ДАВРИ АВВАЛИ ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ШОҲМОТ: Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба он худи Вазир Сироҷиддин Муҳриддин ҳусни оғоз бахшид: ҳам бо сухан, ҳам бо амал

Июнь 22, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 22.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 22 июн дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат оғоз шуд. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллозода ва муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода ширкат карда, ба иштирокчиён муваффақият хостанд.

Вазири корҳои хориҷии  мамлакат  Сироҷиддин Муҳриддин  дар сухани шодбошии худ аз ҷумла зикр намуд, ки шоҳмот ё шатранҷ яке аз бозиҳои қадимаи зеҳнии ҷаҳон аст ва имрӯз дар тамоми олам ривоҷ дорад. Ҳангоми бозии шоҳмот зеҳни инсон инкишоф меёбад. Варзиш додани зеҳн тавассути бозии шатранҷ, ки қадимтарин бозии ақлонӣ ва зеҳнӣ аст, ки дар таърихи тамаддуни мо мавқеи вижа доштааст. Шатранҷ, ки яке аз бозиҳои  қадимии тоҷикон аст, имрӯзҳо ба як ҷузъи фарҳанги инсонӣ табдил ёфта, таърихи ғанӣ дорад. Шоҳмот бозиест, ки ба саъю кӯшиш барои пирӯзӣ, роҳи баромад аз ҳолатҳои печида, пешрафти хотира, суръати кори мағзи сар ва афзудани дараҷаи мантиқи андешаронӣ мусоидат менамояд.

«Пешвои муаззами миллат бо таъкид аз аҳамияти рӯзафзуни бозии шатранҷ дар ҷомеаи муосири тоҷик 30 августи соли 2017, зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД фармуда буданд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус дар синфҳои равияи дақиқу табиатшиносӣ дарси шоҳмотро ҷорӣ намояд. Бояд тазаккур дод, ки наврасону ҷавонони мо ба бозии шоҳмот таваҷҷуҳ пайдо карда, дар арсаи ҷаҳонӣ шарафи варзиши кишварро ҳифз карда истодаанд»_ иброз дошт Сироҷиддин муҳриддин зимни суханронии худ.

Ҳамин тариқ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даври аввали мусоюбиқот шахсан ҳусни оғоз бахшид, тавре мегӯянд —  ҳам бо сухан, ҳам бо амал (ДАР АКС).

Ёдовар мешавем, ки аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат аз рӯи се синну сол дар чор давра баргузор мешавад ва фонди ҷоизаи мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст.

Ғолибони даври аввал, ки ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи вазорату идораву муассисаҳо, шаҳраку деҳоту маҳаллаҳо баргузор мешавад, ба даври дуюм, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо доир мегардад, роҳхат мегиранд.

 

Июнь 22, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард