Ғолибони Кинофестивали байналмилалии «Дидор» муайян шуданд

Октябрь 22, 2018 10:34

ДУШАНБЕ, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҷамъбасти Кинофестивали 8-уми байналмилалии «Дидор»  Шоҳҷоизаи швейтсарӣ ба беҳтарин филми «Боғи анорӣ»- и коргардони Озарбойҷони Илгар Наҷаф дода шуд. Ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳметраж ба филми «Киноман»- и коргардони қирғиз Аскар Нурахонулу ва ҷоизаи махсуси доварони байналмилалӣ ба филми «Зини туркӣ»- и Юсуф Розиқов аз Россия  тақдим гардид. Дар ин бора  раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов   ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои номбурда, дар бахши озмуни байналмилалӣ ҷоизаи аслии кинофестивали 8-уми «Дидор» ба филми «Хаёлӣ»-и коргардон  Парвиз Раҷабзода аз  «Хатлонсинамо», ҷоизаи беҳтарин филми аниматсионӣ  ба филми «Сандуқчаи зулбиё»-и  Алексей Румянтсев ва дар бахши «Озмуни филмҳои тоҷикӣ» ба филми «Таксӣ»-и Файзулло Файзов супорида шуд.

«Ин се ҷоиза дар бахши озмуни филмҳои тоҷикӣ  мебошанд. Ғайр аз ин ду ҷоизаи ифтихории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Тохир Собиров ба филми «Талош»-и Соҳибёр Толибиён ва барои нақши мураккаби мардона ба Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов тақдим гардид. Ҳамчунин чандин дипломҳои ифтихории кинофестивал ба коргардонҳои ҷавони соҳаи аниматсия  Хуршед Бобоев ва Ҳусейн Чиллаев  дода шуд. Ба мудири кафедраи кинои Донишгоҳи Кобул Самиҳулло Набипур  барои пешниҳоди барномаи ҷолиб ва саҳми назаррас дар ҳамкорӣ барои тарбияи кадрҳои соҳаи кино диплом тақдим гардида, ду нафар иштирокчиёни  хориҷӣ аз Афғонистон ва Эрон  ба узвияти ифтихории Иттифоқи кинематографистони   Тоҷикистон пазируфта шуданд»,-гуфт Сафар Ҳақдодов.

Ба иловаи номбурда, ин нафарон дар соҳаи кино дар робитаҳои байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон саҳми назаррас дошта, дар Кинофестивали  «Дидор» зимни  пешниҳоди филмҳои беҳтарин кумаки беғаразона  кардаанд.

Раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов  аз баргузории чунин  Кинофестивал изҳори хушҳолӣ намуда, иброз дошт, ки ин гуна фестивалҳо метавонанд коргардонҳои ҷавони тоҷикро бо  нозукиҳои ин соҳа шинос намоянд, то онҳо тавонанд бо ҳамкасбони хориҷии худ табодули таҷриба кунанд. Зеро имрӯз бисёр коргардонҳои ҷавонро зарур аст, ки боз ҳам кӯшишу ғайрат намуда, обрӯи соҳаи кинои тоҷикро аз ин ҳам боло бардоранд.

«Ман худ шоҳид шудам, ки  бештари коргардонҳои ҷавони тоҷик  ба ин фестивал алоқаманд буданд, то филмҳои офаридаи ҳамкасбони худро тамошо кунанд ва филмҳои худро ба намоиш гузоранд.  Пеш аз ҳама, дарк намуданд, ки кинои ҷаҳонӣ дар кадом сатҳ ва тамоюл қарор дорад.  Бо боварӣ метавонам гӯям, ки ин, албатта, ба эҷодиёти ояндаи коргардонҳои ҷавон таъсири мусбати худро расонида, сабаби рушди кинои  тоҷик мегардад»,- иброз дошт Раиси иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намуда, дар тӯли 88 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос кардааст. Истиқлолияти давлатӣ  имконият фароҳам овардааст, ки кинои тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ касб намояд ва кинематографистони тоҷик бо мурури замон бо ҳамкасбони хориҷии худ фаъолияти хуб ба роҳ монда, филмҳои муштарак эҷод намоянд.

Ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидан ба соҳаи кино як зумра барномаҳои давлатӣ: «Барномаи рушди кино барои солҳои 2006 – 2010» ва «Барномаи рушди кино барои солҳои 2011- 2015»-ро қабул намуд, ки зимни иҷрои барномаҳо  корҳои назаррас, аз ҷумла, навсозии заминаи моддию техникии «Тоҷикфилм» ба  анҷом расонида шуд. Моҳе қабл аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ боз як барномаи нав- «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» қабул гардид, ки умед аст зимни иҷрои он чандин камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи кино бартараф шаванд.

Ёдовар мешавем, ки Кинофестивали байналмилалии «Дидор» ҳамасола дар  Рўзи кинои тоҷик таҷлил гардида, аз 16 то 20 октябр  ба хотири бузургдошти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, коргардон ва актёри шинохта Тоҳир Собиров  баргузор мегардад.

Октябрь 22, 2018 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид