Масъуди Сипанд: «Ҳар гоҳ хумори Ватан, хумори ёру диёр бигирад, роҳи Тоҷикистонро пеш мегирам, зеро ин ҷо кошонаи умеди ҳамаи порсизабонони дунёст»

Сентябрь 13, 2018 16:49

ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Масъуди Сипанд шоири шинохтаи эронитабори муқими Амрикост.  Вай муаллифи матни суруди «Ман ориёиям» мебошад ва дар Тоҷикистон низ маҳбубияти зиёд дорад. Ӯ дар зарфи чаҳоряк аср қариб ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Наврӯзи оламафрӯз ба Душанбе ташриф меорад, ба шаҳру ноҳияҳои гуногун меравад, бо аҳли зиё мулоқотҳо доир менамояд ва дар базмҳои шеъру суруд ширкат меварзад.

Меҳри Тоҷикистон ва орзуи дидори дӯстон шоири зиндадилу беқарори 75-соларо дар арафаи 27-умин солгарди Итиқлолият боз барои омадан ба куҳандиёри мо таҳрик бахшид. Мо оғои Сипандро ба меҳмонхонаи АМИТ «Ховар» даъват кардем ва ӯ лутфан розӣ шуд, ки ба суолҳои мо посух диҳад.

АМИТ «Ховар»:   Ҷаноби Сипанд, Шумо, ки зуд-зуд меҳмони Тоҷикистон мешавед, ҳар бор онро чӣ гуна дармеёбед?

Масъуди Сипанд:  Таваҷҷуҳ нисбат ба кишвари шумо дар дили камина ҳанӯз қабл аз он, ки аз Тоҷикистон бори нахуст боздид ба амал оварда будам, тавлид гардида буд. Ин замоне буд, ки соли 1994 устоди зиндаёд Муҳаммад Осимӣ ба ҳайси аввалин роҳбари ҷамъияти «Пайванд» ба шаҳри Сан-Франсиско, ки ман бо аҳли байтам чиҳил сол боз он ҷо ба сар мебарам, омада буд. Ҷамъияти эрониён дар шаҳр хеле бузург аст. Ҳангоми мулоқотҳо мардум меҳмони тоҷикистониро суолборон мекарданд. Моро аҷаб меомад, ки Тоҷикистон кишварест, ки дар он осори Фирдавсию Саъдию Ҳофизу Хайёмро медонанду дар забони асл қироат мекунанд ва на камтар аз эрониён мепарастанд. Ёд дорам, ки устод Осимӣ гуфта буданд: «Тоҷикию форсию дарӣ амсоли се пиёла чой аст, ки аз як чойник рехта шудаанд».

Баъд аз он шиносоӣ ва мулоқоту суҳбатҳо бо он пири хирад ҳаваси дидани Тоҷикистони ба масофа дуру ба қалб наздик дигар маро ҳеҷ тарк намекард. Биноан, худи ҳамон сол, агарчӣ баъзе касон маро ҳушдор медоданд, ки сафар ба кишвари ҷангзада хатар дорад, мани пур аз шавқи дидор ба Тоҷикистон омадам. Ҳарчанд қаблан баъзе маълумот дар бораи мамлакати шумо андӯхта будам, он чи ман дар ин ҷо дидам, аз ҳама  тасаввуроти ман ба маротиб бештар баромад. Тоҷикистон бо табиати биҳиштосояш ва мардуми меҳмоннавозу ширингуфтораш маро тасхир кард ва мафтун сохт. Ҳарчанд ҷанг идома дошт, ҳар боре, ки суханрониҳои Роҳбари хирадманди давлати шуморо мешунидам, итминони комил ҳосил мекардам, ки сулҳу субот дар ин куҳандиёр ҳатман пирӯз мешавад. Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд. Аслан, мо ориёитаборон, аз ҷумла тоҷикон сулҳпараварем. На мо, балки Искандари Мақдунию арабҳою муғулҳо бар сари мо лашкар кашиданд, мо фақат дар ҳифозати Ватан будем. Вақте хушхабари тантанаи сулҳ ба гӯши мо расид, ману хонумам, ки низ ошиқи Тоҷикистон аст, ҳамчунин шодӣ кардем.

