ОФАРИН! Гимнастбозони навраси тоҷик дар Тошканд соҳиби медал шуданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 21-23 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ миёни наврасон «YOUTH CUP-2019» доир гашт, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок карданд. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Гимнастбозони навраси кишвар дар ин мусобиқа сазовори 5 медал – 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд. Даря Галчанская (соли таваллудаш 2010) ва Баҳор Мухакова (соли таваллудаш 2007) дар синну соли худ дар машғулиятҳо бо ҳалқа сазовори медали нуқра ва дар машғулиятҳои инфиродии чандҳарба сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд. Медали дигари биринҷиро Жасмина Нурматова (соли таваллудаш 2011) дар машғулияти инфиродии чандҳарба ба даст овард.
Гимнастбозон шогирдони мураббиён Виолетта Шин ва Миҷгона Шарипова мебошанд ва дар Мактаби захираҳои олимпии №1-и шаҳри Душанбе омӯзиш мебинанд.
Хотиррасон мекунгем, ки гимнастикаи варзишӣ ва бадеӣ дар Тоҷикистон таърихи беш аз 70-сола доранд. Мураббиёни гимнастика дар Тоҷикистон солҳои гуногун варзишгарони сатҳир байналмилалиро тарбия намудаанд. Яке аз онҳо Эрика Шиллер буд, ки дар Душанбе тавааллуд шуда, дар мактаби варзишии пойтахти Тоҷикистон таълим дида, то ба сатҳи чемпионкаи ҷаҳон оид ба гимнастикаи бадеӣ гардидааст.
Соли 1977 Эрика дар Швейтсария дар чемпионати ҷаҳон соҳиби медали тилло шуда буд. Ҳоло Эрика дар Олмон умр ба сар бурда, дар мактаби варзишӣ ба наврасон гимнастикаро машқ медиҳад.
Умедворем он рӯз дур нест, ки дар Тоҷикистон гимнастҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба камол мерасанд.

ДАР АКС: Соли 1976, Қасри варзиши шаҳри Душанбе, мусобиқот барои дарёфти Ҷоми СССР оид ба гимнастикаи бадеӣ. Дар байн – барандаи Ҷоми булӯрини СССР, чемпиони дукаратаи СССР оид ба гимнастикаи бадеӣ Ирина Дерюгина, аз рост – чемпиони Аврупо Галима Шугурова ва аз чап – чемпиони ҷаҳон оид ба гимнастикаи бадеӣ Эрика Шиллер.








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






