Кӯдакони маҳаллаи ба номи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғ соҳиби майдончаи варзишию фароғатӣ шуданд

Июнь 11, 2019 12:01

ХОРУҒ, 11.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи ба номи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои кӯдакону наврасон  майдончаи  муосири варзишию фароғатӣ  бунёд гардид. Дар паҳлуи майдончаи мазкур бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ   боз як майдончаи варзишӣ барои ҷавонон  сохта мешавад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, майдончаи мазкур бо ташаббуси Раёсати молияи ВМКБ  сохта шуда, бунёди чунин майдончаҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ва  ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудаанд.

Дар ин маврид сокини маҳаллаи мазкур Оинамоҳ Рустамова гуфт, ки аз бунёди чунин майдончаи барои бозию истироҳати кӯдакон  мувофиқ на танҳо хурдсолону наврасон, балки волидон ва хурду бузурги маҳалла хушҳол гардиданд.  Зеро майдончаи мазкур дар миёни чор бинои чорошёнаи истиқоматӣ ҷойгир шудааст ва   дар ҳар кадоми ин  бино  аз 15 то 30 кӯдак  иқомат мекунанд.

Акнун бачаҳо вақти худро беҳуда сарф накарда, дар ин макон ба бозиҳои варзишӣ машғул мешаванду зери назорати калонсолон мемонанд.

Барои бачаҳои ин маҳалла хусусан дар ин рӯзҳо, ки таътили тобистона фаро мерасад, мавриди истифода қарор гирифтани майдончаи мазкур  айни муддао гардид. Акнун онҳо дар ин макон бо ҳамсолони худ ҳар гуна бозиҳои  варзишӣ  машғул шуда, таътили тобистонаро  ҷолибу хотирмон  мегузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла бунёди майдончаҳои варзишӣ, роҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва дигар иншооти таъйиноти гуногун идома доранд.

Июнь 11, 2019 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Қариб 3 километр роҳи деҳаи Шодмон яки шаҳри Турсунзода мумфарш карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак барои кӯдакон муассисаҳои томактабӣ сохта мешаванд
КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ дарвозаи нави замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар ноҳияи Айнӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 1400 иншоот ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров