ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Истаравшан корхонаи истеҳсоли орд ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 18.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан низ корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.
Масъулини шаҳр тасмим гирифтаанд, ки дар ин муддат дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ин гӯшаи диёр иншооти таъйиноти гуногун бунёд намоянд. Дар робита ба ин чанде қабл дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли орди ҶДММ «Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард. Дар он 28 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, ҶДММ «Тоҷикистон» бо иқдоми соҳибкор Илҳом Сангинов бо харҷи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Корхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар як шабонарӯз 60 тонна орд истеҳсол менамояд.
Мавриди зикр аст, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Маҳз саҳми чунин соҳибкорони ватандӯст метавонад ба рушди соҳаи саноати мамлакат ҳамаҷониба мусоидат намояд.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо ҳолати кишти картошка шинос шуд
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии мактаб бо 16 синфхона барои 800 хонанда оғоз шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 12 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
Вазири молияи Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 200 гектар боғ бунёд карда мешавад
Чаро дар чарогоҳҳо ва заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳашароти зараррасон бештар гардидааст?
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан бунёди иншооти соҳаи маориф идома дорад






