5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразми бостонӣ таҷлил карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.
Дар асоси қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразм тасдиқ гардида, шуъбаҳо, сарраёсату раёсатҳо, дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо вазифадор гардидаанд.
Ба ниҳодҳои марбута ҳамчунин дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Мавриди зикр аст, ки ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид. Он дар 15- километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45- километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи он қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.
Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудаанд, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи зайл мебошанд: давраи I – cолҳои 3500-3200 то асри мо; давраи II — солҳои 3200-2900 то асри мо; давраи III – cолҳои 2900-2700 то асри мо; давраи IV –солҳои 2700-2900 то асри мо.
Асоси иқтисоди сокинони Саразмро ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медодааст, ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ иборат будааст. Аз охири ҳазораи IV сар карда, то асри мо шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металлургии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рўҳ дар кўҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст. Бо густариши робитаҳо дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV то асри мо саразмиён бо марказҳои қадимаи заминдории Туркманистони Ҷанубӣ, Эрон, Балуҷистон, Ҳиндустон ва Афғонистон ҳамкории фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ мондаанд. Ҳамин тариқ, шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 Ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардид. 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Президенти мамлакат ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба (солҳои 2003-2005) аз ёдгории Саразм боздид намудаанд. Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат давоми солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ болопӯш карда шуданд.









Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






