«БОЗОР СОБИР ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ». Таҳти ин унвон дар Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид

Декабрь 11, 2018 15:26

ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Бозор Собир ва ифтихори ватандорӣ»-таҳти чунин унвон имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ доир гардид. Ҳамоиши илмӣ ба 80-солагии шоири маҳбуби тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, яке аз   шинохтатарин ва дӯстдоштатарин шоирони ватансарои  тоҷик устод Бозор Собир бахшида шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иттилоъ медиҳад, ки дар конференсияи ҷумҳуриявӣ олимону шоирон, наздикон ва мухлисони ашъори устод Бозор иштирок намуданд.

Қабл аз ифтитоҳи ҳамоиши илмӣ навори шеърхонии устод Бозор пешкаши аҳли нишаст гардид.

Сипас, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ, доктори илмҳои филологӣ Сахидод Раҳматуллозода конференсияро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «шеъри «Аз хуни Сиёвушем»-и устод Бозор хусусияти барҷастаи илмӣ дорад. Зеро шеъри мазкур далели  аз қадим соҳиби фарҳангу маданияти баланд будани мардуми тоҷик мебошад. Шоир мегӯяд, ки «Ҳамсоли «Авасто» -ем», яъне ҳамсоли китобе, ки умри беш аз панҷҳазорсола дорад.  Китоб доштану дин доштан аз фарҳанги баланду маданияти инсонҳо дарак медиҳад. Инчунин дар шеъри мазкур  давраҳои қадими тараққиёти тоҷикон то давраи Исмоили Сомонӣ таъкид шудаанд, ки ин аз муҳаққиқи таърих будани устод Бозор Собир шаҳодат медиҳад».

Ба андешаи Сахидод Раҳматуллозода, ҳамон шоире дар шеър муваффақ мешавад, ки агар аз таъриху маданияту фарҳанги миллаташ хуб бохабар бошад. «Устод Бозор дар баробари зеҳни бурро ва санъати фитрии шеърнависӣ, инчунин маҳорати муҳаққиқӣ низ доштанд. Масалан, шоир дар мисраъҳои баъдии ин шеър- як тоифа аз Лоҳур, як тоифа аз Тӯсем, ҳам вориси Хомусем, ҳам вориси номусем, ҳамшаҳрии Фирдавсӣ, ҳамшаҳрии Иқболем, ҳамшаҳри ба номусем, ҳамшаҳри ба иқболем» ҳудуди ҷуғрофии мардуми тоҷикро убур мекунад ва аз ворис будани ин бузургон  ифтихор мекунад»,-гуфт номбурда.

Дар ҷараёни конференсия Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, доктори илми филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода, номзади илми филологӣ, декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Боймурод Шарифзода, ходими илмии Институти забон ва адабиёт Адибаи Азиз ва дигарон дар мавзӯъҳои «Намоди шеър ва шоир дар ашъори Бозор Собир», «Бозор Собир ва назми рус», «Назаре ба таҳрирҳои ашъори Бозор», «Бозор Собир-шоири ватансаро ва тасвиргаро», «Инъикоси воқеияти таърихи миллат дар ашъори Бозор Собир» ва дигарон маърӯзаҳо намуданд.

Зикр гардид, ки масъалаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар ашъори Бозор Собир ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри ХХ мавқеъ пайдо мекунанд. Дар шеърҳои «Дар оғӯши кӯҳистон», «Забони модарӣ», «Теғи Сино», «Ман худамро кушта — кушта», «Асп» тақдири таърихӣ, рӯҳи миллӣ ва мавқеи иҷтимоии халқи тоҷик мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтаанд.

Масалан, дар шеъри «Дар оғӯши кӯҳистон» Бозор Собир аз услуби тамсилии тасвир истифода карда, ҳодисаи табиии акси садоро воситаи баён қарор додааст. Дар банди аввал ба воситаи санъатҳои талмеҳ, муболиға ва сифатчинӣ масъалаи ягонагӣ ва ҳамтақдирии Ватану ватандор ба миён гузошта мешавад:

Кӯҳ гуфтам ман,

Бадахшон кӯҳ гуфт,

Қуллаҳои осмонбӯси Зарафшон кӯҳ гуфт.

Кард овози маро такрор кӯҳистони ман,

Ҳамзабон, ҳамдард,

Ҳамтақдиру ҳамармони ман.

Ин шеър дар дили хонанда эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллиро бедор мекунад. Кӯҳҳои Тоҷикистон такягоҳ ва қуввату дармони аҳолии ин сарзамин мебошанд ва тоҷикон метавонанд бо ин мулки кӯҳсори худ дар дунё мавқеи сазовор дошта бошанд.

Иштирокдорон ба хулосае омаданд, ки ашъори ширину оташини ин шоири ватансаро, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ нақши беандоза дорад, бояд ба таври васеъ мавриди омӯзишу таҳқиқи муҳаққиқон қарор гирад.

Қироати шеърҳо аз ҷониби аспирантону магистрантони Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ ҳамоиши илмиро рангинтар намуд.

Декабрь 11, 2018 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 100 асари Пешвои миллатро дар шакли электронӣ мавриди истифодаи умум қарор дод
Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик шинос шуд
ДИДГОҲЕ БАРОИ ПЕШРАФТИ ИЛМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
Рӯзи шанбе дар милитсияи Хатлон «Рӯзи театр» эълон гардид
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил гардид
«СУРУДҲОИ МОНДАГОР». Дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик доир шуд
Дар конференсияи байналмилалӣ ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Париж маҷаллаи «Пайванд» рӯнамоӣ шуд
«МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ВА САҲМИ Ӯ ДАР ГУСТАРИШИ ФАРҲАНГИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид
«АЗ ХУРОСОНАМ КАШИДӢ, ТО БАРИ ЮНОНИЁН…». Ба гиромидошти хотираи мутафаккири бузурги тоҷик мавлоношиносони ҷаҳон дар Париж ҷамъ меоянд
«ҶОН ШАВУ АЗ РОҲИ ҶОН ҶОНРО ШИНОС». Тоҷикистон 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро дар қароргоҳи ЮНЕСКО таҷлил менамояд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗ МАН». Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ то охири моҳ ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Остона ҷаласаи умумии 78-уми Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ доир гардид