Тоҷикистон меваю сабзавоташро ба бозорҳои Аврупо мебарорад
ДУШАНБЕ, 13.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» стандартҳои КАИ СММ «Себи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-16), «Олуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-07) ва «Зардолуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-15) ҳамчун стандарти миллӣ таҳия карда шуда, баъди баррасӣ дар ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ оид ба стандартҳои кишоварзии сифат ва дастгирии давлатҳои аъзо қабул гардиданд.
Дастоварди мазкур ба баланд бардоштани сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина мусоидат ба рушди содирот мусоидат намуда, дар доираи лоиҳаи «Содагардонии раванди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ» ҷиҳати таҳияи стандартҳои кишоварзӣ дар ҳамкории Агентии «Тоҷикстандарт» бо Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ (ЕЭК ООН) анҷом дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки таҳияи стандартҳои сифати маҳсулоти кишоварзӣ дар доираи ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ (ЕЭК ООН) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки меваю сабзавот ва донагиҳо ба бозорҳои Аврупо бе монеа содирот карда шаванд.
Бо ин мақсад ҷиҳати ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалие, ки барои дастрасии васеи маҳсулоти кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бозорҳои ИМА, Аврупо ва Осиё мусоидат менамоянд, таҳия ва таҷдиди стандартҳои кишоварзии Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ (ЕЭК ООН) дар Осиёи Марказӣ ва таъсиси Гурӯҳи кории техникӣ дар ин самт аз ҷониби роҳбарони мақомоти стандартизатсия ва метрологияи Ҷумҳурии Қирғизистон, Агентии стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Узстандарт) ва Агентии Тоҷикстандарт Протоколи дурнамои ҳамкорӣ ба имзо расид.
Айни замон бо ҷалби намояндагони мақомоти марбутаи се кишвари Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Гурӯҳи кории техникӣ таъсис дода шуда, ҷаласаи якуми он дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид. Интизор меравад, ки ҷаласаи навбатӣ дар Тоҷикистон гузаронида шавад.








Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт






