«Аз ҳавои беғубори Ватан нафас кашидан беҳтарин давлату сарват будааст!». Изҳори пушаймонии сокини деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти Ш. Гадоеви ноҳияи Тоҷикобод Амрулло Фозилов

Июнь 17, 2019 11:12

ТОҶИКОБОД, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи Рашт дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва  дигар сохтори  дахлдори ноҳия оид ба  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои  экстремистӣ –террористӣ бо иштироки аҳолӣ,  аз ҷумла ҷавонон  мулоқот доир гардид.

«Соли 2007 мактаби миёнаро хатм намуда, муддати 4 сол дар Федератсияи Россия кор мекардаму 1500 доллар маош мегирифтам.  Зиндагии худамро дар Россия ва хонаводаамро дар Тоҷикистон пеш мебурдам, — иброз дошт сокини деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти Ш. Гадоеви ноҳияи Тоҷикобод Амрулло Фозилов. — Аз чизе камбудӣ надоштам. Мутаассифона, яке аз рафиқонам- Анвариддин Худоёров тариқи сайтҳои иҷтимоӣ маро муддати 6 моҳ ба сафи гурӯҳҳои террористӣ даъват кард. Ман гумроҳ шуда, кори хубамро дар Россия партофта, бо роҳнамоию ёрдами рафиқам ва ҳамроҳонаш тавассути  мамлакатҳои Туркия, Сурия ва Эрон ба хоки Афғонистон расидам. Вақте ба Афғонистон расидам, аллакай пушаймон шуда будам, вале роҳи  бозгашт надоштам. Ба ман шаҳодатномаи афғонӣ доданду ба гурӯҳи толибон шомил намуданд. Маълум гардид, ки онҳо дар дасташон дар бораи ман барвақт маълумот дошта будаанд. Маро Илёс  номи шахс пешвоз гирифту ба назди яке аз гурӯҳҳои толибон бурд. Вале аз сабаби он ки Анвариддин Худоёров «телех»-и  кадом яке аз қумандонҳои толибон буд, бо ӯ хеле дер вохӯрдам. Баъди интизориҳои зиёд дидори  Анвариддин  ба ман муяссар гардид. Муддати 6 моҳ бо толибон, бо шиками гурусна аз ин масҷид ба он  масҷид  рафта, шабамонро рӯз мекардем. Он ҷо  аз мусулмонӣ  нишоне намедидам. Дар Афғонистон фақат даҳшати  мусулмонкуширо медидаму халос.  Тавре гуфтам, бо гузашти чанд моҳ  бо Анвар вохӯрда наметавонистам.  Баъдан  бо исрори зиёд, ки  ӯ  маро ба ин ҷо  даъват карда буду худам танҳо зиқ шудаам, ҷояшро ба ман  нишон доданд. Вақте ба назди ӯ рафтам, Анвариддин аллакай дар кадоме аз  аз муҳорибаҳо ҳарду пойяшро аз даст дода буд. Аз сабаби набудани табибону доруҳои лозима, захми пойҳои аз даст рафтаи ӯро  дар фасли зимистон кирм зада буд. Ҳеҷ кас ба ӯ кӯмак  намерасонд ва ҳатто аҳамият намедод. Танҳо ман  ба ӯ ёрдам дода,  кирмҳои захмҳояшро тоза мекардам.  Ман пушаймонии худро ба ӯ гуфтам ва бо кумаки пулии Анвариддин, ки аз даъвати ман пушаймон шуда буд, бо роҳҳои пинҳонӣ  аз онҷо гурехтам. Бо кумаки мақомоти Тоҷикистон  ба Ватан баргаштам. Имкони гурехтан ба ман танҳо бо он сабаб муяссар гардид, ки дар  ин гурӯҳи толибон  бачаҳои тоҷик кам буданд. Агар дар гурӯҳе,  ки тоҷикон бисёр бошанд, намегузоранд, ки гурезӣ.  Агар нияти  фирор кардан дошта бошӣ, ба хотири сиррашон фош нашудан, худашон нобудат мекунанд. Вақте бо онҳо ҳамроҳ  шудӣ, дигар фирору дидори падару модар,  зану фарзандро бояд фаромӯш кунӣ.   Ё мемурӣ, ё ин ки бо онҳо мемонӣ. Он ҷо ба хубӣ дарк кардам, ки сари дастурхон бо аҳли оила нишастан, озодона зистан, аз ҳавои беғубори Ватан нафас кашидан беҳтарин давлату сарват будааст».

А.Фозилов  ба  ҷамъомадагон  аз хотироти талхи худ нақл намуда,  миннатдории хешро ба Сарвари давлат баён намуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авф шуд ва айни замон дар озодӣ  умр ба сар мебарад.

Номбурда ҳамчунин  иброз дошт, ки мубаллиғону намояндаҳои ин гурӯҳҳои террористӣ дар баробари ҷавонписарон, духтарони тоҷикро ҳам бо роҳи фиреб ба ин мамлакатҳои ҷангзада бурдаанд, ки  бо чашмони сар азобу хорӣ ва машаққати бисёри ин занҳоро медидам.

Амрулло аз иштирокдорони ҷавони  ин вохӯрӣ, ки онҳо  зиёда аз 300 нафарро ташкил медоданд, инчунин аз ҳамаи ҷавони  тоҷик   даъват намуд, ки ба ваъдаҳои дурӯғи хеҷ кас бовар накунанду ба доми онҳо гирифтор нашаванд ва  ҳаёти худу наздиконашонро  зери хатар  нагузоранд. Шукронаи тинҷию сулҳу суботи Тоҷикистони осоиштаро намуда,   онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Тибқи иттилои масъулини Раёсати КДАМ дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар соли 2018 ва 2019 дар минтақаи мазкур панҷ гурӯҳи террористӣ ошкор гардида,   нисбат ба  амалҳои ғайриқонунии  онҳо сари вақт чораҳои зарурӣ андешида шуд. Роҳбарону аъзои ин гурӯҳҳои ифротӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз роҳбарони хориҷии худ нисбат ба  анҷом додани амалҳои террористӣ фармон гирифта, мехостанд дар ояндаи наздик онҳоро амалӣ намоянд.  Хушбахтона,  ин сияҳкорон ба ниятҳои нопоки  худ нарасида дастгир шуданд, яъне чоҳканон зери чоҳ шуданд.

Июнь 17, 2019 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон мулоқот намуд
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкини Чин густариш меёбад
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои дуҷонибаро дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос таҳким мебахшанд
Дар Туркманистон масъалаи бешаҳрвандӣ ва бақайдгирии таваллуди кӯдак дар давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд