ОФАТИ ТАБИӢ: дар Сангвор бар асари лағжиши тарма 4 хоҷагии ёрирасон зери ғарами барф монда, чорвои хонагӣ талаф ёфтааст
ДУШАНБЕ, 30.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хатари фаромадани тарма дар роҳҳои Душанбе — Сангвор, Хоруғ-Ишкошим ҳамоно боқӣ мемонад. Бино ба боронгариҳои сахт ва фаромадани тарма дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон наҷотдиҳандагон ба ҳолати омадабош даромадаанд. Дар манотиқи осебпазири мамлакат Ситоди фаврии муштарак ба шумули техникаю таҷҳизоти зарурӣ фаъолият менамояд, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ.
Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, шабонарӯзи гузашта дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошими ВМКБ, ноҳияи Сангвор ва роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ лағзиши тарма ва резиши санг ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмӯъ дар қаламрави Тоҷикистон зарфи шабонарӯзи гузашта 20 ҳодисаи лағзиши тарма ва резиши санг сабт шудааст. Хушбахтона, ин сангрезишу ин тармалағзишҳо талафоти ҷонӣ надоштанд.
Дар деҳаи Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор бар асари лағжиши тарма 4 хоҷагии ёрирасон зери ғарами барф монд. Дар натиҷа талафоти чорвои хонагӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият мебарад ва андозаи зарари расидаро муайян мекунад.
Тавре Радиои «Озодӣ» гузориш дод, сокинони ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг низ аз омадани сел хабар доданд. Бар асари офати табиӣ дар ин минтақа пули миёни деҳаҳои Даштирубоб ва Сияҳфарк хароб шуда, рафтуои сокинони деҳот ба маркази ноҳия мушкил шудааст. Инчунин гуфта мешавад, ки сел ба корхонаи коркарди тиллои «Гули Мурод» дар Ховалинг осеб расондааст.
Тавре сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба хабарнигорон изҳор доштааст, фазои кишварро сиклоне фаро гирифтааст, ки чанд рӯз қабл дар пайи офатҳои табии дар натиҷаи он дар Эрону Афғонистон рухдода даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ба гуфтаи ӯ, «ин сиклон қувваеро, ки дар Эрону Афғонистон дошт, аз даст додааст, вале ҳатто бо неруи боқимондааш ин сиклон метавонад дар Тоҷикистон паёмадҳои номатлубе бар ҷой гузорад».
«Ба ин далел, мо ҳушдор додаем, ки сокинон то 1 апрел аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд», — гуфт Ҷамила Байдуллоева.
Офатҳои табиӣ бештар шудаанд
Дар Тоҷикистон солҳои охир офатҳои табиӣ бештар ба қайд гирифта мешаванд. Ин нуктаро дирӯз ҳатто Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланди «Иқлим ва рушди устувор барои ҳама» дар Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк баён намуд. Ӯ зимни суханронии худ аз таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ ибрози андеша намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид сохт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон шумораи офатҳои табиӣ ба таври назарраc афзоиш ёфтааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар чунин шароит истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, бахусус нерӯгоҳҳои барқии обиро, ки ба муҳити зист кам таъсир доранд, хеле муҳим арзёбӣ намуд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳар сол бар асари омадани сел ва фаромадани тарма чандин нафар ҳалок ва даҳҳо манзилҳои истиқоматӣ вайрон мегарданд. Аз ҷумла, соли 2018 бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 50 хонаи истиқоматӣ зарар дид, ки аз ин миён 29 хона пурра ва 21 хона қисман вайрон шудааст. Ҳаҷми зарар аз офатҳои табиӣ дар соли гузашта беш аз 30 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.
Эҳтиёт кунед!
Чунин ҳушдор медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишварамон.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи боришоти пуршиддати борон обшавии барфҳо ба мушоҳида расидааст, ки ин ҳодиса метавонад сабаби ковоку нарм шудани хок ва лағзиши он аз теппаҳо гардад. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо болоравии сатҳи оби дарёҳо эҳтимол дорад. Бориши пайдарпайи борон хатари лағзиши тармаву сангро дар роҳҳои кӯҳӣ бештар кардааст.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба ронандагону мусофирон таъкид мекунад, ки сафари худро бо мақсади рух надодани ҳодисаи нохуш ба самти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ВМКБ муваққатан мавқуф гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар сурати рух додани ҳодисаҳои фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои кормандони зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин рақамҳо муроҷиат намоянд: 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11.








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






