Роҳи Хоруғ-Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнон бинобар барфрезии бошиддат ва фаромадани тарма муваққатан баста шудааст

Январь 16, 2019 09:37

ДУШАНБЕ, 16.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Боришоти беисти барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабаби мушкилоти зиёд дар рафтуомади нақлиёти боркашу мусофирбар дар роҳҳои мошингард гардидааст.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳи сатҳи байналмилалии Хоруғ-Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнон бинобар сабаби фаромадани тармаю кӯҳпораҳо баста мебошад.

Ҳамзамон роҳҳои Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб низ банд шуда, боришоти бошиддати барф дар ҳудуди вилоят  идома дорад.

Ғафсии қабати барф дар маркази маъмурии вилоят- шаҳри Хоруғ бино ба иттилои Раёсати махкур, 35 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ ғафсии қабати барф дар вилоят то ба 75 сантиметр расида,   сабаби ташвиши сокинон гардидаст. Дар айни замон бошандагон ба тоза кардани бомпӯшҳои биноҳои истоқоматӣ машғул мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон болопӯши ҳафт манзили истиқоматӣ хароб гардида, ҳар лаҳза фаромадани тармаҳо дар роҳҳо аз эҳтимол дур нест.

Январь 16, 2019 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад