ: шуъбаи табиат, шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарин, шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд.

ШУЪБАИ ТАБИАТ

Шуъбаи табиат дар зербинои Осорхона ҷойгир буда, ба тамошобинон оид ба мавқеи географии Тоҷикистон, иқлим, сарватҳои табиӣ ва конҳо, олами ҳайвоноту растаниҳо ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад. Шуъба аз се толори калон ва ду толори хурд иборат мебошад. Дар шуъбаи табиат толори махсуси геологӣ мавҷуд аст, ки дар он      намунаи маъданҳои конҳои ҳудуди мамлакат, пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин, гӯшаи палеонтология (организмҳои сангшуда) ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамзамон дар ин шуъба бо олами ҳайвоноти Тоҷикистон тавассути диорамаҳои «Помир», «Баландкӯҳ», «Чилдухтарон», «Даштиҷум» ва «Бешаи Палангон» шинос шудан мумкин аст.

Инчунин дар ҳамин толор дарахти махсусе мавҷуд аст, ки бо сангҳои қиматбаҳои Точикистон оро дода шудааст. Он 19 ҳазору 538 барг дорад, ки ҳамаашон сангҳои Тоҷикистон мебошанд. Дарахт 4 метр баландӣ ва 600 килограм вазн дорад.

ШУЪБАИ ТАЪРИХИ БОСТОН ВА АСРҲОИ МИЁНА

Ин шуъба яке аз шуъбаҳои калонтарин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор меравад. Толорҳои намоишии шуъба 9 ададро ташкил карда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми Осорхона ҷойгир шудаанд. Шуъбаи мазкур таърихи инсониятро аз замони ҷамъияти ибтидоӣ то ибтидои асри ХХ бо нигораҳои пурарзиш инъикос менамояд.

Толори якуми шуъба бо харитаи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон оғоз меёбад, ки тамошобин тавассути ин харита метавонанд бо зиёда аз 2 ҳазор ёдгориҳо шинос шавад. Инчунин дар ин толор асри санг ба таври муфассал пешниҳод шудааст. Қадимтарин ёдгории асри санги Осиёи Миёна Кӯлдара мебошад, ки таърихи 1-миллионсола дорад ва дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир аст. Давоми ин толор бинандаро ба давраи дигари ҳаёти инсоният- асри биринҷӣ шинос мекунад. Бозёфтҳо аз ёдгориҳои аҳди биринҷӣ- Зарчахалифа, Кангурттут, Ғелот, Макони мор, Иттифоқ, Дашти Қозӣ, Қайроққум ба намоиш гузошта шудаанд.

Толори дуюми ошёнаи якум ба фарҳанги то исломӣ бахшида шуда, бозёфтҳои таърихӣ, аз қабили устухондонҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Дар толор оид ба китоби «Авесто», тақвими зардуштӣ, ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз қабили Сада, Наврӯз ва Меҳргон маълумот пайдо намудан мумкин аст.

Толори сеюми ин ошёна оид ба давраи нахустин шоҳигарии ҷаҳон- императории Ҳахоманишиён ҳикоят менамояд. Аҳамияти таърихии ин давра аз он иборат аст, ки Куруши Кабир нахустин эъломияи ҳуқуқи башарро таҳия намуда, онро дар амал татбиқ сохт. Бузургтарин ёдгориҳои ин давра бозёфтҳои Хазинаи Амударё мебошанд, ки соли 1878 аз ноҳияи Қубодиён бозёфт гардидаанд. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нусхаи тиллоии ин ёдгориҳоро ҷониби Тоҷикистон аз Осорхонаи Британияи Кабир харидорӣ намуд ва онҳо дар ин толор ба маъраз гузошта шудаанд. Ҳамзамон дар ин толор нигораҳо вобаста ба ёдгориҳои Саксанохур, Тахти сангин, давлатдории Юнону Бохтар ва империяи Кӯшониён дида мешаванд.

ШУЪБАИ ТАЪРИХИ НАВ ВА НАВТАРИН

Дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхона ёдгориҳо ва нигораҳо оид ба ҳаёти Тоҷикистони замони Иттиҳоди Шӯравӣ ( солҳои 1917-1991) маҳфуз буда, оид ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) маълумот медиҳанд. Ҳамзамон дар ин шуъба дастовардҳои замони истиқлол, аз қабили сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва бунёди иншооти замонавӣ тавассути нигораҳо инъикос гаштаанд.

ШУЪБАИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА АМАЛӢ

Толорҳои намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхона оид ба жанрҳои гуногуни ин намуди санъат, чун портрет, пейзаж, натюрморт, триптих, ҳайкалтарошӣ, санъати амалӣ — ороишӣ ба тамошобинон маълумот медиҳанд. Намоишгоҳи шуъбаи мазкур аз маҳсули эҷоди мусаввирони солҳои 1930 -и асри ХХ оғоз шуда, давра ба давра рушди ин намуди ҳунарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамояд.

Дар толори дуюми шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон намунаҳои ҳунари кандакории болои чӯб ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар толори сеюми шуъба асарҳои муаллифоне ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки эшон дар ташаккули мактаби рассомии миллии солҳои 70 – уми асри ХХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намудаанд. Толори чоруми шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ ба ҳунари кундалкорӣ бахшида шудааст. Дар шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба таври махсус толор барои ташкил намудани намоишҳои муваққатӣ пешбинӣ шудааст, ки дар он намоишҳои гунонуни ватанӣ ва бурунмарзӣ баргузор мегарданд.

АМИТ «Ховар»: Дар қатори дигар толорҳои барҳаво дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд. Дар он ҳадяҳои ба Президенти Тоҷикистон аз дигар мамолики олам эҳдошуда, ба монанди «Амсилаи Каъба», «Порае аз Кисва (парда)-и Хонаи Худо (Каъба)-туҳфаи Арабистони Саудӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Оид ба ин ҳадяҳо каме маълумот медодед.

З. Иброҳимзода: Дар ин толори махсуси муҷаҳҳаз туҳфаҳое, ки ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  шахсони воломақоми мамлакатҳои хориҷӣ эҳдо гардидаанд, ба маъраз гузошта шудаанд. Аз ҷумла,  «Ордени Пётри Кабир»-туҳфа аз Академияи бехатарии  Федератсияи Россия, «Табақи заррандуд»-туҳфа аз Ҷумҳурии Туркия, «Ҷоми нуқрагин»-туҳфа аз собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, «Армуғони нуқрагин»-туҳфа аз Вазорати корҳои хориҷии Малайзия, «Ҷоизаи махсуси СММ»-туҳфа аз СММ, «Табақ ва гулдони чӯбин»-туҳфа аз собиқ Президенти Украина Леонид Кучма, «Амсилаи Регистони Самарқанд»-туҳфа аз собиқ Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, «Қаламдон»-туҳфаи вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Ашван Сингха, «Аспи рамзӣ»-туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ғайра туҳфаҳое ҳастанд, ки аз ҷониби сарварон ва дигар роҳбарони воломақоми давлатҳои ҷаҳон ба Президенти мамлакати мо туҳфа карда шудаанд. Инчунин дар ин толор туҳфаҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сафарҳои Сарвари далват ба ин ё он минтақаи мамлакат ба он кас ҳадя гардидаанд, мавҷуд мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар баробари ҳазорон ёдгориҳои таърихӣ меҳробе мавҷуд аст, ки он пурра аз чӯб ва кандакорӣ сохта шуда, бо номи Меҳроби Искодар маъмул аст. Мегуфтед, ки он чӣ гуна меҳроб ва ба асри чанд мутааллиқ аст?

З. Иброҳимзода: Меҳроби Искодар бузургтарин меҳроби чӯбини олам буда, ба асрҳои IХ-Х мансуб мебошад. Сабаби меҳроби Искодар номидани ёдгории мазкур он аст, ки вай соли 1925 аз деҳаи Искодари ноҳияи Айнии имрӯза аз ҷониби мардумшинос М. С. Андреев бозёфт шудааст. Олимони шинохта В. Чейлитко, Ю. Ёқубов, В. Л. Воронина, О. И. Смирнова ва С. Хмелнитский меҳробро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Катибаи куфии онро соли 2000-ум бори аввал дар он айём корманди Осорхонаи миллӣ, имрӯза директори  ин  муассиса А. Шарифзода хонда, тарҷума намудааст. Ин меҳроб аз чӯби тӯс бе истифода аз меху ширеш сохта шудааст. Он 327 см баландӣ ва 180 см бар дошта, аз се қисми асосӣ: пештоқ, лавҳаи мураббаъ ва ҳошияи мунаққаши тасвири моҳидор иборат мебошад. Тамоми пештоқ бо нақши ҷолиби исломию ҳандасӣ оро дода шудааст. Дар лавҳаи чоркунҷашакли дарозрӯяи дохили пештоқ дар баробари нақшҳои наботӣ нақши ҳандасии монанд ба чалипо (свастика) баръало намоён аст. Сарсутунҳои дохилии пештоқ бо усули тоисломӣ сохта шудаанд ва дар қисми берунии онҳо низ чалипо намоёнтар ба назар мерасад. Чалипо (свастика) рамзи мардуми қадимаи ориёитабор ба шумор меравад.