Тоҷикистон имрӯз хонаи умеди ҳамаи форсизабонони дунё шудааст. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон дили таппандаи халқҳои форсизабон аст. Агарчӣ қаламрави забони форсӣ бузург мебошад, вале имрӯз на дар Эрон, на дар Афғонистон наметавон озод ҳарф зад, сухан биорост, фақат дар Тоҷикистон чунин муҳит фароҳам аст. Ҳарчанд Тоҷикистон аз лиҳози масоҳат нисбатан кӯчак аст, вале аз лиҳози ғайрату азамату андеша бузург аст. Гаҳвораи тамаддуни ориёӣ аслан ин ҷост. Ҳазрати Зардушту Гуштосп ин ҷо, дар лаби рӯдхонаи Вахш ақидаҳои ҷовидонаи созандаи худро бори нахуст ба мардум арза доштанд. Ҳар бор ба Тоҷикистон оям, ҳайратам маефзояд. Душанбе дигар он шаҳре нест, ки ман бори аввал дида будам, шаҳрест, ки «шабҳо мунаввар мешавад дар мавҷи дарёи чароғ». Бовар дорам, ки он дар ояндаи наздик ба зеботарин пойтахтҳои олам табдил меёбад. Дар дигар шаҳру рустоҳо низ корҳои ободонӣ дар авҷанд. Муҳимтар аз ҳама, маънавиёт пайваста боло меравад, насли нав диди тозаю фарох ба ҷаҳон дорад. Ин чи  хубест!

АМИТ «Ховар»:  Ба ғайр аз пойтахт боз дар кадом шаҳру навоҳии мо будед?

Масъуди Сипанд: Ҳар бори сафар ба Тоҷикистон саъй менамоям аз ягон шаҳр ё рустое, ки қаблан набудам, дидан бикунам. Қариб дар ҳамаи шаҳрҳои Тоҷикистон будам. Ин бор дӯстон маро ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бурданд. Ҳарчанд роҳ ҳанӯз харобу мушкилгузар аст, аз тамошои манзараҳои дилфиреб, чашмаҳои хурӯшон, тагобҳои назаррабо, боғҳои шукуфон ва қуллаҳои сар ба фалаккашидаи барфпӯш басо хушам омад. Ба худ гуфтам, ки ҳайф, хонумам ба сабаби маризӣ ин бор бо ман наёмад, вагарна ҳаловат мебурд. Иншооллоҳ, боз меоем. Соли равон дар кишвари шумо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, ки иқдоми хеле оқилона аст. Дар Тоҷикистон ҷойҳои диданӣ бисёр аст ва бовар дорам, ки Тоҷикистон Маккаи сайёҳони чаҳон мешавад.

АМИТ «Ховар»:  Оё Шумо медонед, ки суруди «Ман ориёиям» дар Тоҷикистон, алалхусус дар миёни ҷавонон маҳбубияти зиёд дорад?

Масъуди Сипанд:  Бале, огаҳам. Онро хонум Хуҷаста Мирзовалӣ месарояд ва бовар кунед, дар маҳорат на камтар аз Марям Ҷалолӣ аст, ки бори аввал ин суруд аз забони ӯ дар Амрико садо дода буд. Мо ориёинажодем ва аз ин барҳақ, ифтихор мекунем. Аммо вақте ин шеърро навиштам, баъзе касон маро дар нажодпарастӣ муттаҳам карданӣ шуданд. Ин комилан ғалат аст. Пӯсти одам кадом ранге набошад, хоҳ сафед, хоҳ сиёҳ, хоҳ зард, муҳим нест, муҳим Инсон аст. Инсоният мисли мавҷи рангҳои чаман аст. Ман дар боғу кӯчаҳои Душанбе бисёр сайр мекунам, гоҳо тани танҳо ва мебинам, ки мардумон бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд, озод, хурраму хандон ҳастанд. Чӣ хубе! Шоире дуруст фармудааст:

Биҳишт он ҷо, ки озоре набошад,

Касеро бар касе коре набошад.

 Фикр мекунам ва аминам, ки Тоҷикистон ҳамин гуна биҳишт аст.

АМИТ «Ховар»:  Шумо, ки худ аҳли қалам ҳастед, кадоме аз адибони моро медонед ва аз осорашон огоҳед?

 Масъуди Сипанд: Бале, аксари адибони тоҷикро медонам, шеърҳояшонро хондаам ва бо чанде аз онон паймони дӯстӣ дорам. Аз шоирони тоҷик алалхусус ба Лоиқ Шералӣ арҷ мегузорам. Кам шоирест, ки мисли ӯ сухани нав, дилҷӯ ва бикр гуфта бошад. Ҳар боре оям, ҳатман ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон меравам. Чунин бинои зебо ва мувофиқро барои шоирону нависандагон ман дар ягон кишвари дигар надидам. Ба қадри чунин ғамхорӣ бояд расид. Огоҳам, ки Президенти мамлакати шумо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди адабиёт ва нашри китобҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Ҳамоиши байналмилалии шоирони ҳавзаи Наврӯз ду сол муқаддам, ки воқеан як рӯйдоди барҷастаи фарҳангӣ буд, бо ташаббусу дастгирии эшон барпо гашт.

