Имрӯз-Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку. Ҳамасола дар ҷаҳон тамоку қариб 8 миллион нафарро ба ҳалокат мерасонад
ДУШАНБЕ, 31.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ҳамасола дар ҷаҳон 31 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку таҷлил мегардад. Шиори имсолаи ин рӯз «Тамоку ва саломатии шуш» мебошад.
Тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон тамоку қариб 8 млн. нафарро ба ҳалокат мерасонад, ки ин дар маҷмӯъ назар ба фавт аз ВНМО, сил ва вараҷа зиёдтар аст. Агар дар ин самт тадбирҳои фаврию якҷоя андешида нашаванд, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 10 млн нафар зиёдтар гардад.
Даст кашидан аз тамоку ва ё маҳдуд намудани истеъмоли он яке масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба нигаронӣ овардаанд. Ба ин хотир, соли 2005 Конвенсияи қолабии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо тамоку ҳукми амал гирифт.
Тибқи таҳлили мутахассисон, дар як дона тамоку зиёда аз 4 ҳазор намуд моддаҳои химиявӣ мавҷуд буда, аз онҳо 250 намудашон зараровар ва 50 намуди дигарашон бавуҷудоварандаи бемории саратон мебошанд.
«Тамокукашӣ ба саломатии инсон зарари калон дорад. Он яке аз сабабҳои асосии гирифтор шудан ба бемориҳои вазнин мебошад. Ҳангоми воридшавии дуди тамоку ба бадани инсон он ба вайроншавии торҳои асаб, ки узвҳои дохили баданро идора мекунанд, оварда мерасонад»,-зикр намуд табиби бемориҳои шуши Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки «Шифобахш» Ҳотамҷон Мирзоев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳангоми истеъмоли тамоку он пеш аз ҳама, ба узвҳои нафаскашӣ дохил шуда, ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Он моддаҳои зараровари бофтаҳои пардаи луобии роҳҳои нафасро заиф намуда, ба як қатор бемориҳои узвҳои нафас оварда мерасонад. Тамокукашӣ сабаби бемориҳои илтиҳоби найчаҳои шуш, саратони шуш, илтиҳоби пардаи луобии ковокии бинӣ ва дигар бемориҳои роҳи нафас мешавад.
«Никотини таркиби тамоку, қобилияти камкунии шараёнҳоро дорад, ки бо мурури вақт ба харобшавии рагҳои пой оварда мерасонад. Аз ҷумла, ба узвҳои гардиши хун таъсири манфии худро мегузорад ва ба бемории ишемикии дил, мусоидати фишорбаландии шараёнӣ низ сабаб мешавад»,-илова намуд Ҳотамҷон Мирзоев.
«Пешгирии беморӣ аз табобат афзалтар аст. Пешгирӣ намудани ин одати бад бисёр муҳим аст ва ин кори як мақомот набуда, балки ҳар яки мо бояд дар якҷоягӣ барои пешгирии ин омили хатарнок, ки барои инсоният зарари калон дорад, мубориза барем. Аз ҳама бештар, мо бояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар байни наврасон ва ҷавонон гузаронем. Бо нишон додани филмҳои гуногун ва наворҳо ба онҳо хатари тамокуро фаҳмонем, то ин наврасон ба ин кор даст назананд», — таъкид намуд табиб.
Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои шуш Ҳакимаи Аҳмад ҳангоми суҳбат аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мутаассифона, дар ҷомеаи мо бо занҳое вохӯрдан мумкин аст, ки аз маҳсулоти тамоку ба таври фаровон истифода мебаранд.
Ба гуфтаи ин мутахассис «тамокукашии занон хатари бештар дорад, зеро организми онҳо нисбат ба мардҳо заифтар мебошад. Махсусан истифодаи маҳсулоти тамоку дар вақти ҳомиладорӣ на танҳо ба организми модар, балки ба саломатии тифли дар батни ӯ буда низ хатар дорад. Дар ин ҳолат кӯдакони онҳо бо нуқсонҳои гуногун тавлид меёбанд, ки онро нуқсонҳои модарзодӣ меноманд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мисли дигар мамлакатҳои мутараққӣ ба масъалаи маҳдуд намудани истеъмоли тамоку таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Тибқи тадқиқоти охире, ки соли 2016 гузаронида шуда буд, муайян гардид, ки 29,9 фисади аҳолӣ калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоку мекашанд ва аз ин теъдод 25,7 фоизро мардон 2,2 фоизро занон ташкил мекунад.
Дар баробари тамоку дар Тоҷикистон кашидани нос хеле маъмул аст. Баъзан ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки шахсони носкаш дар кӯчаву хиёбонҳои тоза – маконе, ки ҳазорон нафар дар онҷо гаштугузор мекунанд, нос туф карда, муҳити атроф ва экологияро вайрон мекунанд. Ин ҳолат нигаронкунанда мебошад.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, истеъмоли нос низ сабаби бемориҳои саратони лаб, забон ва гулӯ мегардад. Ҳангоми кашидани нос як қисми он ба меъда рафта, шахс метавонад ба бемориҳои илтиҳоб ва захми меъда гирифтор шавад. Муҳаққиқон таркиби носро ташхис карда, ошкор намуданд, ки дар он моддаҳои кимиёвӣ, аз қабили хром, никел, марги муш, сурб ва дигар моддаҳои хатарнок мавҷуданд.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», кашидани ҳамаи навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ, коргоҳҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ, дохили муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, қаҳвахона, чойхона ва ғайра), дар истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дар ҳудуди вокзалҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакон, дар даромадгоҳҳои хонаҳои бисёрошёна, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ мебошад. Кашидани тамоку танҳо дар ҷойҳои махсусе, ки барои тамокукашӣ ҷудо карда шудаанд, мумкин мебошад. Аз ҳамин сабаб бояд корфармо дар коргоҳ ва муассисаҳо ҷойҳои махсус барои тамокукашӣ ҷудо намояд.
Мавриди зикр аст, ки 2 январи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Таҳрири нави қонун ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона гардида, ҳамзамон истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд.
Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул намудани ин қонунро ба назар гирифта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард. Ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ 31 майи соли 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии худ ном бурд.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»