Албатта, дар ҷаҳон меҳробҳои дигар   пайдо шуданд, ки аз тилло, нуқра ва ё гаҷ сохта шудаанд, аммо меҳроби чӯбин то ҳол дар ягон ҷои дунё пайдо нагардидааст ва мавҷуд нест. Бояд гуфт, ки чӯб 1100 сол умр  дида, бе осеб то ба ин вақт расиданаш худ як муъҷиза мебошад.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Меҳроби мазкур намунаи олии санъати кандакории болои чӯб дар аҳди Сомониён мебошад».

АМИТ «Ховар»: Дар бораи ковишҳои бостоншиносӣ ва дастовардҳои кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки самти муҳими фаъолияти онҳо мебошад, бисёр мешунавем. Акнун мегуфтед, ки то имрӯз аз ҷониби бостоншиносони осорхона кадом ёдгориҳо кашф гардидаанд? 

З. Иброҳимзода: Чуноне ки дар боло  таъкид  намудам, Осорхонаи  миллии  Тоҷикистон  фаъолияти  худро  дар  бинои  нав  соли 2013 оғоз  намуд. Дар давоми фаъолияти 5-солаи Осорхона кормандони он ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар  ин  давра аз  ҷониби кормандони Осорхона дар  ёдгориҳои «Ғаравқалъа»-и  ноҳияи  Ёвон, «Чимқӯрғон»-и  ноҳияи  Шаҳринав,  «Ҳалқаҷар»-и ноҳияи  Хуросон  ковишҳои  бостоншиносӣ ба  анҷом  расонида  шуданд.

Мавриди  зикри  хос  аст, ки бостоншиносони мо дар назди  деҳаи Сайёди ноҳияи  А.Ҷомӣ  шаҳри қадимеро кашф карданд, ки аз қалъа ва шаҳристон иборат аст. Дар давоми ҳафриёт хонаҳои истиқоматӣ ва осори гуногун, аз қабили сиккаҳои Евкратид, сиккаҳои шоҳони кушонӣ- Ҳерай, Сотер Мегас Вима Такту, Вима Кадфиз ва Канишка, ҳайкалчаи гилии  модархудо, корди оҳанӣ, кафлезчаҳои биринҷии фулузгудозон, дастмона  ва ангуштаринҳои биринҷӣ, муҳраҳои ақиқ, хумҳо ва кӯзача, шумораи зиёди  зарфпораҳои сафолӣ, далясангҳо, сангҳои уғурак ва чизҳои дигари бостонӣ пайдо карданд. Дар асоси сиккаҳо муайян карда шуд, ки ин шаҳр на дертар аз асри I пеш аз мелод пайдо шудааст ва давраи нашъунамои он ба замони ҳукмронии Сотер Мегас — Вима Такту ва Вима Кадфиз, яъне ба асри  I мелодӣ рост меояд.  Бояд гуфт, ки шаҳри Сайёд яке аз марказҳои муҳими иқтисодӣ ва фарҳангии водии Вахш дар замони кушониён будааст.

 

Дар баробари ин бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон берун аз Тоҷикистон низ фаъолият мекунанд. Ҳоло ду нафар кормандони мо дар мавзеи Миси Айнаки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо даъвати ҳамон ҷониб ба ковишҳои бостоншиносӣ машғуланд ва он осореро, ки дар натиҷаи ковишҳо пайдо мешаванд, тармиму таҳким мекунанд.

Ғайр аз ин соли 2019 дар осорхонаи «Гиме»-и шаҳри Парижи Франсия  намоиши махсус бо номи «Тоҷикистон мамлакати дарёҳои тиллоӣ» баргузор мегардад, ки дар он Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигораҳои худро ба намоиш мегузорад ва  дар самти  баргузор  намудани намоишҳои  байналмилалӣ Осорхонаи  миллии  Тоҷикистон таҷриба  дорад. Бояд гуфт, ки соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсия Россия бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги    дуюми ҷаҳон аз  ҳисоби  фонди  Осорхонаи  миллии Тоҷикистон намоиш таҳти унвони «Мо  дар  муборизаи  зидди  натсизм якҷоя будем» баргузор гардид. Дар он нигораҳои марбут ба ин давраи таърихи халқи тоҷик  ба намоиш гузошта шуда, корнамоиҳои  ҷангию  меҳнатии халқи  тоҷикро  дар ин  набардҳои  хунин  инъикос  намуданд. Дар шаш  моҳи фаъолияти намоиши Тоҷикистон дар  осорхонаи  «Ҷанги Бузурги  Ватанӣ»-и  ш.  Москва аз он қариб 400 ҳазор нафар тамошобинон боздид намуданд.

АМИТ «Ховар»: Моҳи декабри соли 2005   Нашриёти «Глобал Скопарли Пабликейшнз»-и Иёлоти Муттаҳидаи Америка китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо номи «Тоҷикистон ва нақши он дар ҳалли масоили умумибашарӣ» аз чоп бароварда буд, ки дар он суханронӣ, мақола, нутқ ва мусоҳибаҳои Сарвари давлатамон дар масъалаҳои муҳими ҳаёти байналхалқӣ ва проблемаҳои сиёсати дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол гирд омадаанд. Аз ҷумла, дар ин китоб гуфта шудааст, ки «калонтарин муҷассамаи Буддо дар дунё дар Тоҷикистон аст, ки он баёнгари мероси ғании динҳои ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад». Ҳоло  нусхаи ин муҷассама дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст. Бигӯёд, ки он ба асрҳои чанд мансуб аст ва аз куҷо пайдо карда шуд?

З. Иброҳимзода: Муҳимтарин бозёфт аз  дайри буддоии Аҷинатеппа муҷассамаи 12-метраи Буддои дар ҳолати нирвона ё хобида аст, ки номи ин мавзеъро дар сартосари Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои ҷаҳон машҳур кард. Дайр  мансуби  асри 8 буда, ба таври куллӣ солҳои 1960-1975 аз  ҷониби  бостоншиносон  Б. А.  Литвинский ва Т. И.  Зеймал  бозёфт шудааст. Дар  натиҷаи  ҳафриёт пораҳои зиёди муҷассамаҳо аз бинои маъбад ба даст омаданд, ки персонажҳои гуногуни дини буддоиро ифода менамоянд. Андозаи муҷассамаҳо гуногун буданд; муҷассамаҳои калон баробари қади одам ва инчунин муҷассамаҳои хеле хурд. Дар долонҳои маъбад деворнигораҳои зиёд ва ҳайкалҳои калон бозёфт шудаанд. Деворҳои долонҳо низ аз боло то ба поён пур аз нигораҳо буданд, вале қисми зиёди онҳо аз порчаҳои кўчак боқӣ мондаанд, ки ҳоло тармимашон ғайриимкон аст. Деворнигораҳои хуб ҳифзшуда, ба мисли «Саҳнаи насиҳати Буддо» ва «Саҳнаи ҳадябарандагон» низ бозёфт шудаанд. Дар гумбадҳо тасвирҳои хурди буддои нишаста, аз ҷумла «Тасвири буддо дар ҳазор ҳолати ҳаёт» кашида шуда буданд. Ҳоло нусхаи муҷассамаи бузурги Буддо дар ҳолати нирвона дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ба  намоиш  гузошта  шуда,   нусхаи  аслии  он  дар  Осорхонаи  бостоншиносии  Институти  таърих  ва  бостоншиносии  ба  номи  А. Дониши назди  Академияи  Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад, ки  он  12 метру 85 см дарозӣ  дорад. Шоистаи  ёддошт  мебошад, ки  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ёдгории дайри  буддоии  Аҷинатеппа  барои  ворид шудан  ба  рӯйхати ёдгориҳои умумиҷаҳонии  ЮНЕСКО  пешниҳод  шудааст.

АМИТ «Ховар»: Чун имсол дар мамлакатамон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, мегуфтед, ки чӣ қадар тамошобинон, аз ҷумла, сайёҳони хориҷӣ аз Осорхонаи миллӣ бозид намуданд?

З.Иброҳимзода: Дар нимсолаи  аввали соли равон 75 ҳазору 643 нафар одамон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд, ки аз ин шумора 1 ҳазору 772 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин мо ҳамасола 18 май намоиши «Шабе дар Осорхона»-ро роҳандозӣ менамоем, ки он ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бахшида мешавад. Соли 2018, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, аз ин намоиши Осорхонаи миллии Тоҷикистон  6 ҳазор нафар дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон меҳмонони олимақом низ пайваста ташриф меоранд. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков,  муовини вазири корҳои хориҷии давлати Уммон Муҳаммад ал – Зарафӣ, Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао, Раиси Департаменти фарҳангии Ҳукумати Аморати Шарҷа, Президенти Институти Шарҷа оид ба мерос Абдулазиз ал-Мусаллам ва ахиран Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн аз зумраи «Меҳмони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд, ки ба хотири ошноии бештар бо таърих ва маданияти миллати тоҷик аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2018 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни «Тоҷикфилм» ва «Сарез Сармоя» шартномаи ҳамкорӣ оид ба таҳияи филми мустанади «Сарез» имзо шуд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
«Тоҷикфилм» ва Синамогурӯҳи «Ғарб» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор иқтисоди Тоҷикистонро хеле устувор ва ба самти дуруст рушдёбанда арзёбӣ намуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Панҷакент Кӯшки суғдӣ кашф гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар осорхона» доир мешавад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд беш аз 100 намояндаи ВАО сабти ном гардид
Оҳангсоз аз Эрон: «Шашмақомсароёни тоҷик хеле садои дилнишину оромбахш дошта, дар фосилаҳои садоии созҳои ин жанр бартарӣ доранд»
Дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» доир шуд