Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020

Май 6, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 06.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар ҷаласаи ситоди  ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим доир гардид,  баррасӣ шуд.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа вобаста ба масъалаи  матраҳгардида намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат  ва шаҳру ноҳияҳои  кишвар доир ба корҳои  анҷомдодаашон  гузориш доданд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар интиҳои ҷаласа  ба масъулини вазорату идораҳои марбутаи соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои  бо сифати баланд ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои дахлдор, фаъолияти мунтазам ва самарабахш ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 супоришҳои мушаххас дод.

Май 6, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо ҳолати кишти картошка шинос шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 12 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
Вазири молияи Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрӣ намуд