АМИТ «Ховар»: Шумо бори аввал ба Тоҷикистон дар замоне омада будед, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар авҷ буд. Ҳоло хурду калон медонанд, ки боиси сар задани ҷанг фаъолияти тахрибкоронаи ҳизби имрӯз мамнӯъи наҳзати ислом буд. Бисёр кишварҳои ҷаҳон ин иқдоми ҷониби Тоҷикистонро бобати манъ кардани фаъолияти ин ташкилоти террористӣ ҷонибдорӣ намуданд. Чанде пеш яке аз таъсисдиҳандагони ин ҳизб Аёмиддин Сатторов, ки амалҳои зишти онро дарк намуда, аз карда пушаймон гардидааст, аз тариқи як барномаи телевизионӣ бо ҳама масъулият дар бораи даст доштани Эрон дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳорот пахш кард. Шумо дар ин бора чизе гуфта метавонед?

Масъуди Сипанд:  Албатта, маълумоти мушаххас дар ин бора надорам. Аммо бояд бигӯям, ки то замони кӯч бастанам ба Амрико ман сардори пулиси шаҳри Бандар Аббос будам ва аз фаъолияти хадамоти махсуси Эрон огаҳӣ дорам. То он ҷое, ки маълумотам ҳаст, бисёре аз наҳзатиҳо дар Эрон аз охундҳо таълим гирифтаанд. Пас, дилпурона метавон хулоса кард, ки Эрон дар барафрӯхтани оташи ҷанг дар Тоҷикистон даст дорад, зеро ҳамвора мекӯшад қаламрави нуфузи худро вусъат бахшад. Хайрият, ки ба ҳадафи худ нарасид. Шумо, тоҷикон, як чизро бояд дарк бикунед, агар Эрон таъсири худро ин ҷо гузорад, оромию суботи шумо зери хатар мемонад. Алҳазар аз охундҳои тиҳимағзу ҷоҳилу тангназар! Аз онҳо ба шумо ҷуз зиён чизе намерасад. Аммо як чиз маро ба андеша водор кард. Дар суҳбат бо баъзе аз аҳли зиё дидам, ки эшон фирефтаи суханони охундҳоянд ва намефаҳманд, ки асли ҳадафҳои онон чист. Ин кори баъзе зиёиёни содалавҳи шумо хатои маҳз аст. Равшанфикрони шумо бояд бо охундҳои фитнаангез ситез кунанд, на муросо, гузашта аз ин, фанду фиреби эшонро, ки ҳадафашон ҷуз коштани тухми низоъ ва таҳмил кардани ғояҳои тундрави хеш нест, фош бисозанд ва маҳкум бикунанд.

Ҳушёр бошед, ман инро чун дӯсти тоҷикону Тоҷикистон ва мӯътақиди арзишҳои дунявӣ, арзишҳои олии инсонӣ мегӯям. Ҳамон арзишҳое, ки Мавлоно васф мекард. Бубинед, мулло аз мулло то куҷо фарқ мекунад? Манзурам ин аст, ки Мавлоноро ҳам Муллои Рум мегӯянд. Вале ӯ ваҳдати халқи ҷаҳонро орзу мекард, охундҳои эронию наҳзатиҳои тоҷик ба ҷуз тахрибкорию ангехтани ваҳшат чизе дар сарҳои пучи худ надоранд. Тоҷикон бояд дар атрофи Роҳбари давлати хеш муттаҳид бошанд ва истиқлолияти кишварро аз ҳама гуна дастдарозӣ ҳифозат намоянд.

АМИТ «Ховар»:  Шумо гуфтед, ки дар Амрико, аз ҷумла шаҳри Сан-Франсиско ҷамъияти эрониҳо сернуфусу сернуфуз аст. Аз чеҳраҳои фарҳангӣ он ҷо киҳо ҳастанд?

 Масъуди Сипанд:  Воқеан ҳамин тур аст. Эрониҳо дар ҳамаи риштаҳо муваффақанд, забони порсӣ ва арзишҳои миллӣ побарҷоанд. Аз чеҳраҳои фарҳангӣ метавонам Гугуш, Аҳмади Карими Ҳаккок, Саттор, Сиёвуши Қумайшӣ, Марями Ҷалолиро ном бигирам. Ҳар гоҳ ман аз Тоҷикистон баргардам, онҳо дар нишастҳоямон, ки зуд-зуд доир менамоем, аз Тоҷикистон пурсон мешаванд. Ҳамаашон орзу доранд, ки Тоҷикистонро бубинанд.

АМИТ «Ховар»:  Ташаккур ба Шумо, ҷаноби Сипанд барои чунин дилбастагӣ ба Тоҷикистон.

Масъуди Сипанд: Магар дигар хел шуда метавонад? Бори дигар мегӯям, ки Тоҷикистон дили таппандаи ҳамаи форсизабонони дунёст.

                                                                             Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2018 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст