Имрӯз дастаи «Истиқлол» аввалин бозии таърихии худро дар Лигаи чемпионҳои Осиё мегузаронад
ДУШАНБЕ, 12.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз бори аввал дар таърихи худ дар бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат меварзад. 12 феврал футболбозони тоҷикистонӣ дар муқобили дастаи АГМК-и Алмалики Ӯзбекистон вориди майдони рақобат мешаванд.
Тибқи низомномаи мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Осиё, бозиҳои интихобӣ аз як вохӯрӣ иборат буда, дар сурати мусовӣ ҷамъбаст шудани он доварон ду қисми иловагии 15-дақиқагӣ таъйин мекунанд. Агар ғолиб дар ин сурат низ муайян нагардад, пас силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ яке аз дастаҳоро ба даври минбаъда роҳхат хоҳад дод.
Ғолиби бозии байни дастаҳои АГМК ва «Истиқлол» 19 феврал бо дастаи «Аннаср»-и Арабистони Саудӣ барои ба марҳилаи гурӯҳӣ ҳамроҳ шудан қувва месанҷад.
Имрӯз дар нишасти пешазбозии масъулони клубҳои футболи АГМК ва «Истиқлол» ранги пироҳанҳои бозии дастаҳо муайян карда шуд ва истиқлолиҳо бо ранги сурх ба майдон меоянд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бастагӣ ба вохӯрии байни дастаҳои АГМК ва «Истиқлол» барои мухлисони тоҷик сафари ройгон ташкил кард. Шаби гузашта се автобус ба шаҳри Алмалики Ӯзбекистон, ки аз шаҳри Тошканд дуртар мебошад, роҳ пеш гирифтанд.
Қобили тазаккур аст, ки клубҳои футболи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар доираи мусобиқоти сатҳи Осиё ҳанӯз соли 2001 18 сол муқаддам бо ҳам дидор анҷом дода буданд. Дастаи «Регар-ТадАЗ» дар мусобиқаи Ҷоми КФО дар ду вохӯрӣ бар «Пахтакор»-и Тошканд (2:2, 3:1) пирӯз гардида буд.
Мо ба чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон –дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барору комёбӣ таманно мекунем.








Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад






