БАРОИ ИДОРАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИМРӮЗА ҚУВВАИ ДАСТУ БОЗУ НЕ, ДОНИШ ЗАРУР АСТ. Дар Академияи илмҳо семинари назариявӣ баргузор гардид

Октябрь 2, 2018 17:12

ДУШАНБЕ, 02.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди демографии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор семинари назариявӣ баргузор гардид. Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз таъсисдиҳандагони семинар ба ҳисоб мераванд, ҳамоишро бо мақсади шинос намудан бо сиёсати демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амиқ донистани ҷараёнҳои тараққиёти демографӣ дар мамлакат ташкил намуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷамъомадро ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдураҳмон Муҳаммад ифтитоҳ намуд. Сипас директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, узви вобастаи АИ ҶТ Л. Саидмуродов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ С. Исломов,  номзади илмҳои иқтисодӣ А. Бобоев, номзади илмҳои иқтисодӣ Ш. Қодиров дар бораи вазъи демографӣ, мазмуни муҳоҷират ва зарурати истифодаи он дар рушди Тоҷикистон, мазмуни сармояи инсонӣ ва аҳамияти он барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон маърӯза намуданд.

Зикр гардид, ки боигарии аз ҳама асосии давлатҳо аҳолии онҳо ба шумор мераванд. Баҳри беҳтар кардани вазъи зиндагии сокинон, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, пеш аз ҳама, аз шумораи аҳолӣ ва динамикаи он, хусусиятҳои таҷдиди аҳолӣ, равандҳои асосии демографӣ, қонуниятҳои он, мухталифоти марзию демографӣ ва ғайра бояд бархӯрдор буд.

Тоҷикистон миёни давлатҳои ИДМ яке аз нишондиҳандаи баланди омориро дар самти афзоиши аҳолӣ соҳиб аст. Соли равон аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид. Бо суръат афзоиш ёфтани аҳолии Тоҷикистон нишонаи беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум аст. Имрӯзҳо кишварҳои зиёди тараққикардаи ҷаҳон аз муҳимтарин сарват – сармояи инсонӣ танқисӣ мекашанд ва барои ҳалли ин мушкил маблағҳои зиёд сарф мекунанд. Тоҷикистон дар баробари пешсаф будан аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ ҳамчунин яке аз кишварҳои дорои аҳолии ҷавонтарин ба ҳисоб меравад. Дар мо синни миёнаи аҳолӣ 24 солро ташкил медиҳад, ки ин хушбахтии миллат аст. Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи қавии инсонӣ барои рушди фардоро дорад.

Танҳо ин сармоя бояд оқилона истифода шавад. Барои ин насли навраси мо бояд асосҳои илму донишро амиқ омӯхта, касбҳои замонавӣ ва  барои имрӯзу фардои кишвари мо заруриро аз худ кунанд. Дар баробари босуръат афзоиш ёфтани аҳолии Тоҷикистон ба дараҷаи саводнокии он низ бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Зеро имрӯз мо дар шароите зиндагӣ дорем, ки  компютерҳо ҷараёнҳои технологиро идора мекунанд. Барои иҷрои ин корҳо қувваи дасту бозу не, балки дониш зарур аст.

Ҳамзамон дар семинар масъалаҳои илми демография чиро меомӯзад, вазъият ва рушди демографии Тоҷикистон ва қонуниятҳои он, банақшагирии оила, никоҳ ва парокандашавии оила, вазъи ҳозираи муҳоҷирати аҳолӣ, сифати аҳолӣ ва рушди он, сармояи инсон-нишондиҳандаи сифати аҳолӣ, саломатии аҳолӣ ва сабабҳои асосии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 2, 2018 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид