БОНУВОН ДАР СИЁСАТ. Ин мавзӯъ дар машварати омӯзишӣ дар дараи Ромит мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 05.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар дараи зебоманзараи Ромит таҳти унвони «Бонувон дар сиёсат» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар он зиёда аз 60 нафар занони фаъоли вазорату идораҳо иштирок доштанд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз макони баргузории ҳамоиш иттилоъ дод, ки машваратро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ифтитоҳ намуд. Номбурда зикр кард, ки тӯли як сол аст, ки дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур хониши сиёсӣ барои баланд бардоштани донишҳои сиёсии занон ташкил гардидааст. Ҳадафи он баланд бардоштани маҳорати суханварӣ, таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва идоракунии давлат барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳамзамон татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад.
Сипас мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова, раиси собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Умринисо Казакова, шоира Зулфияи Атоӣ ва дигарон дар бораи нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, тарбияи наcли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, нигоҳдории забони тоҷикӣ, дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба занон ва масъалаҳои марбут ба ҳаёти имрӯзаи бонувони мамлакат андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ҳамеша таъкид менамоянд. Ба андешаи Сарвари давлат: «Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд».
Қисми дуюми машварат бо маҳфили маърифатию фарҳангӣ идома ёфт. Дар охир собиқадорон ва фаъолони маҳфили маърифатӣ бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ шуданд.








Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд






